Главная / Теги: Афсона (страница 2)

Теги: Афсона

Ҳикояи Шутур (Афсона)

shutur

Уштуре дар саҳро чаро мекард ва аз хору хошоки он саҳро ғизо мехўрд. Ба хорбуне расид чун зулфи маҳбубон дарҳам ва чун рўйи хубон тозаву хуррам. Гардани оз 20 дароз кард, то аз он баҳра баргирад. Дид, ки дар миёни он афъие ҳалқа зада ва сарро бо дум фароҳам оварда. …

Муфассал »

Ҳикояи Рўбоҳи фиребгар (Афсона)

rubohu-pishak

Рўбоҳеро гуфтанд: — Ҳеҷ тавонӣ сад динор биситонӣ ва пайғоме ба сагони деҳ расонӣ? Гуфт: — Валлоҳ, музде фаровон аст, аммо дар ин муомила хатари ҷон аст.   Қ и т ъ а Аз сифла нили18 макрамат уммед доштан Киштӣ ба мавҷи луҷҷаи ҳирмон 19   фигандан аст. Пеши адў забун …

Муфассал »

Ҳикояи Рўбоҳ ва Гургу Саг (Афсона)

ruboh-gurg

Рўбоҳе бар сари роҳе истода буд ва чашми муроқабат 15 бар чапу рост ниҳода. Ногоҳ аз дур сиёҳие пайдо шуд. Чун наздик омад, дид, ки яке дарранда — гург бо саге бузург бар сурати дўстони содиқ ва ёрони мувофиқ, ҳамроҳ меоянд: на онро аз ин таваҳҳуми қарибӣ ва на инро …

Муфассал »

Ҳикояи Муш ва Бой

mush

Муше чанд сол дар дўкони хоҷаи баққол буд ва аз нуқлҳои хушк ва меваҳои тар моломол ба сар мебурд ва аз он неъматҳои хушку тар мехўрд. Хоҷаи баққол онро медид ва иғмоз 10 мекард ва аз мукофот эъроз менамуд 11, то рўзе ба ҳукми он, ки гуфтаанд: Б а й …

Муфассал »

Ҳикояи Каждум ва Сангпушт (Афсона)

Каждуме заҳри мазаррат6 дар неш ва тири хабосат7 дар кеш азимати сафар кард. Ногоҳ бар лаби обе паҳновар расид, хушк фурў монд: на пойи гузаштан ва на ёройи бозгаштан. Сангпуште он маъниро аз вай мушоҳада кард, бар вай тараҳҳум намуд ва бар пушти худаш савор кард ва худро дар об …

Муфассал »

Афсонаи охирин

gurg

Нилуфар, духтараки ҳаштсола, тайи се соли охир қариб ҳар моҳ аз марди ношиносе мактуб мегирифт. Мард дар рўи лифофа на суроғашро менавишту  на ному насабашро. Танҳо имзое дошт: Марди ношинос. Мактуби марди ношинос ҳамеша бо аҳволпурсии муқаррарӣ оғоз меёфт ва пасон ў ба нақли афсонаи кўтоҳе мепардохт. Аҷаб номҳои зебо …

Муфассал »

Ҳикояи Рўбоҳу кафторе

kaftor

Рўбоҳе ба чанги кафторе51 гирифтор шуд, дандони тамаъ дар вай маҳкам кард. Рўбоҳ фарёд баровард, ки: —Ай шери бешаи зўрмандӣ ва Ай паланги қуллаи сарбаландӣ, бар аҷзу шикастагин ман бибахшой ва шаколи 52 ин ашколро 53 аз пойи ҷаҳонпаймойи ман бикушой! Ман муште пашму устухонам! Аз хўрдани ман чӣ хезад …

Муфассал »

Ҳикояи Товус ва зоғе

tovus

Товусу зоғе дар саҳни боғе фароҳам расиданд ва айбу ҳунари якдигарро диданд. Товус бо зоғ гуфт: —Ин мўзаи сурх, ки дар пои туст, лоиқи атласи заркаш ва дебои мунаққаши ман аст. Ҳамоно, дар он вақт ки аз шаби торики адам45 ба рўзи равшани вуҷуд меомадем, дар пўшидани мўза ғалат кардаем: …

Муфассал »

Ҳикояи Саг ва Гадо (Афсона)

skazka

Сагеро гуфтанд: — Сабаб чист, ки дар хонае, ки бошӣ, гадо гирди он натавонад гашт ва ба ҳар остонае, ки хуспӣ, аз он ҷо натавонад гузашт? Гуфт: — Ман аз ҳирсу тамаъ дурам ва ба бетамаъию қаноат машҳур; аз хоне ба лаби ноне қонеам ва аз бирёне ба хушк устухоне …

Муфассал »

Ҳикояи Уштур ва Харгуш

Уштуру дарозгўше ҳамроҳ мерафтанд. Ба канори ҷўе бузург расиданд. Аввал уштур даромад. Чун ба миёни ҷўй расид, об то шиками вай баромад. Дарозгўшро овоз дод: — Дарой, ки об то шикам беш нест. Дарозгўшт гуфт: — Рост мегўӣ, аммо аз шикам то шикам тафовут аст. Обе, ки ба шиками ту …

Муфассал »