Главная / Маданият ва санъат / Аҳмади Дониш ва маорифпарварони дигар

Аҳмади Дониш ва маорифпарварони дигар

Ҷараёни маорифпарварӣ яке аз дастовардҳои таърихии адибони тоҷик дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX ба шумор меравад. Хидмати таърихии Аҳмади Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тавассути эҷодиёти худ ба зуҳуру ташаккули ҷараёни маорифпарварӣ бунёд гузошт.

Аҳмади Дониш афкори маорифпарвариро ҳам ба воситаи эҷодиёти худ, ҳам ба воситаи ҳамфикронаш оммавӣ намудааст. Мутафаккир дар асарҳои «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисолаи таърихӣ», фасли понздаҳуми «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ва ғайра ба ин масъала таваҷҷӯҳи бештар кардааст.

Бузургтарин адиб, шоир, олим ва мутафаккир, устод С.Айнӣ оид ба баҳрабардории худ аз Аҳмади Дониш ва махсусан, аз китоби «Наводир- ул-вақоеъ»-и ӯ менависад: «Ҷоҳои ба ман таъсирбахши «Наводир-ул- вақоеъ» он ҷоҳо буданд, ки ман он ҳодисаҳоро дар зиндагӣ дида будам ва аз он аҳвол дилтанг мешудам, аммо ҳеҷ гоҳ ислоҳ кардан ва ислоҳ шудани он аҳвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки дунё ҳамин тарз омадааст, ҳамин тарз ҳаст ва ҳамин тарз ҳам меравад, чӣ бояд кард?»… Аммо, вақте ки ман он аҳволро дар мундариҷоти «Наводир-ул-вақоеъ» бо тасвири реалӣ-бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, хондам, ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман аслоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст. Инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод».

Албатта, дар ин қазовати устод С.Айнӣ мо ҷунбишҳои фикрӣ, бедории мафкуравии аҳли қаламро ба ҳаёт, ба рӯзгор мебинем. Яъне аз чунин тарзи муҳокимаронӣ пай бурдан мумкин аст, ки муносибати рӯшанфикрон нисбат ба рӯзгору зиндагӣ, ба сохти давлатдорӣ дигар шудааст.

Чунин бедории фикрӣ дар замони зиндагии Аҳмади Дониш зуҳур карда будааст. Минбаъд ҳам он доираи васеътареро фаро гирифтаву барои худшиносии мардум мусоидат кардааст. Аз ҷумла, дар интиҳои садаи XIX ва оғози асри ХХ як зумра аҳли қалами Осиёи Миёна: Шамсуддин Шоҳин, Абдулқодирхоҷа Савдо, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Тошхоҷа Асирӣ, Мирзо Сироҷ, Фитрату Муқимӣ ва дигарон дар осори адабии худ барои бедории фикрии омма хидматҳои бедареғ кардаанд.

Ба хусус, тасвирҳои реалистии Аҳмаи Дониш ба таҷрибаи эҷодии устод С.Айнӣ таъсири бузург расонидааст. Ҳатто тасвирҳои реалистии Аҳмад Маҳдуми Дониш ҷавони болаёқат – устод С.Айниро ба ваҷду ҳаяҷон овардааст. Ин аст, ки С.Айнӣ таассуроти худро пас аз хондани ҳикояти «Баққол»-и Дониш дар асари худ «Ёддоштҳо» чунин баён кардааст:

«-Ин тасвири Аҳмад Махдум ба ман ончунон таъсир кард, ки баққоли мазкур аз назарам ҳеҷ дур намерафт. Баққолеро, ки дар раставу бозор дар ду тарафи кӯча, дар дӯконҳояшон нишаста молҳояшонро мефурӯхтанд, дуру дароз пешашон истода тамошо кардан барои ман мумкин набуд.

Охир дар рӯ ба рӯи гӯшаи ҷанубу ғарбии саҳни мадрасаи Кӯкалтош баққолеро ёфтам, ки аз ҷиҳати қиёфаи зоҳирӣ ҳам ба баққоли Аҳмади Дониш монандӣ дошт. Ман ҳар рӯз соатҳо дар гӯшаи саҳн нишаста, кору кирдори он баққолро дар зери назари диққат мегирифтам ва ҳама кори ӯро мувофиқи кирдори баққоли Аҳмад Маҳдум меёфтам ва дар ин ҳол ба назари зиндагибинӣ ва ҳақиқатнигории муаллифи «Наводир-ул- вақоеъ» таҳсин бар таҳсинам муафзуд».

Аз ин рӯ, осори илмӣ, таърихӣ, адабӣ-бадеии насрӣ ва манзуми Аҳмади Дониш на танҳо барои илму адабиёт арзишманд аст, балки барои халқу давлат ва умуман ҷамъият аҳамияти бунёдӣ дорад. Зеро осори ӯ бедории фикрӣ, ҷунбишҳои маънавиётсоз ва инқилоби мафкуравии миллиро таъмин намуд. Барои худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заминаҳои асосӣ бунёд кард.

Савол ва супоришҳо:

1.Оид ба овони тифлӣ ва ҷавонии Аҳмади Дониш чӣ медонед?

  1. Дар бораи таҳсили ибтидоӣ ва мадрасавии Аҳмади Дониш маълумот диҳед.
  2. Аҳмади Дониш ҳангоми таҳсил дар мадраса боз ба кадом касбҳо машғул шудааст?
  3. Сабаби ба дарбор даъват карда шудани Аҳмади Дониш чӣ буд?
  4. Аҳмади Дониш чанд дафъа ба Россия сафар кардааст?
  5. Кадомин амири Бухоро ба Аҳмади Дониш унвони илмӣ- ифтихориро сазовор донист?
  6. Оид ба Дониш натиҷаи сафарҳои Аҳмади Дониш ба Россия нақл кунед.
  1. Сабабҳои норизоии амир Музаффар аз Аҳмади Дониш чӣ буд?
  2. Ҳангоми сафарҳояш Аҳмади Дониш бо кадом шахсони сиёсӣ- таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ шинос гардидааст?
  3. Оид ба поёни рӯзгори Аҳмади Дониш чӣ медонед?
  4. Мероси илмӣ ва адабии Донишро номбар кунед.
  5. Асарҳои илмии Аҳмади Дониш кадом мавзӯъҳоро дар бар мегиранд?
  6. Мазмуни мухтасари «Наводир-ул-вақоеъ»-ро нақл кунед.
  7. Дар «Наводир-ул-вақоеъ» кадом лаҳзаҳои шарҳиҳолии нависанда инъикос шудааст?
  8. Дар кадом фаслҳои ин асар мусофирати нависанда ба Россия баён гардидааст?
  9. Назари Аҳмади Дониш ба авзои Бухоро ва муқоисаи он бо Россияро нақл кунед.
  10. Аҳмади Дониш оид ба муносибатҳои ахлоқ ва оиладорӣ чӣ алоқа дорад?
  11. Доир ба фаслҳои ҳамосии «Наводир-ул-вақоеъ» маълумот диҳед.
  12. Дар хусуси шахсият ва корномаи Шукурбек чӣ медонед?
  13. Тафовути боби 15-уми «Наводир-ул-вақоеъ» аз дигар бобҳои он дар чист?
  14. Мазмуни мухтасари «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития»-ро нақл кунед.
  15. Таваҷҷӯҳи Аҳмади Дониш ба кадоме аз амирони манғития бештар аст?
  16. Тафовути «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Рисола»-ро дар чӣ мебинед?
  17. Аҳмади Дониш дар таълифи «Рисола» ба кадом хулоса омадааст?
  18. Оид ба ҷараёни маорифпарварӣ чӣ медонед?
  19. Чаро Донишро асогузори ҷараёни маорифпарварӣ медонанд?
  20. Таъсири Аҳмади Дониш ба маорифпарварони дигарро шарҳ диҳед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …