Главная / Гуногун / Андозхо дар Аморати Бухоро

Андозхо дар Аморати Бухоро

Шакли гуногуни истисмори дехконон такрибан дар хамаи намуди замин мушохида мегардид. Махсусан, ахволи сокинони нохияхои кухи нихоят вазнин буд. Дар болооби нохияи Зарафшон кишоварзони безамин 25 фоизи ахолиро ташкил медоданд. Онхое, ки чорвои кори надоштанд, мачбур буданд ба сифати батрак кор кунанд.

Заминхои хирочи барои амиру хонхо ва хокимон даромади калон меовард. Микдори хироч аз хар таноб замин ба дарачаи обёрии замин вобастаги дошт; аз заминхои оби аз чор як ва аз панч як хисса, аз заминхои лалми ба андозаи аз шаш як кисми хосил андоз меситонданд.

Аз дехконони кишлокхои кухии болооби Зарафшон аз панч як кисми хосилро хироч мегирифтанд. Дар бекигарихои Могиёну Фороб хироч ба шакли молиёт (натура) гирифта мешуд, ки тахминан аз 14 то 20 хазор пудро ташкил мекард.

Ба гайр аз ин хирочро пулаки хам меруёнданд.

Аз богу токзор, кишти юнучка, полиз ва обчакори андоз бо номи «танобона» ситонда мешуд. Дар аморати Бухоро солхои 1807-1808 аз хар таноб ба маблаги як тилло ё худ ба тарики мол сеяки хосилро ба сифати танобпули меситонданд. Дар хонии Хуканд ва баъзе чойхои дигар ин андоз пулаки ситонда мешуд. Бинобар ин «танобпули» ном гирифтааст.

savdo-19-vek

Барои ситондани танобпули замин дар хар се сол як маротиба чен карда мешуд. Ин андоз хангоми мугча бастани дарахтон, яъне катъи назар аз микдори хакикии хосил, руёнда мешуд. Дар ин маврид аз офати табии то буд шудани хосил ба эътибор гирифта намешуд.

Вакте ки андозхо бо пул ситонда мешуданд, пешаки нархи зироат мукаррар мегардид. Усулан, вай мебоист ба нархи бозор баробар меомад. Амалан онро хеле баланд мебардоштанд.

Дар баъзе мавридхо дар Могиён, Фороб, Киштут, инчунин дар болооби Зарафшон ба чои танобпули закот меруёниданд. Кавсан низ як намуди андоз буд.

Кучманчиёни чорводор хам закот медоданд. Аз хар 40 cap гусфанд як cap, аз хар 10 cap уштур низ як cap гусфанд медоданд. Кучманчиён инчунин барои мансабдори худ як микдор пулу молро ба сифати маоши онхо медоданд.

Хунармандон ва савдогарон хам хангоми фурухтани моли худ ба хазинаи хоким андоз месупориданд. Ба чуз андози тарозупули ва тахтичои дар бозор боз аз онхо андози махсус, ба мисли далолипули низ меситонданд.

Барзгарон ва хунармандоне, ки дар корхои чамъиятии таъмири чуйбору дарготхо иштирок намекарданд, бокипули ном андоз месупуранд.

Ба замми ин хирочу мачбуриятхои маъмул боз бисёр андозхои дигар низ мавчуд буданд. Онхо махсусан дар давраи амалиёти харби вусъати зиёд пайдо мекарданд. Яке аз хамин кабил андозхои фавкулода «пул» буд, ки пардохти он барои ахоли хеле гарон меафтод.

Хангоми чанг ё баъди ба охир расидани он голибон аз маглубон ба ном «амонпули» мегирифтанд. Хачми он ба худсарии голиб вобаста буд.

Хангоми руёнидани андозхо андозчинон нихоят ба суистеъмол рох медоданд. Аз маврид истифода бурда дузди мекарданд, аз мардум ба хачми зиёдгар молиёт меситонданд, чамъкунандаи хироч медуздид, бек медуздид, хазинадори хону хоким медуздид. Хон факат бо хамин каноат мекард, ки микдори таъинкардаи у пурра чамъовари гардида, ба хазинаи у ворид мешавад.

Хирочу молиётхои иловаги ва мачбурияхои гуногуни мехнати, алалхусус дар Бухорои Шарки хаду хисоб надоштанд. Ба дехконон лозим меомад, ки мачбуриятхои гуногунро низ адо намоянд. Яке аз мачбуриятхои хеле вазнин хашар буд. Ин истилох дар он замон корхои мачбуриеро, ки дехконон бояд ичро мекарданд, ифода менамуд. Сохтан ва таъмир кардани нахрхо, иншоот, калъахо, пулхо (купрукхо), роххо, инчунин киштукор ва нихолнишони дар заминхои мир ё хон аз хамин кабил корхо ба шумор мерафтанд. Гохо дар як хашар то 10 хазор кас иштирок мекард. Дехконон вазифадор буданд, ки ба хашар бо хару асп ва асбобу абзори худ хозир шаванд.

Дар хонии Хуканд мукаррар гардида буд, ки хар як дехкон бояд се руз дар хашар ширкат намояд. Хуроки одамон ва хошоки чорворо хон ба зимаи худ мегирифт. Дар Каротегин муддати хашар 15 руз тул мекашид. Дар баъзе чойхо дехконон хангоми хашар аз хисоби худ хурок мехурданд.

Дар Каротегину Дарвоз ахолиро мачбур мекарданд, ки барои амалдорон ва хокимони худ хезум тайёр намоянд.

Дар Хуканд, Дарвоз ва Каротегин давлат аз маблаги акди никох ва таксими мерос низ андоз мегирифт. Дар чойхои дигар ин маблаг насиби кози буд.

Дар сари пул ва гузаргоххо барои гузаронидани бор ва чорво бон ситонда мешуд. Бори гарони андозхо бар души дехконони камбагалтарин меафтод. Камбагалон барои адои андозхо аксар вакт пул пайдо карда наметавонистанд. Аз хамин сабаб онхо мачбур буданд, ки аз бойхо пул ё махсулот карз бигиранд. Барои карзи гирифта мебоист фоизи илова намуда баргардонанд. Ин таомул ба хонахаробии касони бисёр сабаб мегардид. Дехконон мачбур мешуданд, ки барои руз гузаронидан ба шахрхои калон раванд, ки дар он чойхо чун мардикор, саис, машкоб, богбон кор мекарданд.

Дар баъзе чойхо дар корхои кишоварзи, косиби ва корхои хочаги мехнати арзони гуломон истифода мегардид. Гуломон аз субх то шом кор карда, нимгурусна шабро руз мекарданд ва дар тан либоси чанда доштанд. Сохибмансабон ва заминдорони калон сохиби даххо гулом буданд.

Мехнати токатфарсо, андозу мачбуриятхои сершумор, суистеъмоли мансабдорон, хонавайрон ва кашшокшавии мардуми камбагал, чангхои хонавайронкунанда сабаби асосии шуришхои оммавии мардуми чабрдида мегардиданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …