АППЕНДИТСИТ (Appendicitis), илтихоби кирмруда, газаки изофаи кирмшакл (аппендикс)-и курруда. Дар рудаи одам микроорганизмхои гуногун мавчуд бошанд хам, онхо одатан бемориовар нестанд. Аммо дар баъзе мавридхо хосияти номатлуби онхо зухур ёфта, боиси газаки руда мегарданд. Мас., яке аз сабабхои пайдоиши А. аз изофаи кирмшакл ба курруда бо душвори гузаштани мухтавои руда аст. Кат (кач) шудани изофаи кирмшакл (кирмруда) ё бо пасафканди сахт баста шудани равзани он, инчунин аз таъсири ягон ангеза (мас., муяккича ё махсули пусидаи мухтавои руда) ногахон ва сахт варам кардани луобпарда ба холи гаштани даруни кирмруда монеъ мешаванд. Муттасил ва аз хад зиёд бо сафедаи хайвонот (гушт, мохи) пур шудани меъдаю руда агар аз як тараф боиси кабзият гардад, аз тарафи дигар раванди тосидани рударо метезонад. Ба А. одамони хамаи синну сол гирифтор мешаванд.
А. шадид ва музмин мешавад. Газаки шадиди изофаи кирмшакл аз пардаи дохили (луоби)-и он огоз ёфта, баъд ба дарунтар пахн мегардад, бофтахо, аз он чумла, девораи кирмруда, пурра осеб меёбанд (А.-и флегмони) ва фасод ба даруни шикам мегузарад (А.-и шикофанда). Ихтилоли гардиши хуни рагхое, ки кирмрударо бо хун таъмин мекунанд, боиси махви он мегарданд (А.-окилави). Дар натичаи шикоф шудан ва пусидан (гангрена)-и кирмруда сифок газак мегирад (перитонит). Хангоми А.-и шадид поёни шикам (бештар аз тарафи рост) ногахон ба дард медарояд. Аксар вакт чойхои гуногуни бадан, аз чумла сари дил ва гирди ноф дард карда, танхо баъд аз чанд соат чое, ки курруда вокеъ аст (тарафи рости поёни шикам), сахт дард мекунад. Дард тадричан меафзояд, дар вакти сулфидан ё вазъи баданро тагйир додан, хусусан хангоми ба пахлуи чап хобидани бемор, дард пурзур мешавад. Кудакон ва одамони солхурда хангоми А. дардро камтар хис мекунанд. Хуручи А. бештар дар бехузур шудани дил ва кай зохир мегардад, кабзият ё исхол (асосан дар тобистон) ба вучуд меояд. Одамони калонсол кадре таб мекунанд (37,50 – 38,50С), таби кудакон бошад, нисбатан баланд аст. Харорати бадани одамони солхурда хатто хангоми шаклхои вазнини А. низ муътадил мешавад.
Илтихоб метавонад факат бо газаки пардаи луоби махдуд гардад. Агар мухтавои кирмруда ба курруда резад, хуручи А. катъ хохад шуд. Аммо ба чунин бехбуди умед бастан норавост, чунки хатто духтур низ дарачаи вазнини ва хусусияти газаки кирмрударо муайян карда наметавонад ва тагйироти хатарноки он (мас., окила) зуд аз худ дарак медихад. Бинобар ин, дар хар холат фавран бурида партофтани изофаи кирмшакл зарур аст.
Дар кирмрудаи беморе, ки бо ягон сабаб чаррохи карда нашудаасту А.-и шадидро беозор аз сар гузаронидааст, тагйирот боки мемонад (он метавонад боиси хуручи такрори ва нисбатан вазнинтар шавад). Шахсоне, ки ба А.-и такрори гирифтор шудаанд, доимо зери хавфи сар задани хуручи нав карор доранд. Аз ин ру, онхо бояд дар саёхати туристи ва экспидитсияхои илми дар махаллхои каммаскун (дар чойхое, ки ёрии чаррохии таъчили душвор аст) ширкат наварзанд.
Сабаби асосии окибатхои нохуши А.-и шадид ба духтур дер мурочиат кардан аст, зеро одамон дарди шикам, бехузур шудани дил ва кайро (хусусан агар ин аломатхо дар кудак руй диханд) бисёр вакт аз «вайрон шудани меъда» медонанд. Гайр аз ин, онхо ба воситаи дорухои исхоловар ё имола (хукна) рударо тоза кардани мешаванд, ки билкул норавост (зеро газак ба перитонити фарогиранда табдил меёбад). Бояд донист, ки дарди шадиди шикам бисёр вакт бо хуручи А. вобаста аст. Бинобар ин, хангоми дарди сахт хатман духтурро даъват кунед. То омадани у беморро бистари карда ба руи шикамаш зарферо бо ях ё оби хунук гузоред (гармкунак гузоштан мумкин нест). Истеъмоли дорухои рафъи дард норавост, чунки кам шудани дард боиси ташхису табобати нодурусти бемори мегардад.
Дар аснои А.-и музмин мариз аз кабзият, бехузур шудани дил, муттасил ё гох-гох дард кардани атрофи курруда шикоят мекунад. Ин аломатхои А.-и музмин буда, метавонад хар вакт ба А.-и шадид гузарад (дар ин холат амалиёти чаррохи тавсия карда мешавад).
Ад.: Кахаров А. Н., Мухамедов С. М., О значение рентгенологического исследования в диагностике хронического аппендицита. Дар мач.: «Здравохронение Таджикистана», ; №5, 1966; Гостищев В.К., Общая хирургия, М., 2005; Петров С.В., Общая хирургия, М., 2005; Хирургические болезни, ч. 1 – 2, М., 2005.
А. Р. Достиев.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …