Главная / Гуногун / Амалиёти хокимони Уротеппа

Амалиёти хокимони Уротеппа

Баъд аз катли хокими Хисор Мухаммадаминби хеш ва иттифокчии у, хокими Уротеппа Фозилби дар касди котилон мешавад. Барои ичрои максади худ мавриди мувофик мечуст. Чунин фурсат баъд аз вафоти хони Бухоро (1758) фаро расид, Фозилби лашкар ба суи Самарканд кашид. Хокими ин шахр, бародари Мухаммадрахимхон – Баротбек Султон буд. Баъд аз забти шахр Фозилби уро ба касоси хокими Хисор ба катл расонид.

istaravshan-gorod-gde

Фозилби дар касди ишголи пойтахти хонигари – шахри Бухоро шуриши худро давом дод. У Хатирчи, Кармина ва Каттакургонро ишгол намуд. Хамон солхо дар музофоти кухистони точик кух чаппа шуда оби дарёи Зарафшонро баст. Ногахон сарбанди об канда шуда сел омад ва як кисми лашкари Фозилбиро бурд. Окибати ин офати табииро у «аз гайб» пиндошта «чазои илохи» шумурд ва лашкарашро ба шахри Самарканд баргардонд.

Аз ин акибнишини истифода намуда, хони Бухоро Дониёл атолик Карши, Нурато ва Миёнколотро ба тасарруфи худ дароварда, ба мухосираи Самарканд омода гашт. Задухурди 50-руза натича набахшид ва лашкари хон ба Бухоро баргашт.

Хокими Самарканд Бобоби, писари Фозилби, ногахон бе чанг шахрро ба хони Бухоро супурд. Фозилби бошад, ба Бухоро барои зиёрати чойхои мукаддаси он омада, боз ба мулки худ, шахри Уротеппа баргашт.

Дар замони хукмронии Фозилби ва писари калонии у, марди часур Худоёр девонбеги худуди мулки Уротеппа дар кисмати шарк – Нов, Хучанд ва Махрами Конибодомро дарбар намуда, аз Хочабокиргонсой мегузашт. Дар самти шимол ва шарки шимол – Сирдарё сархади ин мулк буда, Бекобод ва Хавосро фаро мегирифт. Дар кисмати гарб мулки мазкур ба Самарканд хамсархад шуда, шахрхои Чиззах, Ем, Пошгар ва Зоминро зери хукмрони нигох медошт. Сархади чанубии мулки Уротеппа то каторкухи Хисор расида, Мастчоху Фалгар, Фону Киштут ва Панчакентро дар бар гирифт.

Дар нимаи дуюми асри XVIII, дар замони хукмронии Фозилби мулки Уротеппа давлати мустакил буда, чунон нашъунамо ва тавоноиро сохиб буд, ки ба мукобили лашкари Хуканду Бухоро истодагари карда метавонист.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …