Баъд аз қатли ҳокими Ҳисор Муҳаммадаминбӣ хеш ва иттифоқчии ӯ, ҳокими Ӯротеппа Фозилбӣ дар қасди қотилон мешавад. Барои иҷрои мақсади худ мавриди мувофиқ меҷӯст. Чунин фурсат баъд аз вафоти хони Бухоро (1758) фаро расид, Фозилбӣ лашкар ба суи Самарқанд кашид. Ҳокими ин шаҳр, бародари Муҳаммадраҳимхон – Баротбек Султон буд. Баъд аз забти шаҳр Фозилбӣ ӯро ба қасоси ҳокими Ҳисор ба қатл расонид.
Фозилбӣ дар қасди ишғоли пойтахти хонигарӣ – шаҳри Бухоро шӯриши худро давом дод. Ӯ Хатирчӣ, Кармина ва Каттакурғонро ишғол намуд. Ҳамон солҳо дар музофоти кӯҳистони тоҷик кӯҳ чаппа шуда оби дарёи Зарафшонро баст. Ногаҳон сарбанди об канда шуда сел омад ва як қисми лашкари Фозилбиро бурд. Оқибати ин офати табииро ӯ «аз ғайб» пиндошта «ҷазои илоҳӣ» шумурд ва лашкарашро ба шаҳри Самарқанд баргардонд.
Аз ин ақибнишинӣ истифода намуда, хони Бухоро Дониёл атолиқ Қаршӣ, Нурато ва Миёнколотро ба тасарруфи худ дароварда, ба муҳосираи Самарқанд омода гашт. Задухӯрди 50-рӯза натиҷа набахшид ва лашкари хон ба Бухоро баргашт.
Ҳокими Самарқанд Бобобӣ, писари Фозилбӣ, ногаҳон бе ҷанг шаҳрро ба хони Бухоро супурд. Фозилбӣ бошад, ба Бухоро барои зиёрати ҷойҳои муқаддаси он омада, боз ба мулки худ, шаҳри Ӯротеппа баргашт.
Дар замони ҳукмронии Фозилбӣ ва писари калонии ӯ, марди ҷасур Худоёр девонбегӣ худуди мулки Ӯротеппа дар қисмати шарқ – Нов, Хуҷанд ва Маҳрами Конибодомро дарбар намуда, аз Хоҷабоқирғонсой мегузашт. Дар самти шимол ва шарқи шимол – Сирдарё сарҳади ин мулк буда, Бекобод ва Ҳавосро фаро мегирифт. Дар қисмати ғарб мулки мазкур ба Самарқанд ҳамсарҳад шуда, шаҳрҳои Ҷиззах, Ем, Пошғар ва Зоминро зери ҳукмронӣ нигоҳ медошт. Сарҳади ҷанубии мулки Ӯротеппа то қаторкӯҳи Ҳисор расида, Мастчоҳу Фалғар, Фону Киштут ва Панҷакентро дар бар гирифт.
Дар нимаи дуюми асри XVIII, дар замони ҳукмронии Фозилбӣ мулки Ӯротеппа давлати мустақил буда, чунон нашъунамо ва тавоноиро соҳиб буд, ки ба муқобили лашкари Хуқанду Бухоро истодагарӣ карда метавонист.