Главная / Ҷуғрофия / Тасвири баландиҳо ва чуқуриҳо

Тасвири баландиҳо ва чуқуриҳо

ТАСВИРИ БАЛАНДИҲО ва чуқуриҳои САТҲИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАҲОИ ТАБИЙ

Дар харитаҳои табиӣ баландиҳо ва чуқуриҳоро бо хатҳои уфуқй ифода мекунанд. Онҳо баландиҳои мутлақисатҳи хушкй ва чуқурии зери уқёнусҳоро нишон медиханд. Ба ин мақсад дар харитаҳои табии ҷадвали баландиҳо ва чуқуриҳо тартиб дода шудааст (Онҳоро аз харитахои табиие, ки дар атлас ҷой дода шудаанд, ёбед). Ҳар як ранге, ки дар ҷадвали баландиҳо ва чуқуриҳо акс ёфтааст, дар харитаи табиӣ мувофикан бо хатҳои уфуқӣ аз якдигар ҷудо карда шудааст.

kuh

Баландиҳои гуногунро бо хати уфуқии ҷигарранг, чуқуриҳои гуногунро бо хати уфуқии кабуд ифода мекунанд. Чунин хатҳои уфуқӣ дар хушкй пасттар аз (ҷойҳое, ки аз сатҳи баҳр пастанд). 0. 200. 500 метр ва ғайра кашида шудаанд. Дар уқёнус бошад, онҳо бо 0. 200, 2000 метр ифода шудаанд (атлас, саҳ. 10 – 11). Хатҳои уфуқии харитаҳои табиӣ нисбат ба нақши маҳал ва харитаҳои топографӣ масоҳати калонро дар бар мегиранд. Аз хамин сабаб мавзеъҳои начандон баланд дар онҳо тасвир карда намешаванд. Масалан, дар хати уфуқие, ки балавдии мутлақи он 200 метр аст. баландиҳои аз он пастгар ба ҳисоб гирифта намешаванд.

Дар харитаҳои табиӣ баландиҳо на фақат бо хатҳои уфуқӣ инчунин бо усули рангзании қабат ба қабат низ ифода карда мешаванд. Масалан, он мавзеи сатҳи Заминро, ки баландии мутлақи он аз 0 то 200 метр аст (ҳамвориҳои сатҳи Замин), бо ранги сабз ранг мекунанд. Мавзеъҳоеро, ки аз 200 то 500 метр баландии мутлақ доранд, бо ранги ҷигарии паст ранг мезананд. Баробари афзудани баландии хатҳои уфуқӣ ранг ба ранги ҷигарии баландтар табдил меёбад (Аз харита мушоҳида намоед). Нуқтаҳои аз ҳама баландро (куллаи кӯҳҳо) бо рақам ифода мекунанд. Масалан, қуллаи Эверест (Ҷомолунгма, 8848 м, дар кӯххои Ҳимолой) ва Исмоили Сомонӣ (7495 м, дар кӯҳистони Помир). Чунин усули ифодаи баландиҳоро рангзании қабат ба қабат меноманд.

Дар харитаи табиӣ чуқурии бахру уқёнусхо ҳам бо усули рангзании қабат ба қабат ифода карда мешаванд. Чуқурии бахру уқёнусҳоро дар харитаи табий бо ранги кабуд ранг мезананд. Баробари афзудани чуқурӣ ранг ба ранги кабуди тира табдил меёбад.

Барои муайян кардани баландии мутлақ ва чуқуриҳо дар харитаи табий ҷадвали баландиҳо ва чуқуриҳоро ҷой мсдиҳанд. Бо ёрии ҷадвал ва рангҳои мувофиқ дар харита дар куҷо воқеъ гардидани қитьаҳои баланду пасти хушкй, чуқурии баҳру уқёнусҳоро донистан мумкин аст.

Савол ва cyпopиш

  1. Дар харитаҳои табиӣ баландӣ ва чуқуриро чй тавр нишон медиҳанд?
  2. Баландиҳо ва чуқуриҳоро аз рӯи чӣ муайян мекунанд?
  3. Баландиҳо ва чуқуриҳоро бо чй гуна рангхо ифода мекунанд?
  4. Дар харитаҳои табиӣ ҷадвали баландӣ ва чуқурй барои чӣ лозим аст?
  5.  Аз ҷадвали баландӣ истифода бурда ҷадвали рангзании қабат ба қабатро шарҳ диҳед.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …