Главная / Ҷамъият / Сайидои Насафӣ – Шоир

Сайидои Насафӣ – Шоир

saidoi-nasafiСайидои Насафӣ яке аз шоирони машҳур буда, дар миёнаҳои нимаи аввали асри XVII дар Насаф (Қаршӣ) таваллуд ёфтааст. Соли таваллудаш аниқ маълум нест. Солҳоикўдакӣ ва таҳсили ибтидоии ў дар Насаф гузаштаанд. Баъд тар Сайидо ба Бухоро омада, таҳсилро дар мадраса давом медиҳад. Баъди хатми мадраса Сайидо ба зодгоҳаш барнагашта, то охири умраш дар Бухоро мемонад. Ў худаш косиби бофанда буд. Бинобар ин, баробари шоирӣ ба касби бофандагӣ ҳам машғул шуда, зиндагиашро таъмин мекард.
Қисми зиёди шеърҳои Сайидо дар солҳои 70-уми асриXVII эҷод гардидаанд. Дар ин давра ў бо ҳаёти косибону ҳунармандон аз наздик шинос шуда, доираи ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад. Шеъри Сайидо дар дили халқ хеле зуд ҷомегирифт, зеро бо мазмуни ҳаёти иҷтимоӣ, содагии баён ва санъати баланди бадеият манфиати табақаи заҳматкашон, бахусус, косибонро ифода мекард. Аз ин лиҳоз, обрў ва эътибори Сайидо дар байни оммаи заҳматкаш торафт боло мешуд. Ў мехост, ки аз одамони бонуфузи табақаи боло ҳомие пайдо кунад ва бо Ҳоҷидодхоҳ ва Раҳимбии Юз наздикӣ пайдо мекунад. Вале дере нагузашта Ҳоҷидодхоҳ дар яке аз ҷангҳои феодалӣ ба қатл мерасад. Умедҳои аз Раҳимбӣ дош тааш ҳам натиҷае намедиҳанд.

Сайидо тасдиқ мекунад, ки агар аз дастурхони золимон нўши асал ҳавас кунӣ, ба ҷои он неши заҳролуд хоҳӣ чашид:

Нўше, ки ҳавас мекунӣ аз суфраи золим,
Нешест, ки аз хонаи занбўр барояд.

Сайидо худро аз арбоби давлат ва сармоядорон дур гирифт ва танҳо ба фазлу ҳунар ва қалами худ такя намуд.
Хомаамро такягоҳе дар ҷаҳон пайдо нашуд,Муттакои хеш аз теғи забон дорам ҳанўз.
Азбаски вазъияти зиндагиаш ниҳоят сахту душвор шудва илму ҳунар дигар қадре надошт, як қатор шоирон ватани худро тарк намуда, ба Ҳиндустон ва кишварҳои дигар ҳиҷрат намуданд.
Дар ин давра Сайидо пиронсол буд ва ниҳоят камбағал шуда буд, барои харчи сафар маблағе ҳам надошт. Бинобар ин, аз сафари Ҳиндустон худдорӣ менамояд. Аммо синфи ҳукмрон шоири озодфикру муборизро таъқиб намуда, ба ў фишор меоварданд, кўшиш мекарданд, ки шеърҳои Сайидо дар байни халқ паҳн нашаванд. Вале шеърҳои Сайидо кайҳо боз дар дили халқ нақш баста буданд:
Маро кай метавонад аз забонҳо ҷамъ кард акнун, Ман он рози ниҳон будам, ки берун аз даҳон рафтам. Сайидо тақрибан дар байни солҳои 1707-1711 дар шаҳри
Бухоро вафот кардааст Маҷмўаи шеърҳои Сайидо, ки зиёда аз 8500 байтро дар бар мегирад, то ба мо омада расидааст.

ОМАД БА ЁД
Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи ҷуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ў шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам.
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,
Сўхтам, чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лолагун,
Теғи ноҳақхўрда сайди бисмилам омад ба ёд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Ғазалро бурро ва ифоданок қироат намоед.
2. Мазмуни ғазалро нақл кунед.
3. Дар мисраи «Аз фиребу ваъдаҳои ў шудам розӣ ба марг»
шоир ваъдахилофии киро дар назар дорад?
4. Дар мисраи «Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шу-
дам» зери мафҳуми «баҳр» чӣ дар назар дошта шудааст?
5. Ғазалро аз ёд кунед.

ҒАНИМАТ АСТ
Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,
Базми висоли ғунчаи хандон ғанимат аст.
Бо қомати ҳамида равам сўй бўстон,
Наззораи бунафшаву райҳон ғанимат аст.
Ай боғбон, зи боғ ба берун чӣ меравӣ?
Будан ба пойи сарви хиромон ғанимат аст.
Ай ғунча, сар зи ҷайб ба девонагӣ барор,
Якчанд рўз чоки гиребон ғанимат аст.
Паҳлўи худ зи хоки чаман барнамекашам,
Чун соя хоби зери дарахтон ғанимат аст.
Ай Сайидо, чу бод ба ҳар ҷонибе марав,
Бар гирди хеш гард, ки даврон ғанимат аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Ғазалро ифоданок хонда, мазмуни онро нақл кунед.
2. Бигўед, ки Сайидо дар ин ғазал чиро ғанимат донистааст?
3. Байти охири ғазалро шарҳ диҳед ва аз маънои он хулоса
бароред.
4. Ғазалро азбар кунед.

«БАҲОРИЁТ»

… Мехоҳам, аз вуҳуш171 замоне сухан кунам,
Дафъи малол172 то шавад аз табъи мардумон,
Рўзе мани ғариб дар айёми навбаҳор,
Аз кунҷи хона ҷониби саҳро шудам равон.
Дидам нишаста бар дари сўрох мушаке,
Мекард худ ба худ сифати хешро баён:

МУШ
«Дорам даруни хона зи анвои173 хўрданӣ,
Аз арзану ҷувориву мошу биринҷу нон.
Баққол кардааст муҳайё барои ман
Имрўз ҳар матоъ, ки чидаст дар дўкон.
Ҳар кас, ки ёфтаст таваллуд ба соли муш,
Гардад чу ман баҳушу адофаҳму нуктадон.
Гоҳе, ки аз ғазаб ба замин рахнаҳо кунам,
Аз ҷони санг наъра барояд, ки алъамон.
Аҷдоди ман ба мири мушон такя мекунад,
Имрўз дар баробари ман кист дар ҷаҳон?!»

РАСИДАНИ ГУРБА ДАР БАРОБАРИ МУШ

Дар васфи хеш буд, ки ногоҳ гурбае,
Худро расонд ҳамчу балоҳои осмон.
Зад силие, ки дар таҳи пояш фитод муш,
Гуфто: «Туӣ, ки омада даҳ пушт паҳлавон?
Ай беадаб, ту шарм надорӣ зи рўи ман?
Аҷдоди ту шуданд ҳама пеши ман калон.
Обои174 олии ту бувад кўршабпарак,
Абнои175 софили176 ту ҳам аз ҷинси сифлагон.
Пур кардаӣ зи хок ба ҳар хона рафтаӣ,
Ай хонаҳои халқ зи дасти ту хокдон!
Дандонзанист кори ту ҳар ҷо, ки донаест,
Ҳастӣ ҳамеша душмани анбори мардумон.
Бар ман бубину нек тамошо бикун маро,
Яъне зи шер сурати ман медиҳад нишон.
Пар(р)андае, ки бигзарад аз пеши чашми ман,
Ўро ба ҷанги хеш дарорам ҳамон замон…
Азбаски дар миёнаи мардум мукаррамам,
Ҷоям ҳамеша ҳаст ба паҳлўи меҳмон».

РАСИДАНИ САГ
Ногаҳ зи гурба ин суханонро шунид саг,
Фарёд карду гуфт, ки: – «Ай ҳамдами занон!
Монанди дуд дидадароист кори ту,
Аз дар бурун кунанд, дароӣ зи тобдон177,
Дар хонае, ки як нафасе нест хўрданӣ,
Бар бомҳо баромада гардӣ фиғонкунон.
Тифлону ақрабои ту, ай дузди косалес,
Омухтаанд дарбадариро зи модарон.
Гоҳе, ки нони сўхтае баҳри ман диҳанд,
Аз пеши ман гирифта гурезӣ ба нардбон.
Аз хонае, ки парчаи ноне ба ман расад,
Шаб то ба рўз бар дари ўям нигаҳбон.
Бар ҳар даре, ки мераваму ҳалқа мезанам,
Он хона эҳтиёҷ надорад ба посбон.
Бо он ки ҳаст мартабаи олие маро.
Дорам мани шикаста қаноат ба устухон».

РАСИДАНИ ГЎСФАНД
Бар гўсфанд чун хабари устухон расид,
Афтод оташе аҷаб ўро ба мағзи ҷон.
Он дам лабу даҳон зи чаро сохтан бубаст,
Худро ба як-ду хез расонид дар миён.
Гуфт: – «Ай палиди шумнафас, ҳадди худ шинос,
Бар устухони ман марасон ин ҳама забон!
Кори ту хунхурист ба саллоххонаҳо,
Ин ҷо шудӣ гурехта аз дасти сагкушон.
Пайваста кори ту ҷадалу ҷанг бо гадост,
Бар остон ту нолакунон, ў асозанон.
Бедории шаб аз ту бувад то дами саҳар,
Созад маҳалли файз туро хоб саргарон.
Ҳар рўз вақти субҳ шубон мебарад маро
Гоҳе ба сўи дашт, гаҳе сўи бўстон…
Қассобро зи хуни манаш теғ сурхрўст,
Бошад канорааш чу хиёбони арғувон.
Симинбарон кабоби дилу гурдаи мананд,
Пайваста аст равғани ман шаъни дегдон».

РАСИДАНИ ГУРГ
Чун ин мубоҳиса ба биёбон фасона шуд,
Худро расонд гург бад-эшон давон-давон.
Бар гўсфанд гуфт: – «Дилу гурдаи ту чист?
Чун аст рўдаҳои ту резам ба як замон?!
Гоҳе ба зери пушта ниҳон гардӣ аз гала,
Созад ба соҳиби ту маро куштанӣ шубон.
Доим даҳон ба равғани ту чарб мекунам,
Худ гў, ба пеши чанги ҳарисон туро чӣ шон?
Аҳволи ман чу шамъ ба ҳар базм равшан аст,
Дар пеши халқ нест маро ҳоҷати баён.
Дар хоби хеш ҳар ки бубинад шабе маро,
Гардад зи юмни178 ман ҳамаи рўз шодмон.
Гови замин чу дар назарам ҷилвагар шавад,
Созам ба як ишора ҷудо рони ў зи рон».

РАСИДАНИ ГОВ
Дар гўши гов бод расонид ин хабар,
Фарёд карду гуфт: – «Чӣ гуфтӣ? Бигў ҳамон!
Ҳар ҷо ки дидаӣ ту маро, гаштаӣ душох,
Бовар намекунӣ, бикун имрўз имтиҳон.
Гургӣ, валек қатраи борон надидаӣ,
Нашнидааст гўши ту овозаи сагон.
Гаҳ сулҳ мекунӣ ту ба чўпону гоҳ ҷанг,
Гургоштист179 кори ту пайваста бо шубон.
Шаб то ба рўз дўхтаам чашм бар замин,
Аз ман нагашта ҳеҷ кас озурда дар ҷаҳон.
Гоҳе ба гирди хирмани деҳқон шавам ба чарх,
Гоҳе ба халқ шир диҳам ҳамчу модарон.
Аҷдоди ман ба Одаму Ҳавво баробар аст,
Яъне марост гови замин аз бародарон».

РАСИДАНИ УШТУР
Уштур шунида гуфт, ки: – «Гўсолаӣ ҳанўз,
Берун накардаӣ сари худро зи коҳдон.
Обои ту ба ҳеҷ қаторе набудаанд,
Овардаӣ ба зўр ту худро дар ин миён.
Як раҳ ба пушту паҳлўи худ ҳам нигоҳ кун,
Аз хотири ту рафта магар чўби говрон?
Бар гарданат зананд чу дузд айрии душох180,
Аз коҳдон баранд сўи дашт каш-кашон…
Пайваста хор мехураму бор мекашам,
Ҳаргиз нагашта хотирам аз сорбон181 гарон.
Ҳар ҷо, ки будаам, ба ду зону нишастаам,
Дар бар кашида ҷомаи малла чу сўфиён».

РАСИДАНИ САНГПУШТ
Овози гирудори шутур чун баланд шуд,
Дарҳол сангпушт биёмад тапон-тапон.
Дар пушт чор оина, дар пеши рў сипар,
Бар даст санг, барзада доман чу ҷимриён182.
Аз санг рафта – рафта чу оташ забона зад,
Оғози гуфтугўй бигуфт: – «Ай сабукинон183!
Кунҷора дидаӣ магар имшаб ба хоби хеш?
Ё гов гаштаӣ ба хаёли ҷувозрон?
Дар умри хеш мисли ту лўъбат надидаам,
Кўтоҳақлу пойдарозу шикамкалон.
Дар зери бор нолакунон хоб меравӣ,
Хезӣ зи ҷой ҳамчу заифони погарон184.
Дандони ту саросар агар бишканам, равост,
Ҳаргиз туро касе назада санг бар даҳон.
Маълум шуд ба даҳр185, шутурдил186 ту будаӣ,
Бошад ҳамеша чашми ту бар дасти сорбон.
Аз фоқа187 рўзу шаб ба шикам санг бастаам,
Донанд халқ, дар бағалам ҳаст тоҳи188 нон.
Дар гўшае нишастааму хок мехўрам,
Бигзаштаам ба чилланишинӣ зи зоҳидон189
Рўзе, ки офтоб ба гармӣ шавад, алам,
Он рўз эҳтиёҷ надорам ба соябон».

РАСИДАНИ ХОРПУШТ
Бар гўши хорпушт чу ин моҷаро расид,
Ҳар мўй гашт бар тани ў неши190 хунфишон.
Чун мўр нарм – нарм қадамро ба раҳ ниҳод,
Паҳлўи сангпушт нишасту бигуфт: – «Ҳон!
Бар гирди хеш маъракае ҷамъ кардаӣ,
Дорӣ ба пушт сандалие ҳамчу қиссахон.
Аъҷубавор191 дар таҳи сандуқ ҷо шавӣ,
Айёри косапушт туро аз мусоҳибон192.
Саҳроиён зи косаи чўбини ту ба танг,
Исқотиёну193 косагарон аз ту дар фиғон.
Ҳаргиз надидаам ба барат ҷомаи дуруст,
Домони ту ҳамону гиребони ту ҳамон.
Аз дидани ту сўҳбати ин қавм шуд хунук,
Ай баднамой, хезу бирав зуд аз миён!
Ман умри худ ба хоркашӣ сарф кардаам,
3-он ваҷҳ194 гармрўй намоям ба мардумон.
Пероҳане ба сўзани худ бахя195 кардаам,
Дорам ба дўш ҷомаи шодӣ чу ҳоҷиён.
Бошад ҳамеша дар шаби маҳтоб хоби ман,
Болину бистарам ҳама хорест парниён».

РАСИДАНИ РЎБОҲ
Оҳанги хорпушт чу рўбоҳ гўш кард,
Аз шиддате, ки дошт, равон гашт думзанон.
Фарёд карду гуфт: – «Маро дур дидаӣ?
Имрўз ҳамчу хор баровардаӣ забон.
Дорӣ ба худ ғурур чу пирони хоркаш,
Оташ занам, ки дуд барояд туро зи ҷон!
Аз ҷунбиши ту дар ҳаракат буттаҳои хор,
Пайваста хурду резаи ман аз ту дар гумон.
Гар бинии ту канда ба дастат диҳам, равост,
То пеши халқ сар набарорӣ ба ину он.
Ман муддатест, хона дар ин дашт кардаам,
Накшодаам ба ҳеҷ кас аз хеш достон.
Паҳлў ба офтоб занад пўстини ман,
Доранд орзўи маро пир то ҷавон.
Шабҳои дай196 ба воситаи пўст мекашам,
То субҳ ҳамчу мағз дар оғўш дилбарон…
Гоҳе ки рўбарўй шавад душмане маро,
Ёбам зи рўи ақли худ аз дасти вай амон197.

РАСИДАНИ ХАРГЎШ
Харгўш сар ба хоби фароғат ниҳода буд,
Бедор гашту гуфт ба рўбоҳ он замон:
«Як зарра ақлу ҳуш агар доштӣ ба сар,
Ҳаргиз зи хона по наниҳодӣ бар остон.
Шабҳо равӣ чу дузд ба сўи маҳаллаҳо,
Чашмони худ чароғ кунӣ баҳри мокиён.
Бисёр зинда-зинда туро пўст кандаанд,
Афкандаанд мурдаи ту паҳлўи сагон.
Бар ҳар каси фақир муяссар намешавам,
Ҷон медиҳанд дар талабам мардуми калон.
Моланд агар ба пайкари198 худ равғани маро,
Бешакку шубҳа, дафъ кунад дарди устухон.
Гоҳе, ки ман ба одамиён ром мешавам,
Пайваста умри хеш кунам сарфи он макон».

РАСИДАНИ МАЙМУН
Харгўш чун ҳикояи худро тамом кард,
Маймун шунида паҳлўяш омад нафасзанон.
Гуфт: – «Ай дарозгўш, чаро лоф мезанӣ?
3-одамгарӣ на ҳаст туро ному на нишон!
Чун муши думбурида намоӣ ба чашми ман,
Ё баччаи бузе, ки бувад ҳар тараф давон.
Зин доштӣ ба пушт, туро мешудам савор,
Ҳастӣ ба пеши ман ту ҳам аз ҷумлаи харон.
Бикшо зи хоб чашму сари худ баланд кун,
Дар дасту пои ман назари хешро бимон.
Яъне ки нест сурати ман кам зи одамӣ,
Аммо кашидаам қадами худ аз он миён.
Нашъунамои ман шуда дар кўҳсори Ҳинд,
Асли ман аз Фарангу199 маро ном кордон.
Ҳар ҷо ки бешаест, дар ў сайр мекунам,
Ҳастам ба гирду гўшаи ў ҳамчу боғбон.
Аз меваҳо ба паҳлўи худ паҳн кардаам,
Гоҳе зи туршу гоҳ зи ширину нордон».

РАСИДАНИ ОҲУ
Оҳу расиду гашт ба ў рў ба рўву гуфт:
«Кам дидаем одами думдор дар ҷаҳон.
Одам касе ба сурати одам намерасад,
Бе мағз эътибор куҷо дорад устухон.
Гоҳе зи сўи шаҳр туро уфтад гузар,
Гардӣ ту пойкор200 ба арбоби лўлиён.
Дар пеши халқ масхарагӣ пеша мекунӣ,
Тифлон ба кўчаҳо зи қафои ту кафзанон201.
Гаҳ найнавозу гоҳ шубонӣ, гаҳе гадо,
Гоҳе асо ба даст шавӣ аз ясовулон202.
Дар даҳр агарчи сурати ман нест одамӣ,
Лекин марост сурати некў чу дилбарон.
Чашмам бувад зи ғамзаи Лайлӣ барандатар,
Девонаи мананд чу Маҷнун паривашон.
Гардад зи бўи мушк муаттар димоғҳо,
Бар ҳар тараф, ки рўй ниҳам ҳамчу навхатон.
Гоҳе, ки ҳамчу бод шавам дар давандагӣ,
Барқи ситезакор наёбад зи ман нишон».

РАСИДАНИ ПАЛАНГ
3-ин гуфтугў паланг даромад ба ҷастухез,
Худро расонд дар паси оҳу ҳамон замон.
Гуфт: – «Ай гурезапой, зи ҷангам куҷо равӣ?
Бо ман масоз ҷилвагарӣ ҳамчу духтарон!
Нофи туро ба коми ҳарифон буридаанд,
Бошанд хонаводаи ман аз ту комрон203.
Гар бар сари ту сояи калхот204 уфтад,
Дар зери пой хоб равӣ ҳамчу мокиён.
Яъне, ки ман ба хуни ту имрўз ташнаам,
Аз роҳи ташнагӣ ба лаби ман расид ҷон.
Аз қаҳр агар ба хок занам чанги хешро,
Чангу ғубор тира кунад рўи осмон.
Аз силиям кабуд бувад рўи фили чарх,
Акси думи ман аст, ки гўянд Каҳкашон».

РАСИДАНИ ФИЛ
Ошуфта гашт филу равон шуд сўи паланг,
Дандон ба якдигар зада ҳамчун муборизон.
Дум хода карда омаду хобонд гўшро,
Хартум205 бар замин заду гуфт: – «Ай алочапон!
Аз нохуни паланг чӣ нуқсон ба пои фил?
Тоҷи хурўсро чӣ ғам аз нўли мокиён?
Тундӣ макун, ки чарми ту бисёр дидаам,
Чун тахтапўст дар таҳи пои қаландарон.
Гўӣ, ки ҳеҷ кас набувад дар баробарам,
Дар ҳар канор ҳаст, маро чун ту чокарон206.
Дар рўзи ҷанг зери алам по сутун кунам,
Бошам бар остони дари фатҳ207 пуштбон…
Чун теғи обдор саропой ҷавҳарам,
Дандони ман равост, ки созанд зарнишон.
Дар пушти ман ниҳанд агар кўҳи Қофро208
Монанди барги коҳ наёяд маро гарон.
Хартуми ман чу гурз бувад вақти гирудор,
Ҳар мўи ман ба тундиву тезӣ бувад синон209.
Умрам ҳазор сол бувад дар миёни халқ,
Кам нест зиндагониям аз умри ҷовидон.
Бузругтаре210 зи ман набувад дар миёни қавм,
Имрўз зиндафил маро гуфта метавон».

РАСИДАНИ КАРК
Карк211 ин сухан зи фил шуниду қадам ниҳод,
Сар то ба пой чину гиреҳ карда абрўвон.
Дар пушту паҳлўяш халае зад ба шоху гуфт:
– «Ай тангчашм, ҳарф магў ин ҳама калон!
Аз филмоти ҳодиса ғофил нишастаӣ,
Дорӣ ту эътимод212 ба умри сабукинон.
Хартум наяст213 он, ки ба ў фахр мекунӣ,
Андохта ба биният айём ресмон…
Хат мекашӣ ба бинии худ кўчаҳои шаҳр,
Аз пушту паҳлўи ту ғуломон саводхон…
Рўзи масоф синаи худ мекунам сипар,
Гарданд рўбарўй зи пуштам диловарон.
Хоҳам, ки ҳамла дар сафи пиру ҷавон кунам,
Дар дил маро на бим зи тиру на аз камон.
Хосияти аҷиб ба шоҳам навиштаанд.
Ҳар кас нигоҳ дошт, гурезанд ҷинниён».

РАСИДАНИ ШЕР
Шер аз камин баромаду омад, ба карк гуфт:
– «Ай шохношикаста216, бикаш пой аз миён!
Бо ҳар кӣ монда шох ба шох истодаӣ,
Азбаски дар канори биёбон шудӣ калон.
Ай сахтрўй, сустқадам, чобукӣ макун,
Ҳастӣ ту пеш як қадам аз гови подабон.
Тифлонат аз забони ту парҳез мекунанд,
Бошӣ ту дар миёнаи ин қавм бадзабон…
Ҳаргиз шикори дигареро нахўрдаам,
Як раҳ ба хуни мурда наёлудаам даҳон.
Дар бешае, ки мераваму мекунам қарор.
Берун зи қаҳтсол шаванд аҳли он макон.
Бо ҳар ки бингарам, ҷигараш об мешавад,
Аз мўр камтаранд ба чашмам баҳодурон».

РАСИДАНИ МЎРЧА
Дар фикри дона мўрчае буд даргузар,
Омад ба шеру гуфт, ки: – «Ай Рустами замон!
Аз иттифоқи мўрчагон ғофилӣ магар
В-арна чаро ҳақир шумориву нотавон?
Хўроки аҳли байти ман аст аз нитоҷи217 ту,
Доим пур аст хонаам аз шербаччагон.
Тифлони ширмасти ман имрўз шергир,
Хешони нотавони мананд аз ту комрон.
Мўре шунидаӣ, ки Сулаймони218 вақтро
Бар аҳди худ ба рони малах карда меҳмон.
Ин рутба219 шуд муяссари ў аз шикастагӣ220
В-арна чӣ ҳадди мўрчаву лашкари гарон?»
Чун аз забони мўрча ин ҳарф шуд баланд,
Таслим карда-карда расиданд ваҳшиён…

САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Мазмуни «Баҳориёт»-ро мухтасар нақл кунед.
2. Дар симои ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ киҳо дар назар дош-
та шудаанд?
3. Мунозараи мўрча ва шерро шарҳ диҳед.
4. Аз гуфтаҳои мўрча чӣ хулоса бармеояд?
5. «Расидани мўрча»-ро азбар кунед.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …