Главная / Гуногун / Ҳикояи Шутур (Афсона)

Ҳикояи Шутур (Афсона)

Уштуре дар саҳро чаро мекард ва аз хору хошоки он саҳро ғизо мехўрд. Ба хорбуне расид чун зулфи маҳбубон дарҳам ва чун рўйи хубон тозаву хуррам. Гардани оз 20 дароз кард, то аз он баҳра баргирад. Дид, ки дар миёни он афъие ҳалқа зада ва сарро бо дум фароҳам оварда. Бозпас гашт ва аз орзуи ў даргузашт.

shuturХорбун пиндошт, ки эҳтирози вай аз захми синони ўст ва иҷтиноби вай аз тезии дандони ў. Шутур онро дарёфт.

Гуфт:

— Бими ман аз ин меҳмони пўшида аст, на аз мизбони ошкор ва тарси ман аз заҳри дандони мор аст, на аз захми пайкони хор. Агар на ҳавли ин меҳмон, хўрдаме, мизбонро як луқма кардаме.

 

Қ и т ъ а
Гар аз лаим битарсад карим, нест аҷаб,
Зи хубси 21 нафс, на аз пашму устухон, тарсад.
Касе, ки по  нанҳад дар миёни хокистар,
Муқаррар аст, ки аз оташи ниҳон тарсад.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …