Главная / Теги: Канзи Шифо (страница 24)

Теги: Канзи Шифо

ТУРШАК БАРОИ ДАРМОНИИ БАДАН

screenshot-2017-11-12-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd1

Туршак — инро дар боғот зироат мекунанд ва дар ҳолати хомиаш мехӯранд. Таъмаш турш аст. Ин растаниро ба русӣ щавель меноманд. Мизоҷаш дар дараҷан якум сард ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: оби баргҳои туршакро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад ва даруни даҳанро бод хӯрда бошад, шифо мебахшад. …

Муфассал »

Писта

screenshot-2017-11-12-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd2

Писта  — Ин дарахт дар кӯҳсор, саҳроҳои пуштазамин ва ғайра месабзад. Аз ин як сол самари писта ва як сол бузғунҷ ба ҳам мерасад. Мизоҷи мағзи писта дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, вале баъзеҳо тар донистаанд — ин саҳеҳтар аст. Хислатҳои шифобахши он: мағзи самарашро бихӯранд, зеҳнро тез мегардонад, ҳолати …

Муфассал »

Гелос

screenshot-2017-11-12-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd1

Гелос ва олуболу — Ин меваҳои маълум. Меваи гелоси пухтагӣ калонтар аз олуболу, рангаш ба сурхӣ моил мебошад, навъи зардаш ҳам вуҷуд дорад. Вале олуболу бошад, сурхи кабудтоб мегардад, ҳатто ба ранги хун аст. Мизоҷи самари олуболуи пухтагӣ дар дараҷаи дувум сард ва тар аст; вале мизоҷи гелоси пухтагӣ дар дараҷаи якум …

Муфассал »

ҚӮНОК

screenshot-2017-11-12-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd

Қӯнок — ин растании зироатист ва донҳои он дар сараш, ки ғӯлашакл ва бо ғафсии калтаки чӯпонон, дарозиаш то 20 сантиметр аст. Майсааш гӯё ба қилҳои кӯтоҳак мемонад, ранги хӯшаи сараш сурхи ҷигарӣ, пӯсти донҳояш ҳам бо чунин ранг аст. Андозаи донҳояш аз арзан майдатар, ялаққосӣ ва сахт мебошад. Ҳамчун …

Муфассал »

Тарра

screenshot-2017-11-12-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd1

Тарра — Ин аз чинси бодиринг, вале аз он хеле дароз ва аз дарозӣ ҳатто каҷ мегардад. Ранги бодиринг сабзи ба сиёҳӣ моил бошад, ранги тарра сабзи сафедтоб аст. Инро ҳам чун бодиринг хом мехӯранд, дар фасли баҳор мерасад. Баргҳояш аз барги бодиринг майдатар ва биёрааш монанди биёраи бодиринг аст. Ба …

Муфассал »

ОҚИРҚИРҲО

Оқирқирҳо — Ин гиёҳест, ки дар ҳамаи кӯҳистон ва баландиҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон мерӯяд. Решааш, ки дар тиб ҳамин қисмаш истифода мешавад, ба дарозии ангуште, каме бориктар аз он, хушбӯ мебошад. Қуввати он то ҳафт сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши …

Муфассал »

Санавбар

screenshot-2017-11-12-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd2

Санавбар — ин дарахтро ба забони русӣ сосна меноманд, ки ду навъ аст: якеаш нар, он самар намедиҳад, фақат аз шилми он қатрон ҳосил мекунанд; дигараш самари монанди дили гӯсфанд дорад — ин навъи модаи он аст. Самараш дар хомӣ яклухт метобад ва агар расида гардад, донаҳояш аз ҳам шукуфта, …

Муфассал »

Бодён

screenshot-2017-11-12-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd1

Бодён — ин ду навъ аст: бодёни оддӣ (арпабодиён) ва бодёни хитоӣ — ин ситорашакл аст. Бодёни оддӣ низ ду навъ дорад: саҳроӣ ва бӯстонӣ. Беҳтарини он оддии бӯстонии он аст. Ин тухми маълум ва машҳур мебошад. Мизоҷи бӯстонии он дар аввали дараҷаи севум гарм ва дар дараҷаи якум хушк …

Муфассал »

ЮНУЧҚА

screenshot-2017-11-12-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd

Юнучқа — инро дар як қатор маҳалҳои тоҷикон ришқа меноманд, ки шакли адабии тоҷикиаш ҳамин асл, вале «юнучқ» аз туркӣ дохил шудааст. Ин растанӣ ба ҳама маълум мебошад, зироат мекунандаш. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Баъзеҳо дар дарачаи дувум гарм ва хушк низ гуфтаанд. Хислатҳои шифобахши он: агар инро …

Муфассал »

Турбуд

index

Турбуд — ин решаи гиёҳест берунаш моил ба сиёҳӣ, дарунаш сафед ва сабук, миёнхолии наймонанд, ду тарафи он шилмак дорад. Ин гиёҳ дар сарзамин ва кӯҳҳои Осиёи Марказӣ низ мерӯяд. Гиёҳаш поядор, баргаш монанди барги лӯбиё ва печаки калон аст, гирдҳои он борик, гулаш осмонгуну дар пояаш мебошад. Самараш монанди …

Муфассал »