Главная / Маданият ва санъат / Ахмади Дониш ва маорифпарварони дигар

Ахмади Дониш ва маорифпарварони дигар

Чараёни маорифпарвари яке аз дастовардхои таърихии адибони точик дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX ба шумор меравад. Хидмати таърихии Ахмади Дониш аз он иборат аст, ки у тавассути эчодиёти худ ба зухуру ташаккули чараёни маорифпарвари бунёд гузошт.

Ахмади Дониш афкори маорифпарвариро хам ба воситаи эчодиёти худ, хам ба воситаи хамфикронаш оммави намудааст. Мутафаккир дар асархои «Наводир-ул-вакоеъ», «Рисолаи таърихи», фасли понздахуми «Наводир-ул-вакоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ва гайра ба ин масъала таваччухи бештар кардааст.

Бузургтарин адиб, шоир, олим ва мутафаккир, устод С.Айни оид ба бахрабардории худ аз Ахмади Дониш ва махсусан, аз китоби «Наводир- ул-вакоеъ»-и у менависад: «Чохои ба ман таъсирбахши «Наводир-ул- вакоеъ» он чохо буданд, ки ман он ходисахоро дар зиндаги дида будам ва аз он ахвол дилтанг мешудам, аммо хеч гох ислох кардан ва ислох шудани он ахвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки дунё хамин тарз омадааст, хамин тарз хаст ва хамин тарз хам меравад, чи бояд кард?»… Аммо, вакте ки ман он ахволро дар мундаричоти «Наводир-ул-вакоеъ» бо тасвири реали-бо тасвире, ки худ дар зиндаги дида будам, хондам, ба ман холати дигар руй дод. Ман дар дили худ гуфтам ин ахволро ислох кардан лозим аст, модом ки ман аслох карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст. Инкилоби фикри кам хам бошад, дар ман ана дар хамон вакт руй дод».

Албатта, дар ин казовати устод С.Айни мо чунбишхои фикри, бедории мафкуравии ахли каламро ба хаёт, ба рузгор мебинем. Яъне аз чунин тарзи мухокимарони пай бурдан мумкин аст, ки муносибати рушанфикрон нисбат ба рузгору зиндаги, ба сохти давлатдори дигар шудааст.

Чунин бедории фикри дар замони зиндагии Ахмади Дониш зухур карда будааст. Минбаъд хам он доираи васеътареро фаро гирифтаву барои худшиносии мардум мусоидат кардааст. Аз чумла, дар интихои садаи XIX ва огози асри ХХ як зумра ахли калами Осиёи Миёна: Шамсуддин Шохин, Абдулкодирхоча Савдо, Кори Рахматуллохи Возех, Тошхоча Асири, Мирзо Сироч, Фитрату Мукими ва дигарон дар осори адабии худ барои бедории фикрии омма хидматхои бедарег кардаанд.

Ба хусус, тасвирхои реалистии Ахмаи Дониш ба тачрибаи эчодии устод С.Айни таъсири бузург расонидааст. Хатто тасвирхои реалистии Ахмад Махдуми Дониш чавони болаёкат – устод С.Айниро ба вачду хаячон овардааст. Ин аст, ки С.Айни таассуроти худро пас аз хондани хикояти «Баккол»-и Дониш дар асари худ «Ёддоштхо» чунин баён кардааст:

«-Ин тасвири Ахмад Махдум ба ман ончунон таъсир кард, ки бакколи мазкур аз назарам хеч дур намерафт. Бакколеро, ки дар раставу бозор дар ду тарафи куча, дар дуконхояшон нишаста молхояшонро мефурухтанд, дуру дароз пешашон истода тамошо кардан барои ман мумкин набуд.

Охир дар ру ба руи гушаи чанубу гарбии сахни мадрасаи Кукалтош бакколеро ёфтам, ки аз чихати киёфаи зохири хам ба бакколи Ахмади Дониш монанди дошт. Ман хар руз соатхо дар гушаи сахн нишаста, кору кирдори он бакколро дар зери назари диккат мегирифтам ва хама кори уро мувофики кирдори бакколи Ахмад Махдум меёфтам ва дар ин хол ба назари зиндагибини ва хакикатнигории муаллифи «Наводир-ул- вакоеъ» тахсин бар тахсинам муафзуд».

Аз ин ру, осори илми, таърихи, адаби-бадеии насри ва манзуми Ахмади Дониш на танхо барои илму адабиёт арзишманд аст, балки барои халку давлат ва умуман чамъият ахамияти бунёди дорад. Зеро осори у бедории фикри, чунбишхои маънавиётсоз ва инкилоби мафкуравии миллиро таъмин намуд. Барои худшиноси ва хуввияти милли заминахои асоси бунёд кард.

Савол ва супоришхо:

1.Оид ба овони тифли ва чавонии Ахмади Дониш чи медонед?

  1. Дар бораи тахсили ибтидои ва мадрасавии Ахмади Дониш маълумот дихед.
  2. Ахмади Дониш хангоми тахсил дар мадраса боз ба кадом касбхо машгул шудааст?
  3. Сабаби ба дарбор даъват карда шудани Ахмади Дониш чи буд?
  4. Ахмади Дониш чанд дафъа ба Россия сафар кардааст?
  5. Кадомин амири Бухоро ба Ахмади Дониш унвони илми- ифтихориро сазовор донист?
  6. Оид ба Дониш натичаи сафархои Ахмади Дониш ба Россия накл кунед.
  1. Сабабхои норизоии амир Музаффар аз Ахмади Дониш чи буд?
  2. Хангоми сафархояш Ахмади Дониш бо кадом шахсони сиёси- таърихи, илми ва фарханги шинос гардидааст?
  3. Оид ба поёни рузгори Ахмади Дониш чи медонед?
  4. Мероси илми ва адабии Донишро номбар кунед.
  5. Асархои илмии Ахмади Дониш кадом мавзуъхоро дар бар мегиранд?
  6. Мазмуни мухтасари «Наводир-ул-вакоеъ»-ро накл кунед.
  7. Дар «Наводир-ул-вакоеъ» кадом лахзахои шархихолии нависанда инъикос шудааст?
  8. Дар кадом фаслхои ин асар мусофирати нависанда ба Россия баён гардидааст?
  9. Назари Ахмади Дониш ба авзои Бухоро ва мукоисаи он бо Россияро накл кунед.
  10. Ахмади Дониш оид ба муносибатхои ахлок ва оиладори чи алока дорад?
  11. Доир ба фаслхои хамосии «Наводир-ул-вакоеъ» маълумот дихед.
  12. Дар хусуси шахсият ва корномаи Шукурбек чи медонед?
  13. Тафовути боби 15-уми «Наводир-ул-вакоеъ» аз дигар бобхои он дар чист?
  14. Мазмуни мухтасари «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития»-ро накл кунед.
  15. Таваччухи Ахмади Дониш ба кадоме аз амирони мангития бештар аст?
  16. Тафовути «Наводир-ул-вакоеъ» ва «Рисола»-ро дар чи мебинед?
  17. Ахмади Дониш дар таълифи «Рисола» ба кадом хулоса омадааст?
  18. Оид ба чараёни маорифпарвари чи медонед?
  19. Чаро Донишро асогузори чараёни маорифпарвари медонанд?
  20. Таъсири Ахмади Дониш ба маорифпарварони дигарро шарх дихед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

46

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннахр ва Хуросон фарохам омад, ба хаёти …