Главная / Илм / АФОНИЯ

АФОНИЯ

aphonia-aspxАФОНИЯ (Aphonia; аз а – хиссачаи инкори ва phone – овоз, садо), набудани овози чарангосии баланд. Хангоми А. овоз паст ва нимгурма мешавад. А. аломати беморихои гуногуни ханчара, силсилаи асаб ва г. аст. А. фалачи, ташаннучи ва вазоифи (функсияви) мешавад. Сабаби А.-и фалачи ихтилоли кори асаби поёни ханчара ва амрози силсилаи асабхост. А.-и ташаннучи дар натичаи ташаннучи мушакхои дохилии ханчара ва А.-и вазоифи бинобар пурра чафс нашудани бандакхои овоз ба вукуъ мепайвандад.
А. мумкин аст дар натичаи ларингити шадид ва музмин, омоси гулу ва беморихои диг. низ ба вучуд ояд. Агар омос дар ибтидои укдахои овоз карор дошта бошад, пас он барои чафс гаштани онхо монеъ мешавад. Омоси саратони ба умки бофтахо ворид шуда, асабу мушакхоро хароб менамояд. Муоличаи А. ба рафъ намудани сабабхои он вобаста аст. А.-и вазоифи бисёр вакт нек анчом мепазирад. Окибати А.-и хакики ва фалачи чандон нек нест (ба натичаи бемории асоси вобастаги дорад).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …