Главная / Гуногун / Андозҳо дар Аморати Бухоро

Андозҳо дар Аморати Бухоро

Шакли гуногуни истисмори деҳқонон тақрибан дар ҳамаи намуди замин мушоҳида мегардид. Махсусан, аҳволи сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ ниҳоят вазнин буд. Дар болооби ноҳияи Зарафшон кишоварзони безамин 25 фоизи аҳолиро ташкил медоданд. Онҳое, ки чорвои корӣ надоштанд, маҷбур буданд ба сифати батрак кор кунанд.

Заминҳои хироҷӣ барои амиру хонҳо ва ҳокимон даромади калон меовард. Миқдори хироҷ аз ҳар таноб замин ба дараҷаи обёрии замин вобастагӣ дошт; аз заминҳои обӣ аз чор як ва аз панҷ як ҳисса, аз заминҳои лалмӣ ба андозаи аз шаш як қисми ҳосил андоз меситонданд.

Аз деҳқонони қишлоқҳои кӯҳии болооби Зарафшон аз панҷ як қисми ҳосилро хироҷ мегирифтанд. Дар бекигариҳои Моғиёну Фороб хироҷ ба шакли молиёт (натура) гирифта мешуд, ки тахминан аз 14 то 20 ҳазор пудро ташкил мекард.

Ба ғайр аз ин хироҷро пулакӣ ҳам меруёнданд.

Аз боғу токзор, кишти юнучқа, полиз ва обчакорӣ андоз бо номи «танобона» ситонда мешуд. Дар аморати Бухоро солҳои 1807-1808 аз ҳар таноб ба маблағи як тилло ё худ ба тариқи мол сеяки ҳосилро ба сифати танобпулӣ меситонданд. Дар хонии Хуқанд ва баъзе ҷойҳои дигар ин андоз пулакӣ ситонда мешуд. Бинобар ин «танобпулӣ» ном гирифтааст.

savdo-19-vek

Барои ситондани танобпулӣ замин дар ҳар се сол як маротиба чен карда мешуд. Ин андоз ҳангоми муғча бастани дарахтон, яъне қатъи назар аз миқдори ҳақиқии ҳосил, рӯёнда мешуд. Дар ин маврид аз офати табиӣ то буд шудани ҳосил ба эътибор гирифта намешуд.

Вақте ки андозҳо бо пул ситонда мешуданд, пешакӣ нархи зироат муқаррар мегардид. Усулан, вай мебоист ба нархи бозор баробар меомад. Амалан онро хеле баланд мебардоштанд.

Дар баъзе мавридҳо дар Моғиён, Фороб, Киштут, инчунин дар болооби Зарафшон ба ҷои танобпулӣ закот меруёниданд. Кавсан низ як намуди андоз буд.

Кучманчиёни чорводор ҳам закот медоданд. Аз ҳар 40 cap гусфанд як cap, аз ҳар 10 cap уштур низ як cap гусфанд медоданд. Кучманчиён инчунин барои мансабдори худ як миқдор пулу молро ба сифати маоши онҳо медоданд.

Ҳунармандон ва савдогарон ҳам хангоми фурухтани моли худ ба хазинаи ҳоким андоз месупориданд. Ба ҷуз андози тарозупулӣ ва тахтиҷоӣ дар бозор боз аз онҳо андози махсус, ба мисли далолипулӣ низ меситонданд.

Барзгарон ва ҳунармандоне, ки дар корҳои ҷамъиятии таъмири ҷӯйбору дарғотҳо иштирок намекарданд, боқипули ном андоз месупуранд.

Ба замми ин хироҷу маҷбуриятҳои маъмул боз бисёр андозҳои дигар низ мавҷуд буданд. Онҳо махсусан дар давраи амалиёти ҳарбӣ вусъати зиёд пайдо мекарданд. Яке аз ҳамин қабил андозҳои фавқулода «пул» буд, ки пардохти он барои аҳолӣ хеле гарон меафтод.

Ҳангоми ҷанг ё баъди ба охир расидани он ғолибон аз мағлубон ба ном «амонпулӣ» мегирифтанд. Ҳаҷми он ба худсарии ғолиб вобаста буд.

Ҳангоми рӯёнидани андозҳо андозчинон ниҳоят ба суистеъмол роҳ медоданд. Аз маврид истифода бурда дуздӣ мекарданд, аз мардум ба ҳаҷми зиёдгар молиёт меситонданд, ҷамъкунандаи хироҷ медуздид, бек медуздид, хазинадори хону ҳоким медуздид. Хон фақат бо ҳамин қаноат мекард, ки миқдори таъинкардаи ӯ пурра ҷамъоварӣ гардида, ба хазинаи ӯ ворид мешавад.

Хироҷу молиётҳои иловагӣ ва маҷбурияҳои гуногуни меҳнатӣ, алалхусус дар Бухорои Шарқӣ ҳаду ҳисоб надоштанд. Ба деҳқонон лозим меомад, ки маҷбуриятҳои гуногунро низ адо намоянд. Яке аз маҷбуриятҳои хеле вазнин ҳашар буд. Ин истилоҳ дар он замон корҳои маҷбуриеро, ки деҳқонон бояд иҷро мекарданд, ифода менамуд. Сохтан ва таъмир кардани наҳрҳо, иншоот, қалъаҳо, пулҳо (купрукхо), роҳҳо, инчунин киштукор ва ниҳолнишонӣ дар заминҳои мир ё хон аз ҳамин қабил корҳо ба шумор мерафтанд. Гоҳо дар як ҳашар то 10 ҳазор кас иштирок мекард. Деҳқонон вазифадор буданд, ки ба ҳашар бо хару асп ва асбобу абзори худ хозир шаванд.

Дар хонии Хуқанд мукаррар гардида буд, ки ҳар як деҳқон бояд се рӯз дар ҳашар ширкат намояд. Хуроки одамон ва хошоки чорворо хон ба зимаи худ мегирифт. Дар Қаротегин муддати ҳашар 15 рӯз тул мекашид. Дар баъзе ҷойҳо деҳқонон ҳангоми хашар аз ҳисоби худ хурок мехӯрданд.

Дар Қаротегину Дарвоз аҳолиро маҷбур мекарданд, ки барои амалдорон ва ҳокимони худ ҳезум тайёр намоянд.

Дар Хуқанд, Дарвоз ва Қаротегин давлат аз маблағи ақди никоҳ ва тақсими мерос низ андоз мегирифт. Дар ҷойҳои дигар ин маблағ насиби қозӣ буд.

Дар сари пул ва гузаргоҳҳо барои гузаронидани бор ва чорво бон ситонда мешуд. Бори гарони андозҳо бар души деҳқонони камбағалтарин меафтод. Камбағалон барои адои андозҳо аксар вақт пул пайдо карда наметавонистанд. Аз ҳамин сабаб онҳо маҷбур буданд, ки аз бойҳо пул ё маҳсулот қарз бигиранд. Барои қарзи гирифта мебоист фоизи илова намуда баргардонанд. Ин таомул ба хонахаробии касони бисёр сабаб мегардид. Деҳқонон маҷбур мешуданд, ки барои рӯз гузаронидан ба шаҳрҳои калон раванд, ки дар он ҷойҳо чун мардикор, саис, машкоб, боғбон кор мекарданд.

Дар баъзе ҷойҳо дар корҳои кишоварзӣ, косибӣ ва корҳои хоҷагӣ меҳнати арзони ғуломон истифода мегардид. Ғуломон аз субҳ то шом кор карда, нимгурусна шабро рӯз мекарданд ва дар тан либоси ҷанда доштанд. Соҳибмансабон ва заминдорони калон соҳиби даҳҳо ғулом буданд.

Меҳнати тоқатфарсо, андозу маҷбуриятҳои сершумор, суистеъмоли мансабдорон, хонавайрон ва қашшоқшавии мардуми камбағал, ҷангҳои хонавайронкунанда сабаби асосии шӯришҳои оммавии мардуми ҷабрдида мегардиданд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

hosilshavii-tuxm

КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ

РӮЙХАТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИТАБОБАТИЮ ПРОФИЛАКТИКИИ ЗЕРТОБЕИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ   № НОМ …