Главная / Теги: Канзи Шифо (страница 20)

Теги: Канзи Шифо

Нок

nok-00-660x330

Нок — Ин дарахтест, ки навъҳояш гуногун ва самараш ранг ба ранг мебошад, ки инро амруд ҳам меноманд. Беҳтарини он ноки сероби ширин ва пӯсташ нафиси он аст. Мизоҷи ноки пухтагӣ, ширин ва сероби он моил ба гармӣ, яъне дар дараҷаи якум гарм аст ва дар дараҷаи дувум тар мебошад; мизоҷи дигар …

Муфассал »

ТӮДАРӢ

tudari-300x225

Тӯдарӣ — ин тухми гиёҳест баргаш дароз, бепоя, шохҳои он сурхи сахт ва бо андак хоре; самараш дар ғилофе, ки борику нозук аст. Тухмаш аз тухми наск кӯчактар, андак паҳн. Муаллифони «Махзан-ул-адвия» ва «Муҳити аъзам» қайд кардаанд, ки ин се навъ аст: сурх, зард ва сафед. Вале соҳиби «Ихтиёроти бадеӣ» …

Муфассал »

Забонгазак

zabongazak-660x330

Забонгазак (лотинӣ: Polygonum hydropiper) — Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон занҷабили обӣ низ меноманд. Зеро он бештар дар ҷоҳои обдор мерӯяд. Дар вақти онро бо дандон газидан гӯё забонро мегазад, яъне дар рӯйи забон сӯзише пайдо мекунад. Баргаш монанди барги бед, вале дар миёнаҷояш гӯё доғ дорад. Гулаш сурх ва …

Муфассал »

Бодиринг

bodiring-650x330

Бодиринг — Маълум, ки ин самари растании зироатии биёрадор аст. Намудҳои самари ин гуногун аст, вале хислатҳои ҳамаи намудҳои он ба ҳам монанд аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: бодирингро бихӯранд, барои дарди сари аз гармӣ ба зуҳуромада даво мебошад, инчунин қоши ё кафи онро гузошта …

Муфассал »

Кадуи талх

kadui_talx-540x330

Кадуи талх — Инро дар як катор маҳалҳо тоҷикон чӯбкаду низ меноманд. Кадуи талх монанди кадуи хӯрокӣ гӯшт надорад, балки фақат аз пӯсти дарунхолӣ  иборат буда, дар даруни он аз қисми поёнаш тухмҳо дорад. Намудаш гуногун аст: монанди кафлези кулулаи дастадор, ба шакли мурӯд, вале хеле азим ва ғайра. Растаниаш монанди …

Муфассал »

Қаламфур

qalamfur-2-610x330

Қаламфур — Ин растании машҳур аст. Самараш дарозаки иборат аз пӯсти дарунхолӣ, дар аввал сабз ва баъди расидан сурх мегардад. Таъми самараш хеле тез бо камтар талхист. Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон иштибоҳан «занҷабил» меноманд, вале дар ҳақиқат занҷабил чизи тамоман дигар аст ва занҷабил дар шароити сарзаминҳои мо намерӯяд. Дар …

Муфассал »

Биринҷ

birinj-660x330

Биринҷ  — ин растании зироатӣ ба мо маълум аст, ки дар заминҳои обдор кишта мешавад, аксар дар даруни об мерӯяд ва дар об месабзаду мерасад. Аз як шолӣ дар Ҳиндустон ду карат ҳосил мегиранд: дар вақти баҳорон ва дар тирамоҳ. Аз шолие, ки дар лаб ва наздики баҳрҳо ва уқёнусҳо …

Муфассал »

Пудина

pudina-660x330

Пудина се намуд дорад: пудинаи даштӣ, пудинаи наҳрӣ ва пудинаи кӯҳӣ, ки ба забони ӯзбекӣ кийикутӣ меноманд ва дар байни тоҷикони шимолӣ бо ҳамин ном иштихор дорад. Пудинаидаштиробаргҳояшреза, нарм, нозук, бӯяштундибоатрият, таъмвабӯйиоибапудинаинахрӣназдиктар. валеазонтезтарваталхтараст, тухмашмонандитухмирайҳонмебошад. Мизоҷаш дар аввали дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он барои кузоз (столбняк) дору …

Муфассал »

МАРМИНҶОН

Лесная ежевика

Баргашро кӯфта гузошта банданд, захмҳои сарро хушк мекунад, чашми аз косахонааш баромадаро, ки дар тибби қадим ҷуҳуз-ул-айн меноманд, ба ҷояш мебарад. Усораи мармиҷон, яъне оби барг ва пояи тару тозаи дар офтоб ғафсгардонидаашро бо андак шилми бодомҳо даромехта гузошта банданд, ҳамаи бемориҳои гарм ва сарди чашм, хусусан захм, обравӣ, нохунак ва …

Муфассал »

Сагангур

Dipartimento di Scienze della Vita, Università di Trieste - Progetto Dryades - Picture by Andrea Moro - Comune di Aquileia, ai margini della laguna di Grado, presso la pineta di San Marco,  UD,  Friuli Venezia Giulia,  Italia, - Image licensed under a Creative Commons Attribution Non Commercial Share-Alike 3.0 License

Сагангур — Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон ангури сагак низ меноманд. Дар сарзамини ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сагангури табиӣ ду навъ аст: самараш сиёҳ ҳангоми пухтан ва зарди сурхтоб. Барои ба дарун истеъмол кардан ва давогӣ сагангури самараш рангин, яъне зарди сурхтобаш зиёдтар ба кор меравад. Вале навъи самараш сиёҳи он нисбатан …

Муфассал »