Главная / Гуногун / Пайдоиш ва инкишофи забони адабиёти классикии тоҷик

Пайдоиш ва инкишофи забони адабиёти классикии тоҷик

Асри Х ва асрҳои минбаъда аз давраҳои нашъунамои адабиёти классикии тоҷику форс ҳисоб меёбанд. Осори адабиёти бадеӣ (аксаран, асарҳои манзум), асарҳои таърихӣ ва илмӣ, ки дар ин давра ба вуҷуд омаданд, дар ҳаёти мадании мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони ғарбӣ, ҳиндустони шимолӣ ва бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна роли калон бозидаанд. Ба тавассути тарҷумаи русӣ ва забонҳои Европаи ғарбӣ имрӯз ёдгориҳои адабиёти классикии тоҷику форс сарвати мадании бисёр халқҳои ҷаҳон гардидаанд ва ба ганҷинаи умумии дурдонаҳои қиматбаҳое, ки инсоният андӯхтааст, дохил шудаанд.

Масъалаи пайдоиши ин адабиёт ва пайдоишу интишори забони он, бешубҳа, ҳам барои шарқшиносон ва ҳам барои доираи васеи аҳли илму адаб аз масъалаҳои хеле муҳим ҳисоб меёбад. Барои дурусттар фаҳмидани ин масъала, пеш аз ҳама, лозим меояд, ки ба вазъияти таърихию мадании Эрон ва Осиёи Миёна дар асри Х ва асрҳои пешина, ба таърихи забонҳои эронӣ ва осори хаттии мардуми эронизабон муроҷиат кунем.

Истилои Эрон ва Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо ва мусулмонкунонии аҳолии мамлакатҳои забтшуда (асрҳои VII-VIII ва давраҳои баъдина) пайвас-та бо нест кардани осори хаттии қадим ва алифбои мардуми гуногуни эронизабон – алифбои паҳлавӣ дар Эрон, суғдӣ ва хоразмӣ дар Мовароуннаҳр, бохтарӣ дар Бохтарияи таърихӣ (Тахористон) ва ба ивази онҳо зӯран ҷорӣ кардани забон ва алифбои арабӣ ба вуқӯъ меомад.

Агарчи дар ноҳияҳои ҷудогонаи Эрон (масалан, дар вилоятҳои назди б. Каспӣ), Осиёи Миёна (Хоразм, Суғд) ва Туркистони шарқӣ хати паҳлавӣ, хоразмӣ, суғдӣ, монӣ, насронӣ дар давоми якчанд асри баъд аз истилои арабҳо то дараҷае нигоҳ дошта шуда бошанд ҳам,[1] дар баробари тадриҷан ба дини ислом гузаштани аҳолӣ имкониятҳои вуҷуд доштан ва инкишоф ёфтани хатҳои ғайриарабӣ ҳамоно суст шудан мегиранд. Асарҳое, ки бо алифбои ғайриарабӣ навишта мешуданд, бо як худи шакли зоҳириашон дар шуури мусулмонон ба ақидаҳои динии қадимаи хилофи ислом алоқа пайдо намуда, бераҳмона несту нобуд карда мешуданд.[2]

Забони арабӣ – забони табақаи болои хилофат ва дини ҳукмрони он чун аслиҳаи мутамарказонии ҳокимият ва ҳукмронии идеологии истилогарони араб хизмат мекард. Соли 81 ҳ. (700-701 м) забони арабӣ забони давлатӣ эълон гардида, ба тадриҷ коргузорӣ ва мукотибаи расмии вилоятҳои таҳти тасарруфи хилофат ба ҳамин забон гузаронида мешавад. Сафолпораҳои алифбои арабӣ сабтшуда, ки аз ҳафриёти археологии Марв ёфт шудаанд ва зоҳиран ба асрҳои VII-VIII тааллуқ доранд, нишон медиҳанд, ки дар Марв такягоҳи маъмурияти хуросонӣ ва мовароуннаҳрии араб ба мақсади тайёр кардани амалдорони арабидон таълими забон ва хати арабиро ҷорӣ карда будаанд. Мувофиқи маълумоти ал-Ҷаҳшиёрӣ, аз соли 742 донистани забон ва хати арабӣ барои маъмурияти Хуросон ва ҳамчунин Мовароуннаҳр, ки таҳти идораи ҳукумати Хуросон қарор гирифта буд, ҳатмӣ ва маҷбурӣ гардид. Дар баробари ин дар мукотибаи расмӣ на танҳо намояндагони ҳокимияти араб, балки ҳокимони маҳаллӣ ҳам (лоақал ҳангоми алоқа бо маъмурияти араб) аз забони арабӣ истифода мебурданд. Ин иддаоро, масалан, қадимтарин санади арабизабони аз ҳудуди Мовароуннаҳр ёфтшуда – номаи машҳури «шоҳи Суғд, ҳокими Самарқанд» Девоштак ба ҳокими араби Хуросон (718-719) низ метавонад тасдиқ намояд.[3] Забони арабӣ дар ин давра на танҳо дар мукотибаю коргузорӣ, балки дар адабиёти илмӣ, дар назм ва дигар соҳаҳои маданияти хаттии мардуми эронизабон ҷорӣ карда мешавад. Рисолаҳои илмӣ ва асарҳои сершумори бадеии ба забони арабӣ навиштаи намояндагони вилоятҳои гуногуни Эрон ва Осиёи Миёна, чунончи, Ибн ал-Муқаффаъ (721-757, номи форсиаш Рӯзбеҳ), Ибни Хурдодбеҳ (820-қариби 912) ва ат-Табарӣ (соли ваф. 923) аз Форс; ал-Хоразмӣ (780-847) ва ал-Берунӣ (973-1048) аз Хоразм; Башшор ибни Бурд (710–784) аз Хуросон; ал-Хураймӣ (асри VIII) аз Суғд; Саолабӣ (961-1038), Наршахӣ (асри Х), Ибни Сино (қариби 980-1037) аз Бухоро ва ғ. маълуму машҳуранд. Саолабӣ дар асари худаш «Ятимат-уд-даҳр» дар бораи 119 шоире, ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар замони ҳукмронии Сомониён зиндагӣ карда, ба забони арабӣ шеър эҷод кардаанд, маълумот додааст. Албатта, қисми зиёди ин шоирон, ба табақаи аъёну ашроф ва доираҳои расмии ҳукмрон мансубанд. Ин ҳам маълум аст, ки шоир Абӯ Нувос (742-қариб 812), ки худ фарзанди форсдухтар аст ва шеърҳояшро дар дарбори ҳорунаррашид ба забони арабӣ эҷод кардааст,– мувофиқи маълумоти «Таърихи Систон» дар шеърҳояш калимаҳои форсиро ҳазломезона дохил кардааст.[4]

12901555_1004684552935064_7444972477477138945_o-1024x681

Ба маданияти хаттии мардуми эронизабон дохил шудани забони арабӣ, албатта, забонҳои зиндаи эронии аҳолии Эрон ва Осиёи Миёнаро аз байн бурда натавонист. Забони арабӣ ба сифати забони адабиёти хаттӣ танҳо дар байни қисмати миқдоран ночизи табақаи ашроф, шоирон ва олимони дарбор ривоҷ ёфта буд. Оммаи васеи аҳолии шаҳру деҳкадаҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Систон, Эрони ғарбӣ бошад, ба забони модарӣ сӯҳбат мекарданд, ба ин забон суруд ва достонҳои қаҳрамонӣ эҷод менамуданд. Забони арабӣ барои онҳо ҳамеша бегона монд, вале бо сабабҳои дар боло овардашуда эҷодиёти бадеии мардуми эронизабон дар асрҳои аввали ҳукмронии ислом дар хат инъикос наёфта ва аз ин рӯ, осори хаттии онҳо барои наслҳои оянда боқӣ намондааст.

Дар ҳаёти таърихию маданӣ ва адабии халқҳои Эрон ва Осиёи Миёна роли нисбатан муҳимро забоне бозидааст, ки дар сарчашмаҳо бо номи «забони порсӣ» ё «забони форсӣ» оварда мешавад. Бо ин забон эҷодиёти даҳанакии халқ, бе шакку шубҳа, ҳеч гоҳ (ҳатто дар замони истилои арабҳо ҳам) қатъ нашудааст. Аммо аз он ҷо, ки ин эҷодиёти бадеӣ дар хати арабӣ сабт нагардидааст, қариб тамоман номаълум монда, танҳо аз рӯи баъзе маълумоти парокандае, ки аксаран аз асарҳои ҷуғрофидонҳо ва муаррихони арабизабони асрҳои аввали ҳукмронии ислом ба даст оварда шудаанд, муҳокима рондан мумкин аст. Масалан, мувофиқи маълумоти ал-Ҷоҳиз (соли ваф. 869) шоири аслан форси асри VII Ибни Муфарриғ дар Басра ба тамасхури тӯдаи одамон бо каломи мавзуни форсӣ ҷавоб гуфтааст.[5]

В.В.Бартолд дубайтаи форсии ба харобаҳои Самарқанд бахшидаро, ки Ибни Хурдодбеҳ (асри IХ ва аввали асри Х) ҳифз намудааст, қайд мекунад.[6] Бартолд ҳамчунон маълумоти Табариро дар бораи шайхҳои Мароға, ки шеърҳои «ба форсӣ» эҷодкардаи Муҳаммад ибни Баисро (ваф. миёнаҳои асри IХ) мехондаанд, хотирнишон кардааст. Дигар маълумоти Табарӣ (дар санаи 727/728 ва 737) оид ба суруди ҳазломезе, ки сокинони Балх дар бораи ҳуҷуми бебарори қоиммақоми араб дар Хуросон – Асад ибни Абдуллоҳ ба муқобили мардуми башӯромадаи кӯҳистони Хатлон эҷод кардаанд, дар фасли гузашта зикр гардид.[7]

Қаринаи ин маълумот ва худи характери суруд нишон медиҳад, ки вай аз байни халқ баромадааст. ҳамин тавр, шубҳае намемонад, ки дар ибтидои асри VIII забони зиндаи аҳолии Балх (ва ё қисми он) забони форсӣ будааст. Эҷодиёти бадеӣ ба ин забон, бешубҳа, дар байни монавиҳо низ вуҷуд дошт. Инро ду порчаи шеърии ба хати монӣ навишташуда, ки аз рӯи хулосаи профессор ҳеннинг ба қалами яке аз ҳамзамонони Рӯдакӣ тааллуқ дорад, тасдиқ мекунад.[8]

Шароити ба майдони васеи ҳаёти сиёсӣ ва маданӣ баромадани забони форсӣ ва барои дар хати арабӣ таҷассум кардани он, пеш аз ҳама, дар вилоятҳои шарқии хилофат – дар Мовароуннаҳр, Хуросон, Систон пайдо шуда буд. Маҳз дар ҳамин ҷойҳо аввалин давлатдориҳои мустақили Тоҳириён (821-873), Саффориён (873-903), Сомониён (875-999) ба вуҷуд омаданд ва аъёну ашрофи феодалии маҳаллӣ ва доираҳои тарафдори онҳо забони модарии худ, забони аҳолии маҳаллӣ – забони форсиро ба сифати забони давлатӣ ва адабӣ пешниҳод карда, бо ҳамин роҳ истиқлолияти сиёсӣ ва мадании худро дар наз- ди хилофати араб таъкид ва таъйид менамуданд. Аз ин рӯ, табиист, ки аввалин кӯшишҳои сабти хаттии ин забон ба воситаи алифбои арабӣ дар сарзамини Мовароуннаҳр, Хуросон ва Систон ба вуқӯъ пайвастааст. Ба илм кай, дар куҷо ва аз тарафи кӣ дар таълифи асарҳои бадеии форсӣ истифода шудани алифбои арабӣ маълум нест, аммо равшан аст, ки худи зиндагӣ, шароити таърихии Мовароуннаҳр, Хуросон ва Систони то асрҳои IХ-Х бо забони маҳаллӣ ба вуҷуд овардани хат ва адабиёти хаттиро тақозо мекарданд. ҳарчанд маълумоти сарчашмаҳо комилан саҳеҳ ва аниқ набошанд ҳам, ба ҳар ҳол метавонанд вазъияти муайяни таърихиеро, ки дар он протсесси забони адабии арабиро танг карда баровардани забони форсӣ ба вуқӯъ мепайваст, хеле равшан нишон диҳанд. Маълумоти нисбатан машҳур ва пурарзише, ки ин амри воқеиро ба дурустӣ акс мекунад, дар «Таърихи Систон» сабт гардидааст. Дар сарчашмаи мазкур дар боби ҳуҷуми Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ ба ҳирот (867) чунин оварда шудааст: «…шуаро ба шарафи ӯ шеърҳои арабӣ гуфтанд: «Оллоҳ шаҳриён ва рустоиёнро бо салтанати Яъқуби қобил ва қодир шарафёб гардонид… Чун ин қабил шеър бихонданд, Яъқуб, ки марди нохондае буд, аз маънӣ огоҳ нашуд. Муҳаммад ибни Восиф ҳузур дошт. Ӯ дабири девони сафир буд ва шахси муаддаб. Он вақт номаи порсӣ набуд. Яъқуб бигуфт: «Чаро он гуфт, ки ман намефаҳмам?» Пас, Муҳаммад ибни Восиф шеъри порсӣ гуфтан гирифт ва аввалин касе аз Аҷам буд, ки шеъри порсӣ гуфт…»[9]

Дар ин маълумот сабабҳои аз шеъргӯии арабӣ ба шеъргӯии форсӣ гузаштани шоирони маҳаллӣ ҷолиби диққат аст: ба намояндаи ҳукмрони маҳаллӣ Яъқуб ибни Лайс шеъри ба арабӣ гуфташуда бегона ва нофаҳмост.

Дар сарчашмаҳо, инчунин дигар шоирони ин давра, ки ба забони форсӣ шеър мегуфтанд, зикр гардида,[10] порчаҳои алоҳида аз осори бадеии онҳо оварда шудаанд.[11] Қобили қайд аст, ки қариб ҳамаи ин шоирон дар Мовароуннаҳр, Хуросон, Систон – вилоятҳое, ки дар ҳудуди онҳо протсесси ташаккули халқи тоҷик ба вуҷуд меомад, таваллуд ёфта, умр ба сар бурдаанд. Инкишофи пуршукӯҳи адабиёти классикии тоҷику форс, махсусан, аз давраи Сомониён, аз даврае, ки Рӯдакӣ (охири асри IХ миёнаи асри Х) ва Фирдавсӣ (933/934-1020 ё 1025) ва инчунин, ҳамзамонҳои онҳо Дақиқӣ (соли ваф. 977), Абулҳасан Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ ва дигарон асарҳои пурқимати бадеиашонро ба забони форсӣ эҷод кардаанд, сар мешавад. Ба вуҷуд омадани аввалин асарҳои насрии адабиёти классикии тоҷику форс низ ба ҳамин замон ва маҳал тааллуқ доранд, ки дар байни онҳо, пеш аз ҳама, асарҳои зеринро бояд ном бурд:

1) «Муқаддимаи Абӯмансурӣ»-и «Шоҳнома», ки соли 957 дар Тӯс (Хуросон) навишта шудааст;

2) «Дорушиносӣ»-и Муваффақи ҳиравӣ дар замони ҳукмронии Мансур ибн Нӯҳ (961-976) дар Бухоро навишта шудааст;[12]

3) «ҳудуд-ул-олам» асари ҷуғрофии муаллифаш номаълум, ки соли 982/983 дар Гургон (шимолу ғарби Афғонистони имрӯза) ба таълифи он шурӯъ кардаанд;

4) Асари ҷуғрофии Абулмуайяди Балхӣ, ки бо номи «Аҷоиб-ул-булдон» ва ё «Китоби аҷоиботи баҳру бар» [13] машҳур аст.

Аз миёнаҳои асри ХI адабиёти классикии тоҷику форс бо як қатор асарҳои оригиналии таърихӣ, монанди «Зайн-ул-ахбор»-и Абӯсаиди Гардезӣ (таълифаш дар байни солҳои 1048 ва 1052), «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ (соли ваф. 1077), «Таърихи Систон» (муаллифаш маълум нест, қисми асосиаш, ба назари мо, дар нимаи дувуми асри ХI навишта шудааст) бой мегардад.

Майли дар адабиёти хаттӣ ҷорӣ кардани забони модарӣ дар фаъолияти тарҷумонии давраи Сомониён низ равшан мушоҳида мешавад. Дар байни асарҳои дар ин давра аз арабӣ ба забони форсӣ тарҷумашуда асари машҳури «Таърихи Табарӣ» ва асари дигари калонҳаҷми ӯ «Тафсир» (тафсири Қуръон) аҳамияти бештар касб кардаанд. Тарҷумаи ҳар дуи ин асар (аниқтараш тарҷумаи асари аввал тафсир аст) ба як давраи муайян (қариб соли 963)[14] тааллуқ дошта, бо фармони ҳокимони сомонӣ ва муқаррабони онҳо иҷро шудаанд. Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» ба қалами ходими намоёни давраи Сомониён Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ, ки чун ҳомии адабиёт низ машҳур аст, тааллуқ дорад. Худи Балъамӣ дар сарсухани арабии асар сабаби ба тарҷума даст задани худро чунин баён мекунад: «Ва (ин китобро) порсии дарӣ гардонидам, то малик ва атбои ӯ битавонанд хондан ва фаҳмидан ва ба ҳар касе, ки бихоҳад маонии он донистан, мушкиле рӯ наёрад». Айнан бо ҳамин ният китоби «Тафсир» ҳам, мисли асари зикршуда, бо фармони амири сомонӣ Мансур ибни Нӯҳ (961-976) ба забони форсӣ тарҷума шудааст.

Боз як далели дигарро меорем, ки ба давраи Сомониён мансуб аст:

Амири Сомонӣ[15] уламои Мовароуннаҳрро ҷамъ карда, супориш дод, ки асаре роҷеъ ба оину русумот иншо кунанд. Имомҳои Бухоро ба Хоҷаимом Абулқосим ҳакими Самарқандӣ[16] ишора карданд. Вай ин китобро ба арабӣ таълиф намуд ва кулли уламо писандиданд. Пас амир «фармуд, ки ин китобро ба порсӣ бояд кард, то хоссу омро манфиат бувад». Аз ин маълумот ва далелҳо чунин бармеояд, ки сабаби асосии ҷорӣ кардани забони хаттии форсӣ асарҳои бо ин хат навишташударо ба аҳолии маҳаллӣ дастрас намудан будааст.

Забони арабӣ, албатта, якбора ҷои худро ба забони форсии нав соҳиби хатшуда надод. Адабиёти хаттии арабӣ ва адабиёти хаттии форсӣ дар муддати мадид ба таври мувозӣ вуҷуд доштанд.[17] Аммо забони форсӣ кам-кам доираи истеъмоли забони арабиро дар соҳаҳои гуногуни адабиёти хаттӣ маҳдуд кардан гирифт. Таваҷҷӯҳ шавад ба ин маълумоти «Таърихи Систон»: «Шуарои араб ба ӯ шеърҳои зиёде бахшиданд, аммо матлаби мо дар ин китоб шеъри порсист, ба истиснои он мавриде, ки мо оҷиз бошем ва шеъри порсӣ пайдо карда натавонем».[18]

Чунон ки дуруст таъкид шудааст, интишори забони форсӣ дар соҳаҳои гуногуни хат «қонунияти прогрессивии таърихӣ буда, муборизаи мардуми як қатор давлатҳои Эрон ва Осиёи Миёнаро ба муқобили ҳукмронии сиёсӣ ва мафкуравии хилофат инъикос мекард».[19]

Далелҳои сершумори ҳаёти маданӣ ва адабии Осиёи Миёнаи пеш аз муғул нишон медиҳанд, ки забони арабӣ барои аҳолии ин мамлакатҳо ҳамеша бегона буд ва дар хат ҷорӣ кардани забони ин мардум, яъне забони порсӣ яке аз муҳимтарин заруратҳои замон ба шумор мерафт. Маълум аст, ки асари Наршахӣ «Таърихи Бухоро» бори аввал ба забони арабӣ (933–934) навишта шуда буд, аммо соли 1128 ба забони форсӣ тарҷума шуда, соли 1178 ин тарҷума дубора таҳрир ёфт.

Дар ин бора мутарҷими асар дар муқаддимаи он чунин менависад: «Ва таълифи ин китоб ба арабӣ будааст ба иборати балеғ… ва чун бештар мардум ба хондани китоби арабӣ рағбат наменамуданд, дӯстон аз ман дархост карданд, ки ин китобро ба форсӣ тарҷума кун. Дархости ишонро иҷобат кардам ва ин китобро баъд аз гузаштани яксаду навад сол аз таълифи он ба порсӣ тарҷума кардам».[20]

Пас аз Мовароуннаҳр, Хуросон ва Систон дар дигар вилоятҳои Эрон (ба маънои васеи ин калима) забони форсӣ доираи забони арабиро дар навиштаҷот беш аз пеш танг мекунад. Дар охири асри Х ва аввали асри ХI дар Гургон дар дарбори Қобус ибни Вушмгир (976-1012), аз аввали асри ХI дар Ғазна дар дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ (988-1030), аз солҳои 40-уми асри ХI дар Табриз (Қатрон) баъзе шоирон ба гуфтани шеъри форсӣ сар мекунанд. Аз соли 1022 то соли 1037 фаъолияти донишманди бузурги халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар Исфаҳон мегузарад ва дар ҳамин ҷо барои ҳокими маҳаллӣ якчанд асар, аз ҷумла асари машҳураш «Донишнома» ё «Донистанномаи Алоӣ»-ро ба забони форсӣ эҷод кардааст. Дар ин ҷо низ ба мисли Мовароуннаҳр ва Хуросон сабаби аз адабиёти арабизабон ба адабиёти форсизабон гузаштани он ба оммаи халқ фаҳмо шудани ин адабиёт буд. Муаллифи яке аз асарҳои чоряки аввали асри ХII чунин менависад: «Ва шунидам, ки худованди мозӣ Алоуддавла…[21] хоҷараис Абӯалӣ ибни Синоро гуфт: – Агар илми аввал ба иборати порсӣ будӣ, ман битавонистаме донистан! Бад-ин сабаб ба ҳукми фармон «Донистанномаи Алоӣ» сохт ва чун пардохт ва арза кард, аз он ҳеҷ дарнатавонист ёфтан».[22]

Худи Абӯалӣ ибни Сино ҳам ба забони форсӣ эҷод кардани чанде аз асарҳои илмиашро бо майли ба омма фаҳмо кардани онҳо алоқаманд кардааст.

Таъсир ва шӯҳрати адабиёти хаттии форсӣ дар асрҳои миёна чунон бузург буд, ки вай на танҳо дар мамлакатҳое, ки забони форсӣ барои аҳолии онҳо забони модарӣ ҳисоб мешуд (Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони ғарбӣ), балки дар кишварҳои берун аз ҳудуди онҳо Озарбойҷон, Осиёи Хурд, Курдистон, Афғонистон, ҳиндустони шимолӣ, Туркистони Шарқӣ низ эҷод мешуд.

Мумкин аст хотирнишон кард, ки адабиёти хаттии форсизабон аз охири асри IХ ва аввали асри Х дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ ва мадании мамлакатҳои гуногуни Шарқи Наздик ва Миёна васеъ паҳн мешавад. Забони форсӣ на фақат барои мардуми тоҷик ва форс, инчунин барои халқҳои гуногуни ин нуқоти Шарқ курдҳо, афғонҳо, ҳиндуҳо, мардуми туркзабони Озарбойҷон, Осиёи Хурд ва Мовароуннаҳр дар ибтидои асрҳои миёна (ва аксаран баъдтар ҳам) забони асосӣ ва забони асосии (ва ҳатто ягонаи) адабиёти хаттӣ ба шумор мерафт.

Забони форсӣ забони арабиро, ҳатто дар навиштаҷоти асбобҳои рӯзгор ва катибаҳо танг кардааст. Аввалин хати ба забони форсӣ дар рӯи пиёлаи нуқра сабтшуда ба асри ХI тааллуқ дорад.[23] Дар хатти арабии рӯи сафолпораҳое, ки аз ҳафриёти археологии Марв ёфт шудаанд, ба гуфти М.Е.Массон, таъсири талаффузи забони тоҷикӣ аён аст.[24] Аввалин матни тоҷикии дар рӯи қайроқсанги аз қабристони Самарқанд пайдошуда ба аввали асри ХIII тааллуқ дорад.[25]

Дар ҳамаи сарчашмаҳо забони ин адабиёти арабихат «форсӣ», «порсӣ», «порсии дарӣ» номида мешавад.

Ин номҳо чиро ифода мекунанд? Калимаи «дарӣ» сифати нисбӣ аз «дар», яъне дарбор (дарбори шоҳ) буда, маънои «дарборӣ»-ро дорад. Дар ин истилоҳ вазъияти конкрети маданию таърихии он замон, замоне, ки адабиёти хаттӣ асосан дар дарбори ҳукуматдорони феодалӣ ба вуҷуд меомад, инъикос ёфтааст.

Муаллифони арабизабони асрҳои миёна ин истилоҳро ба забони дарбори Сосониён дар Мадоин алоқаманд мекунанд. Дар давраҳои баъдина ин истилоҳ маъноҳои дигар низ пайдо намуд, аз ҷумла, услуби муайяни аввалин асарҳои ба забони форсӣ эҷодшуда, ки аз арабизмҳои зиёд ва гуфторҳои сертакаллуфи хоси забони адабии асрҳои минбаъда холианд, бо ҳамин истилоҳ ифода шудааст.[26]

Истилоҳи «дарӣ» дар адабиёти илмӣ баъзан бо лаҳҷаҳои маҳаллӣ порсҳои (зардуштони) Йазд ва Кирмон ва ҳамчунин лаҳҷаи Сивандӣ (воқеъ дар самти шарқии Теҳрон) ва ғ. низ мансубият пайдо кардааст. ҳоло ин истилоҳ дар Афғонистон нисбат ба шакли хаттии яке аз забонҳои расмии ин мамлакат –забони форсии кобулӣ истифода мешавад.

«Забони форсӣ» ва «забони дарӣ»-ро ҳамчун ду забони гуногун ба ҳамдигар муқобил гузоштан ҳам нодуруст аст. Балъамӣ дар муқаддимаи арабии «Таърихи Табарӣ» (қариби соли 963) забони тарҷумаашро «забони форсии дарӣ» меномад. Баъдтар (зоҳиран, баъд аз соли 976[27]) муқаддимаи арабии ин тарҷума ба муқаддимаи форсӣ баргардонда мешавад, ки дар он забони ин тарҷума «порсӣ» номида шудааст. ҳамин тавр, ҳеч як шубҳае нест, ки истилоҳҳои форсӣ, форсии дарӣ, ба айни як маъно кор фармуда шудаанд. Бо ҳамаи ин истилоҳҳо як забон – забони адабиёти классикии форсу тоҷик «забон порсӣ» ифода шудааст.

Ба он ақида ҳам, ки забони паҳлавӣ (забони форсии миёна) ва забони форсӣ гӯё ду забони гуногун бошанд, розӣ шудан мумкин нест. «Забони форсии миёна ва забони форсӣ (забони бо хати арабӣ навишташудаи осори адабиёти тоҷику форс) ду давраи инкишофи пай дар паи як забон мебошанд, ки дар хатҳои гуногунсистема – паҳлавӣ, монӣ, арабӣ инъикос ёфтаанд. Муаллифоне, ки забони форсӣ ва забони форсии миёнаро аз ҳам ҷудо мекунанд, хоҳу нохоҳ таърихи забони адабиёти классикии тоҷикро маҳдуд мекунанд. Ин забон ду-се аср пеш аз истилои араб не, чунон ки баъзе муаллифон менависанд,[28] балки якуним ҳазор сол пештар ба вуҷуд омада, ёдгориҳои хаттии он ба асри VI пеш аз милод рафта мерасад.

Ду масъаларо аз ҳамдигар фарқ кардан лозим аст: яке – масъалаи макон ва замони пайдоиши забони адабиёти классикии тоҷику форс, масъалаи асосии лаҳҷавии забони ин адабиёт ва дигаре – масъалаи таърихи ин забон ва ҷои он дар байни забонҳои дигари эронӣ.

Оид ба масъалаи якум ба вуҷуд омадани ду фикр мумкин нест. «Забони адабиёти классикии тоҷику форс дар ҳудуди Мовароуннаҳр, Систон, Хуросон ташаккул ёфтааст. Маҳз дар ҳамин ҷо, (асрҳои IХ-Х) пояи забони адабие, ки дар ҳаёти таърихию мадании Осиёи Миёна, Эрон ва мамлакатҳои дигари Шарқи Наздик ва Миёна роли бузург бозидааст, устувор гардид. Маҳз аз Бухоро, Самарқанд, Балх, ҳирот, Тӯс ва дигар вилоятҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Систон аввалин эҷодкорони бузурги ин адабиёт ба зуҳур омаданд. Ном гирифтани Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём кифоя аст. Ин ҳам тасодуф нест, ки бузургтарин шоирони дарбори Ғазнавиён ва Салҷуқиён аз вилоятҳои мазкур (Унсурӣ аз Балх, Фаррухӣ аз Систон, Анварӣ аз Сарахс, Муиззӣ аз Нишопур ва ғ.) баромаданд. Мувофиқи маълумоти тазкираи Муҳаммад Авфӣ (1221, 1222), ки қадимтарин тазкираи то ба замони мо расида «Лубоб-ал-боб» ба шумор меравад, аз 106 шоири замони Салҷуқиҳо 68 нафарашон дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ва танҳо 16 нафари онҳо дар вилоятҳои ғарбии Эрон ба дунё омадаанд.[29]

Ин далелҳо бори дигар собит мекунанд, ки то давраи ҳуҷуми муғулҳо адабиёти форсизабон на дар ҳудуди Эрони ғарбӣ, балки дар ҳудуди Мовароуннаҳр, Хуросон, Систон дар ҳудуди вилоятҳое, ки асосгузорони адабиёти классикии тоҷику форс Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва ҳамзамонону пайравони онҳо зиндагӣ ва асар эҷод мекарданд, инкишоф ёфтааст. Аз ин рӯ, бесабаб нест, ки Асадии Тӯсӣ дар муқаддимаи «Луғати фурс» (1065-1066) «луғати фурс — лисони аҳли Балх, Мовароуннаҳр ва Хуросон» гуфтааст.[30]

ҳар гоҳ ки сухан аз таърихи қадимтарин марҳилаҳои инкишофи ин забон равад, забони адабиёти классикии тоҷику форсро аз давраҳои гузаштаи тараққиёти он, ки дар ёдгориҳои хаттии форсии қадим ва миёна муҷассам шудааст, набояд ҷудо кард. Ин забон дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомадааст ва ба вуҷуд омада ҳам наметавонист. Таърихи он на ин ки аз давраи истилои араб, балки аз асари VI пеш аз милод шурӯъ мегардад, ки ин иддаоро ёдгориҳои хаттӣ тасдиқ менамоянд.

[1] Ниг.: Hӯnning W. В., 1958; Оранский И.М., 1960, с. 167, 187, 196; «История таджикского народа», т. I, 1963, с. 431–563, 556–565.

[2] Муроҷиат фармоед ба ахбороти ал-Берунӣ дар бораи аз тарафи Rутайба нест кардани ёдгориҳои хаттии Хоразми rадим. Ниг.: Берунӣ, 1957, с.48, 63. Муr. кунед: наrли дар «Тазкираи Давлатшоҳ» (асри ХV) дар бораи бо фармони амири Хуросон Абдулло ибни Тоҳир (солҳои 828-844) нобуд кардани «мероси зардуштӣ» ва умуман «асарҳои uайриарабӣ» (Ниг.: И. М. Оранский, 1960, 257).

[3] Крачковскийҳо В.А. ва И.Ю., 1934, с. 52; 1955, с. 182–212.

[4] Дар бораи шоирони форс, ки ба арабӣ шеър эҷод кардаанд, ниг.: Эберман В. А., 1927. Муфассал доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Абӯ Нувос ниг.: Шидфар Б.Я., Абу Нувас. М., 1978.

[5] Ниг.: Марр Ю.Н., 1939, с. 63.

[6] Ниг.: ВSOS,vol. II, раrt. IV, 1923, рр. 836–838; ИАН, 1933, № 3, 270–271.

[7] Табарӣ, II, 1492, 1494, 1603.

[8] Ниг.: Hӯnning W. В., 1962.

[9] Ин порча дар чанд тарҷума, аз ҷумла, дар тарҷумаи русӣ ҳам маълум аст. Ниг.: ВЯ, 1955, № 5, с. 79–80; Оранский И.М., 1960, с.264-265; «Таърихи Систон», 1974, с.210-213.

[10] Rӯmpis Ch. Н., GDMG.

[11] Аз рӯи ҳисоби Л.П. Смирнова танҳо дар «Таърихи Систон» 126 байт ба забони форсӣ оварда шудааст. Ниг.: «Таърихи Систон», 1974, с. 29.

[12] Маҳз ҳамин асар аз rадимтарин дастхатҳои бо хати арабӣ китобатшудаи тоҷикӣ-форсист, ки то замони мо омада расидааст.

[13] Ин асари ягонаи Абулмуайяди Балхист, ки дастраси мо гардидааст. Асарҳои дар дигар сарчашмаҳо («Таърихи Систон») ёдоваршудаи ин муаллиф («Шоҳнома»-и манзум ва мансур, инчунин китоби «Гаршосп», ки шояд ба таркиби асари аввала дохил мешуда бошад) чун иrтибосҳои алоҳида дар асарҳои муаллифони дигар боrӣ мондаанд. Дар бораи Абулмуайяди Балхӣ ва асарҳои ӯ ниг.: Lazard G., Aӣul Mu’ayadi Ӣalkhi, 1967; дар китоби «Таърихи Систон», с. 30–31.

[14] Тахмин мекунанд, ки гӯё тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» соли 936 сар шуда бошад. Ниг.: Грязневич П.А. ва Болдырев А.Н., 1957, с. 55, эзоҳи 37.

[15] Аз афти кор, Наср II (914–943) ё Нӯҳ I (943–954).

[16] Соли 953/954 вафот кардааст.

[17] Анъанаи аз забони арабӣ истифода бурдан махсусан дар асарҳои динӣ ва илмӣ хеле устувор буд.

[18] «Таърихи Систон», 1974, с. 310.

[19] Болдырев А.Н., 1955, с. 87.

[20] Наршахӣ, «Таърихи Бухоро» (муrаддимаи тарҷумаи форсӣ), 1904, с. 3.

[21] {окими Исфаҳон аз соли 1007 то 1041.

[22] Иrтибос аз маrолаи Болдырев А. Н., «Из истории развития персидского литературного языка», «Вопросы языкознания», 1955, № 5, с. 83.

[23] Маршак Б.И., 1976, с. 162.

[24] Массон М.Е., 1978, с. 88.

[25] ФС, 237.

[26] Семенов А.А., 1960.

[27] Ниг.: Грязневич А.П. ва Болдырев А.Н., 1957, с. 56.

[28] Ниг.: «СШ», 1975, с. 132.

[29] Ниг.: Бертельс Е.Э., 1950, с. 63.

[30] Иrтибос аз «СШ», 1975, № 8, с. 131.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …