Главная / Илм / Тарра

Тарра

tarra_kabacok-660x330Тарра — Ин аз чинси бодиринг, вале аз он хеле дароз ва аз дарозӣ ҳатто каҷ мегардад. Ранги бодиринг сабзи ба сиёҳӣ моил бошад, ранги тарра сабзи сафедтоб аст. Инро ҳам чун бодиринг хом мехӯранд, дар фасли баҳор мерасад. Баргҳояш аз барги бодиринг майдатар ва биёрааш монанди биёраи бодиринг аст. Ба забони руссӣ «Кабачок» мегуянд онро.

Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум сард ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин баданро аз моддаҳои бегонаи гарммизоҷ пок мекунад; ташнагӣ, гармӣ, ҷӯшиши сафро, тафс ва фишори баланди хун ва инчунин ҳарорати ҷигарро таскин медиҳад. Хусусан мағзи расидаи он барои дарди узвҳои дар боло зикр ёфта, инчунин хичак ва сӯзиши меъда неку давоест: дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Зарарҳои тарра: дар одамони хунукмизоҷ бодангез, дерҳазм, аз меъда суст мефурояд, дар ҷигар моддаи носара пайдо мекунад, зуд бадбӯ мегардад, табҳои сахт ва дурударозро бармеангезад. Ислоҳи ин зарарҳояш: намак, зира, мавиз ва арпабодиён хӯрдан аст ва инчунин пӯсташро пок карда хӯрдан аст. Ва агар барои одамони гарммизоҷ зиёнаш зоҳир гардад, сиканҷабин хуранд, ислоҳ меёбад.

Тухми инро бихӯранд, пешобро меронад, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, даруни рагҳоро аз моддаҳои часпак пок месозад, вале назар ба тухми бодиринг заифтар мебошад. Пӯст ва гӯшташ бодангез ва қулинҷро пайдо мекунад, тиҳигоҳ, яъне холияки паҳлӯро ба дард меоварад, дерҳазм, моддае, ки аз он ба ҳам расад, бадбӯ мегардад.

Тарра дар аксар хислатҳо монанди бодиринг аст. Низ асал ва дигар шириниҳо бихӯранд, зарарҳои инро ислоҳ мекунад. Баргаш барои саги девонагазида даво мебошад, барои варами балғами бо асал бихӯранд ва шарои (аллергияи) балғамиро дафъ мекунад. Агар онро хушк намуда, кӯфта бихӯранд, исҳоли сафровиро мебандад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …