Главная / Маданият ва санъат / Маликушшуаро Муҳаммадтақии Баҳор

Маликушшуаро Муҳаммадтақии Баҳор

Маликушшуаро Муҳаммадтақии Баҳор яке аз шоиронва нависандагони бузурги давраи охири Эрон мебошад. Адабиётшиносон ўро «яке аз ситорагони тобони осмони адаби Эрон» мешуморанд.

Маликушшуаро Муҳаммадтақии БаҳорБаҳор як умр барои мудофиаи ҳуқуқи халқи худ, бароихалосии вай аз чанголи истисморгарони дохилӣ ва империалистони хориҷӣ, барои ба зиндагонии осуда, озод ва маданӣ расонидани мардуми ватанаш мубориза бурдааст. Баҳор яке аз насрнависони барҷастаи замони худ буда, дарэҷоди насри нави сода ва фаҳмо яке аз арбоби пешқадамиматбуоти Эрон будааст. Вай бо асарҳои илмии худ ба омўзиши забону адабиёти форс ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Баҳор бо шеърҳои худ ба муқобили зўроварони замона ва ба тарафдории халқи худ ҷидду ҷаҳд кардааст.

Муҳаммад Тақии Баҳор соли 1886 дар шаҳри Машҳад дароилаи шоири машҳури Хуросон Маликушшуаро Муҳаммад Козими Сабурӣ ба дунё омад. Ҳанўз дар айёми наврасӣ истеъдод ва завқи шоириаш маълум гаштааст. Ў аввалин шеърҳояшро ба падараш нишон дода, нахустин дарси шеърнависиро аз падараш гирифтааст. Ў донишҳои замони худро дар пеши устодони машҳури Хуросон аз худ карда ҳанўз дар ҳаждаҳсолагиаш ба қасидасароӣ шуғл варзидааст.

Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи мўре вайрон,
Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед

Бо сар шудани аввалин ҳаракатҳои инқилобӣ дар Эрон соли 1907 шўҳрати Баҳор низ ибтидо ёфт. Баҳор аз соли 1910 ба нашр намудани рўзномаҳои «Навбаҳор» ва «Тозабаҳор» шурўъ кард. Бо мақолаҳои оташин ва шеърҳои ҳаяҷонбахши худ ба муқобили мустамликачиёни хориҷӣ – империалистони англис ва ҳукумати подшоҳии Русия, ки дар он давра барои дар байни худ тақсим кардани Эрон ҷангу ҷидол доштанд, садои эътироз баланд кард. Баҳор дар сафи аввали муборизони роҳи озодӣ истода, аввалин натиҷаҳои фаъолияти озодихоҳонро ҳимоя намуд ва чандин бор ҳабс ва бадарға карда шуд.

Вақте Ризохон бо қасди ҳукмрони Эрон шудан ба майдон омад, Баҳор аз ҷумлаи муқобилони ў буд ва дар тамомимуддати ҳукмронии Ризохон, ки баъд худро шоҳи Эрон эълон намуд, аз бадхоҳони он ба шумор мерафт, дар таҳтитаъқибу назорати политсия мегашт. Бинобар, ин дар зиндагиаш нашр кардани куллиёти ашъораш ба вай муяссар нагардид. Куллиёти дуҷилдаи шоир фақат пас аз вафоташ,дар соли 1956 нашр гардидааст.

Баҳор дар баробари фаъолияти сиёсӣ фаъолияти пурсамари илмии худро низ давом дод. Ў аввал дар Дорулмуаллимин ва пас аз ташкил карда шудани Донишгоҳи Теҳрондар он ҷо дарси адабиёти форсӣ ва услубшиносӣ мегуфт.

Асари машҳури сеҷилдаи Баҳор «Сабкшиносӣ ё татаввури (дигаршавии) насри форсӣ» дар соҳаи тадқиқоти забон ва услуби насри форсӣ – тоҷикӣ асари хеле муфид ва мўътабаре буда, барои таърихи адабиёти форсу тоҷик аҳамияти бузурги илмӣ дорад.

Тарҷумаҳои Баҳор аз забони паҳлавӣ («Андарзи Озарбади Меҳраспандон», «Рисолаи мотигони шатранҷ» ва «Ёдгори Зарирон»), иштироки вай дар таълифи сарфу наҳви дуҷилдаи забони форсӣ ва китобҳои хониш барои мактабҳои миёнаи Эрон, асарҳои адабӣ ва таърихии вай дар бораи аҳволи Фирдавсӣ, Монӣ, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, «Таърихи аҳзоби сиёсии Эрон» аз ёдгориҳои пурарзиши илмӣ мебошанд.

Баҳор охирин рўзҳои умри худро, ки бештар дар бистари беморӣ мегузаштанд, ба мубориза барои сулҳ ва осоиш сарф намуд. Ў аз рўзи аввали таъсиси ҷамъияти тарафдорони сулҳ дар Эрон дар сари ин ҳаракат меистод. Ў байрақдори сулҳ шуданро барои худ ифтихори бузурге мешумурд. Баҳор дар ин давра яке аз қасидаҳои ҷовидонии худ «Чуғзи ҷанг»-ро навишт. Ў аз борони тўҳмат ва иғвоҳое, ки аз тарафи муқобилонаш ба сараш меборид, парвое накарда мегуфт: «Ман амри (кори) сулҳро ба хотири сулҳ на ба хотири он касоне, ки дар бораи он сўҳбат мекунанд, дўст медорам. Хоҳ ҳаводорони сулҳ аз Амрико ва Инглистон бошанду хоҳ аз Шўравӣ ва Чин, фарёди сулҳхоҳи асил қобили эҳтиром аст».

Баҳор яке аз аъзои фаъоли ҷамъияти алоқаи мадании Эрон ва собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буда, барои мустаҳкам шудани ин алоқа хизматҳо кардааст. Баҳор 21-уми апрели соли 1951 дар Теҳрон аз дунё гузашт.

АЙ ЗАН

Ҷавонбахту ҷаҳонороӣ, ай зан,
Ҷамолу зинати дунёӣ, ай зан.
Садаф хон асту соҳибхона ғаввос221,
Ту дар вай гавҳари яктоӣ, ай зан.
Ту якто гавҳарӣ дар дурҷи222 хона,
В-аз он беҳтар, ки гавҳарзоӣ, ай зан.
Ту дар айни латофат зўрмандӣ,
Ту ҳам гавҳар, ту ҳам дарёӣ, ай зан.
Чу мағз андар сару чун ҳуш дар мағз,
Баҷову лоиқу шоёӣ, ай зан.
Ту нури дидаи равшандилонӣ,
Азеро223 дархўру224 дарбоӣ225, ай зан.
Табиат худ чу коне пур зи лафз аст,
Ту он алфозро маъноӣ, ай зан.
Таолиллаҳ, ки дар боғи накўӣ,
Чу гул покизаву зебоӣ, ай зан.
Хато гуфтам, зи гул некўтарӣ ту,
Ки ҳам зебову ҳам доноӣ, ай зан.
Туро ҳоҷат ба ороиш набошад,
Ки худ по то ба сар ороӣ, ай зан.
Наъими227 зиндагиро бо ту бинам,
Ҳамоно нури чашми моӣ, ай зан.
Муаммои ҷаҳон ҳал кардию боз,
Ту худ асли муаммоҳоӣ, ай зан.
Набудӣ зиндагӣ, гар зан набудӣ,
Вуҷуди халқро мабдоӣ228, ай зан.
Бинои некбахтиро ба гетӣ,
Ту ҳам меъмору ҳам банноӣ229, ай зан.
Кавокиб232 ҷумла тан гўшанд, чун ту,
Шабонгаҳ гарми ло-лолоӣ230, ай зан.
Биғалтад ашки анҷум чун бари тифл,
Ту чашм аз хоби хуш бикшоӣ, ай зан.
Табиат ҷазбаи ишқ аз ту омўхт.
Ки ту худ ишқро мабноӣ231, ай зан
Табоеъ гоҳ лутфу гоҳ қаҳранд,
Ту лутф аз фарқи сар то пой, ай зан.
Биҳишти воқеӣ ҷоест, к-аз меҳр,
Ту бо фарзандгон он ҷоӣ, ай зан…
Дареғо, гар ту бо ин ҳушу идрок,
Ба ҷаҳл аз ин фузунтар поӣ, ай зан.
Дареғо, к-аз ҳисоби худ ватанро,
Ба ниматан фалаҷ фармоӣ, ай зан!

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Шоир кадом хислатҳои наҷиби занро васф кардааст?
  2. Байти

«Ту якто гавҳарӣ дар дурҷи хона В-аз он беҳтар, ки гавҳарзоӣ, ай зан!» – чӣ маънӣ дорад?

  1. Кадом хислатҳои номбарнамудаи шоирро шумо дар феълу рафтори модари худ мебинед?
  2. Мазмуни шеърро ба қисмҳо ҷудо намуда нақл кунед.
  3. Дар хона ба мазмуни шеър таваҷҷўҳ намуда, дар васфи модари худ иншо нависед.

ЧАШМА ВА САНГ

Ҷудо шуд яке чашма аз кўҳсор,
Ба раҳ гашт ногаҳ ба санге дучор.
Ба нармӣ чунин гуфт бо санги сахт:
– «Карам карда роҳе деҳ, ай некбахт!»
Гарон санги тирадилу сахтсар,
Задаш силию232 гуфт:
– «Дур, ай писар! Наҷунбидам аз сели зўрозмой,
Киӣ ту, ки пеши ту ҷунбам зи ҷой?!»
Нашуд чашма аз посухи санг сард,
Ба кандан дар истоду ибром233 кард
Басе канду ковиду кўшиш намуд,
К-аз он санги хоро раҳе баркушуд.
Зи кўшиш ба ҳар чиз хоҳӣ расид,
Ба ҳар чиз хоҳӣ, камоҳӣ234 расид.
Бирав, коргар бошу уммедвор,
Ки аз яъс ҷуз марг н-ояд ба кор!
Гарат пойдорист дар корҳо,
Шавад саҳл пеши ту душворҳо.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Шеърро бурро ва ифоданок қироат намоед.
  2. Чаро чашма ба санг бо нармӣ муроҷиат намуд, вале санг бо

дуруштӣ ва нописандӣ, ҳатто бо торсакӣ ба чашма ҷавоб дод?

  1. Ба санг чӣ баҳо медиҳед?
  2. Оқибати нописандӣ ва якравии санг чӣ шуд?
  3. Шоир ба кадом кори наҷиб даъват кардааст?
  4. Хулосаи шеърро аз байти мақтаъ ёбед.

ВАРЗИШ

Тани зинда воло ба варзандагист235,
Ки варзандагӣ мояи зиндагист.
Ба варзиш гарою сарафроз бош,
Ки фарҷоми236 сустӣ сарафкандагист.
Ба сахтӣ диҳад марди озода тан,
Ки поёни танпарварӣ бандагист.
Диле боядат равшану тан дуруст,
Агар ҷон-т ҷўёи фархундагист.
Касе, к-ў тавоно шуду тандуруст,
Хирадро ба мағзаш фурўзандагист.
Ҳунар ҷўй, то ком ёбиву ноз.
Ки ҷўяндагӣ роҳи ёбандагист!
Зи варзиш маёсову кўшанда бош,
Ки бунёди гетӣ ба кўшандагист.
Дурахшидани ин баланд офтоб,
Зи бисёркўшиву гардандагист.
Ниёгон-тро237 варзиш он моя дод,
Ки «Шаҳнома» з-эшон тобандагист.
Ту низ аз ниёгон биёмўз кор,
Агар дар сарат шўри сарзиндагист.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Шеърро ифоданок қироат намоед.
  2. Мазмуни шеърро нақл кунед.
  3. Шоир тандурустиро мояи чӣ донистааст?
  4. Шоир оқибати танпарвариро дар чӣ дидааст?
  5. Панҷ амали некро номбар кунед, ки шоир ба он даъват намудааст?

ҲАМА РАФТАНД

Даъвӣ чӣ кунӣ, доъиядорон ҳама рафтанд,
Шав, бори сафар банд, ки ёрон ҳама рафтанд.
Он гарди шитобанда, ки дар домани Сўҳроб
Гўяд чӣ нишинӣ, ки саворон ҳама рафтанд.
Доғ аст дили лолаву нилист бари сарв,
К-аз боғи ҷаҳон лолаъузорон ҳама рафтанд.
Гар нодира магдум шавад, ҳеҷ аҷаб нест,
К-аз шоҳи ҳунар нодиракорон ҳама рафтанд,
Афсўс, ки афсонасароён ҳама рафтанд,
Акдўҳ, ки андўҳгусорон ҳама рафтанд.
Фарёд, ки ганҷинатирозони маъонӣ
Ганҷина ниҳоданд ба морон, ҳама рафтанд.
Як мурғи гирифтор дар ин гулшани вайрон
Танҳо ба қафас монду ҳазорон ҳама рафтанд.
Хун бор, баҳор, аз мижа дар фурқати аҳбоб,
К-аз пеши ту чун абри баҳорон ҳама рафтанд.

АЗ ҚАФАС ОЗОД КУНЕД

Ман нагўям, ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.
Фасли гул мегузарад, ҳамнафасон, баҳри Худо,
Бинишинед ба боғеву маро ёд кунед.
Андалебон, гули сурӣ ба чаман кард вуруз,
Баҳри шобоши қудумаш ҳама фарёд кунед.
Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, ай мурғон,
Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед.
Ҳар ки дорад зи шумо мурғи асире ба қафас,
Бурда дар боғу ба ёди манаш озод кунед.
Ошёни мани бечора агар сўхт, чӣ бок?
Фикри вайрон шудани хонаи сайёд кунед.
Шамъ агар кушта шуд аз бод, мадоред аҷаб,
Ёди парвонаи ҳастӣ шуда бар бод кунед.
Бесутун бар сари роҳ аст, мабод аз Ширин
Хабаре гуфтаву ғамгин дили Фарход кунед.
Ҷавру бедод кунад умри ҷавонон кўтоҳ,
Ай бузургони Ватан, баҳри Худо, дод кунед.
Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи Мўре вайрон,
Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед.
Кунҷи вайронаи зиндон шуд агар саҳни Баҳор,
Шукри озодиву он ганҷи худод кунед.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Шеърҳои «Ҳама рафтанд» ва «Аз қафас озод кунед» дар
  2. кадом навъи адабӣ эҷод шудаанд?
  3. Ғазали «Ҳама рафтанд» ба кадом мавзўъ бахшида шудааст?
  4. Чаро Баҳор аз бевафоии умр ва даргузашти бузургон афсўс мехўрад?
  5. Дар ғазали «Аз қафас озод кунед» шоир асосан, ба кадомтоифаи мардум мароҷиат мекунад?
  6. Ғазали «Аз қафас озод кунед»-ро азёд, мазмуни мухтасари онро нақл кунед.

Байти:

Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи мўре вайрон,
Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед- ро шарҳу тав зеҳ диҳед.

Баҳор дар ин ғазал кадом хислотҳои писандидаро тарғиб намудааст?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …