Киноя калимаи арабӣ буда, маънои луғавиаш сухани пўшида, пўшида сухан гуфтан; рамз ва ишора аст. Дар илми бадеъ номи яке аз санъатҳои маънавист. Киноя чунон аст, ки шоир ё нависанда калима ё ибораеро истифода менамояд, ки ба маънои аслии худ не, балки ба маънои акс омадааст. Дар ин маврид шарти …
Муфассал »Адабиёт чист ?
Адабиёт як навъи санъат буда, дар тафовут аз меъморӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, гулдўзӣ, рассомӣ, мусиқӣ, театр, кино, рақс ва суруд ҳаёти воқеиро бо сухан тасвир мекунад. Адабиёт калимаи арабӣ буда, шакли ҷамъи «адаб» аст ва маънои фазилатҳои маънавӣ (одоб, хулқи нек, хушгуф торӣ, хушнависӣ ва ғайра)-ро дорад. Адабиёт ба маънои …
Муфассал »Барои чи осмон кабуд аст?
Савол: Барои чӣ – чаро осмон кабуд аст? Аз чи сабаб? Ҷавоб: Осмон аз он сабаб кабуд (кабут) аст ки дар он шуълаи офтоб ҳар хел паҳн мешавад. Вақте ки нури офтоб ба замин наздик мешавад вай ба қабати атмосфераи замин бархурда ҳар як зараи нур ба ҳар тараф мераванд, …
Муфассал »Сайидои Насафӣ – Шоир
Сайидои Насафӣ яке аз шоирони машҳур буда, дар миёнаҳои нимаи аввали асри XVII дар Насаф (Қаршӣ) таваллуд ёфтааст. Соли таваллудаш аниқ маълум нест. Солҳоикўдакӣ ва таҳсили ибтидоии ў дар Насаф гузаштаанд. Баъд тар Сайидо ба Бухоро омада, таҳсилро дар мадраса давом медиҳад. Баъди хатми мадраса Сайидо ба зодгоҳаш барнагашта, то …
Муфассал »Китоби Адабиёт барои синфи 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11
Адабиёт фанест барои таҳсили мактабачагони синфҳои 5, 6,7, 8, 9, 10, 11 дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоришуда мебошад. Фани адабиёт оид ба суханҳои пандомез ки оид ба одаму одамгарӣ ва фарҳанги баланди баён намудани назму наср аз бузургони маорифпарвар ташкил ёфтааст. Адабиёти бадеӣ манбаи бойи донишҳост, ки инсон бо мурури …
Муфассал »Ҳикояи дузд дар хазинаи подшоҳ
Овардаанд, ки дузде доно рўи ҷуръат дар хазинаи под шоҳи вақт овард. Дид, ки подшоҳ бар тахти заррин хобида, аснофи қумоши (навъҳои газвори) шоҳию анвоъи ҷавоҳири подшоҳӣ бар рўи бисот рехта ва шамъи кофурӣ чун рўи тавонгарон афрўхта ва парвонаи мискин мисли дили дарвешон паёпай сўхта. Дузд ба назари эҳтиёт …
Муфассал »МАОРИФПАРВАРӢ ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК АСРИ ХIХ
Ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба равнақи маданияту санъату адабиёт объективона мусоидат кард. Олимони тараққипарвари Россия дар бобати тадқиқи иқтисодиёт, этнография, таърих, забон, адабиёт, сарватҳои табиӣ ва ғайраи Осиёи Миёна хизмати калон карданд. Бисёр мутафаккирон ва шоирони Осиёи Миёна аз намояндагони зиёиёни пешқадами Россия сабақ мегирифтанд. Тадриҷан адабиёти кишвар …
Муфассал »ИЛМ ВА АДАБИЁТИ ХАЛҚИ ТОҶИК (АСРҲОИ IХ-Х)
Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ҳанӯз дар ибтидои асри IХ барои тараққии адабиёти нави китобии тоҷик, ки бар асоси эҷодиёти даҳанакии халқ қарор гирифта буд, шароити мусоид фароҳам овард, вале ин шароит самараҳои худро дар вақти Сомониён бахшид. Бинобар ҳамин ҳам давраи Сомониён давраи пайдоиши адабиёти классикии тоҷику форс ба шумор …
Муфассал »Пайдоиш ва инкишофи забони адабиёти классикии тоҷик
Асри Х ва асрҳои минбаъда аз давраҳои нашъунамои адабиёти классикии тоҷику форс ҳисоб меёбанд. Осори адабиёти бадеӣ (аксаран, асарҳои манзум), асарҳои таърихӣ ва илмӣ, ки дар ин давра ба вуҷуд омаданд, дар ҳаёти мадании мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони ғарбӣ, ҳиндустони шимолӣ ва бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна роли калон …
Муфассал »Адабиёти бадеӣ ва таърихнигории тоҷик дар асри ХVI
Адабиёти бадеӣ ва таърихнигории тоҷик дар асри ХVI Чи навъе ки дар боло қайд карда шуд, адабиёт ва фан, ки дар замони ҳукмронии Улуғбек хеле пеш рафта буд, ба зудӣ пас аз марги ӯ дар натиҷаи таъсири иртиҷопарастонаи рӯҳониёни ислом ва дарвешон ба ҳаёти ҷамъиятӣ, рӯ ба таназзул ниҳод. Ин …
Муфассал »