Главная / Гуногун / Ҳикояи Каждум ва Сангпушт (Афсона)

Ҳикояи Каждум ва Сангпушт (Афсона)

Каждуме заҳри мазаррат6 дар неш ва тири хабосат7 дар кеш азимати сафар кард. Ногоҳ бар лаби обе паҳновар расид, хушк фурў монд: на пойи гузаштан ва на ёройи бозгаштан.

Сангпуште он маъниро аз вай мушоҳада кард, бар вай тараҳҳум намуд ва бар пушти худаш савор кард ва худро дар об андохт ва ошнокунон8 рўй ба ҷониби дигар ниҳод ва дар он асно овозе ба гўши сангпушт расид, ки каждум чизе бар пушти вай мезанад. Савол кард, ки:

sangpusht— Ин чӣ овоз аст?

Ҷавоб дод, ки:

— Ин овози неши ман аст, ки бар пушти ту мезанам. Ҳарчанд медонам, ки бар он коргар намеояд, аммо одати худро наметавонам гузошт.

Сангпушт бо худ гуфт: «Ҳеҷ беҳ аз он нест, ки ин бадсириштро аз ин хўйи зишт бираҳонам ва некўсиратонро аз осеби вай эмин гардонам. Ба об фурў рафт ва вайро мавҷ даррабуд ва ба ҷое буд, ки гўиё ҳаргиз набуд.

Қ и т ъ а

Ҳар авоне9, ки дар ин базмгаҳи шарру фасод
Тори сад ҳила ба ҳар лаҳза аз ў соз диҳанд,
Беҳ аз он нест, ки дар мавҷи фано ғўта хўрад,
То вай аз хулқи худу халқ зи вай бозраҳанд.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …