Главная / Илм / БАЙЗАБАНД

БАЙЗАБАНД

suspensoriumБАЙЗАБАНД (Suspensorium; аз лот. suspensus – овезон), бандинаи махсусест барои нигах доштани хоя. Б. бо таъиноти духтур хангоми илтихоби хояхо (ниг. Орхит) ва зоидхои онхо (ниг. Эпидидимит), васеъ шудани сиёхрагхои танобаки мани ва баъди чаррохии узвхои хоядон истифода мешавад. Дар вакти баъзе бозихои спорти барои пешгирии осеби хоядон низ бастани Б.-ро тавсия медиханд. Б. имкон медихад, ки танобакхои мани барохат карор гирифта, харакати хун дар хоя бехтар гардад.
Б. як навъ халтачаи мохути ё трикотажиест, ки ба камарбанди латтаги пайваст мебошад; ба гирди миён ва ронхо бо тасмачахо баста мешавад. Б. ба хоя бояд часпида истад, вале ба он фишор наорад. Агар Б.-и тайёр набошад, онро духтан ё бо докаи дукабатаи бараш 25 – 30 см ва дарозиаш 80 см иваз кардан мумкин аст (дар он барои олоти таносул сурохи мебуранд); камарбанд ва тасмачахоро аз бандинаи докаги месозанд.
Б.-ро пагохирузи, аз чогах нахеста, мебанданд ва шаб мекушоянд. Агар Б.-ро аз болои бандинаи мархамдор низ бастан мумкин аст. Дар он сурат хангоми табдили бандинахо онро мекушоянд. Бо максади тозаги ду – се Б. гирифта, онхоро зуд-зуд шустан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …