Главная / Илм / Сунъи гардолуд кардани гул

Сунъи гардолуд кардани гул

Гардолудкунии сунъи  гардолуд кардани гул дар натичаи фаъолияти максадноки одамон сурат мегирад. Одамон гарди гарддо- ни як гулро ба гардгираки тухмдони гули дигар оварда, хосили рас- танихои кишоварзиро зиёд мекунанд ва ё навъхои нав ба нави растанихоро ба вучуд меоваранд. Барои ин дар давраи пеш аз гулшукуфт гардбаргхои гулро канда мепартоянд, то ки худгардолудшави ба вукуъ наояд. Баъд гулхои бегардбаргкардашударо бо халтачаи докагин мепушонанд, то ки хашарот ё шамол гулро тасодуфан гардолуд накунад. Каме дертар, вакте ки гардгирак барои кабул кардани гард тайёр мешавад, гардхои пешаки чамъовардашударо бо ёрии мукалам ба гардгираки гул мечошанд (пош медиханд).

suni-gardoludkuniБо ёрии гардолудонии сунъи хосилнокии чуворимакка ва офтоб- парастро (дар махалхои шароиташон хунук) фаровон ё афзун ме- гардонанд. Чи тавре ки маълум аст, офтобпараст одатан ба туфайли хашарот гардолуд мешавад, вале дар хавои хунук (дар минтакахои шимол ё баландкух) хашарот кариб ки парвоз намекунад. Бинобар он, барои дутарафа гардолудшавии офтобпараст онро баъзан ба таври сунъи гардолуд мекунанд. Барои ин одам кадкади чуяк рох гашта, дастпушаки аз матои нарму махин духташударо аввал ба як “сабадак”-и гули офтобпараст, баъд ба дигараш эхтиёткорона пахш мекунад. Ва хамин тавр гарди гули як растаниро ба гули дигар растанй мегузаронад.

Чуворимакка растании дутарафа гардолудшаванда буда, тавассути шамол гардолуд мешавад. Вай растании чудочинса (якхонаги) буда, тудагули чорубакаш аз гулхои гардбаргдор (нарина) ва тудагули сута-

аш аз гулхои тухмдондор (модина) иборат аст. Одатан гулхои наринаи чуво- римакка дар кисми нугии (болоии) растани, гулхои модина бошад, дар сутахои багали баргхои миёнаи он чойгиранд. Хангоми гулшукуфт аз сута сутунчахои дарози риштамонанди тухмдон бо гард гиракаш (риши чуворимакка) овезон мешаванд. Шамол чун коида ба гардгиракхо аз тудагули гулхои нарина гард меоварад. Гулхои нарина назар ба гулхои модинаи хамон растани пештар тайёр мешаванд.

Аммо дар хавои бешамол аксар вакт гард ба гардгирак наафтида, бисёр гулхои модина гардолуд нашуда мемонанд ва хосил кам мешавад. Бинобар он, гардолудонии сунъиро истифода мебаранд.

Барои ин гардхои пухтарасидаи тудагули чорубаки чуворимак- каро ба когази гафси кифмонанд печондашуда афшонда, гардашон- ро чамъ мекунанд. Баъд гардхои чамъовардаро ба гардгираки гул- хои модина мепошанд.

  1. Гардолудонии сунъиро ба чи максад истифода мебаранд?
  2. Барои гардолудонии сунъи гулро чи тавр тайёр мекунанд?
  3. Офтобпарастро чи тавр сунъи гардолуд мекунанд?
  4. Чуворимаккаро бо рохи сунъи чи тавр гардолуд мекунанд?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …