Главная / Чугрофия / Тасвири баландихо ва чукурихо

Тасвири баландихо ва чукурихо

ТАСВИРИ БАЛАНДИХО ва чукурихои САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХОИ ТАБИЙ

Дар харитахои табии баландихо ва чукурихоро бо хатхои уфукй ифода мекунанд. Онхо баландихои мутлакисатхи хушкй ва чукурии зери укёнусхоро нишон медиханд. Ба ин максад дар харитахои табии чадвали баландихо ва чукурихо тартиб дода шудааст (Онхоро аз харитахои табиие, ки дар атлас чой дода шудаанд, ёбед). Хар як ранге, ки дар чадвали баландихо ва чукурихо акс ёфтааст, дар харитаи табии мувофикан бо хатхои уфуки аз якдигар чудо карда шудааст.

kuh

Баландихои гуногунро бо хати уфукии чигарранг, чукурихои гуногунро бо хати уфукии кабуд ифода мекунанд. Чунин хатхои уфуки дар хушкй пасттар аз (чойхое, ки аз сатхи бахр пастанд). 0. 200. 500 метр ва гайра кашида шудаанд. Дар укёнус бошад, онхо бо 0. 200, 2000 метр ифода шудаанд (атлас, сах. 10 – 11). Хатхои уфукии харитахои табии нисбат ба накши махал ва харитахои топографи масохати калонро дар бар мегиранд. Аз хамин сабаб мавзеъхои начандон баланд дар онхо тасвир карда намешаванд. Масалан, дар хати уфукие, ки балавдии мутлаки он 200 метр аст. баландихои аз он пастгар ба хисоб гирифта намешаванд.

Дар харитахои табии баландихо на факат бо хатхои уфуки инчунин бо усули рангзании кабат ба кабат низ ифода карда мешаванд. Масалан, он мавзеи сатхи Заминро, ки баландии мутлаки он аз 0 то 200 метр аст (хамворихои сатхи Замин), бо ранги сабз ранг мекунанд. Мавзеъхоеро, ки аз 200 то 500 метр баландии мутлак доранд, бо ранги чигарии паст ранг мезананд. Баробари афзудани баландии хатхои уфуки ранг ба ранги чигарии баландтар табдил меёбад (Аз харита мушохида намоед). Нуктахои аз хама баландро (куллаи куххо) бо ракам ифода мекунанд. Масалан, куллаи Эверест (Чомолунгма, 8848 м, дар куххои Химолой) ва Исмоили Сомони (7495 м, дар кухистони Помир). Чунин усули ифодаи баландихоро рангзании кабат ба кабат меноманд.

Дар харитаи табии чукурии бахру укёнусхо хам бо усули рангзании кабат ба кабат ифода карда мешаванд. Чукурии бахру укёнусхоро дар харитаи табий бо ранги кабуд ранг мезананд. Баробари афзудани чукури ранг ба ранги кабуди тира табдил меёбад.

Барои муайян кардани баландии мутлак ва чукурихо дар харитаи табий чадвали баландихо ва чукурихоро чой мсдиханд. Бо ёрии чадвал ва рангхои мувофик дар харита дар кучо вокеъ гардидани китьахои баланду пасти хушкй, чукурии бахру укёнусхоро донистан мумкин аст.

Савол ва cyпopиш

  1. Дар харитахои табии баланди ва чукуриро чй тавр нишон медиханд?
  2. Баландихо ва чукурихоро аз руи чи муайян мекунанд?
  3. Баландихо ва чукурихоро бо чй гуна рангхо ифода мекунанд?
  4. Дар харитахои табии чадвали баланди ва чукурй барои чи лозим аст?
  5.  Аз чадвали баланди истифода бурда чадвали рангзании кабат ба кабатро шарх дихед.

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …