Главная / Маданият ва санъат / Маликушшуаро Мухаммадтакии Бахор

Маликушшуаро Мухаммадтакии Бахор

Маликушшуаро Мухаммадтакии Бахор яке аз шоиронва нависандагони бузурги давраи охири Эрон мебошад. Адабиётшиносон уро «яке аз ситорагони тобони осмони адаби Эрон» мешуморанд.

Маликушшуаро Мухаммадтакии БахорБахор як умр барои мудофиаи хукуки халки худ, бароихалосии вай аз чанголи истисморгарони дохили ва империалистони хоричи, барои ба зиндагонии осуда, озод ва мадани расонидани мардуми ватанаш мубориза бурдааст. Бахор яке аз насрнависони барчастаи замони худ буда, дарэчоди насри нави сода ва фахмо яке аз арбоби пешкадамиматбуоти Эрон будааст. Вай бо асархои илмии худ ба омузиши забону адабиёти форс хиссаи арзанда гузоштааст.

Бахор бо шеърхои худ ба мукобили зуроварони замона ва ба тарафдории халки худ чидду чахд кардааст.

Мухаммад Такии Бахор соли 1886 дар шахри Машхад дароилаи шоири машхури Хуросон Маликушшуаро Мухаммад Козими Сабури ба дунё омад. Хануз дар айёми навраси истеъдод ва завки шоириаш маълум гаштааст. У аввалин шеърхояшро ба падараш нишон дода, нахустин дарси шеърнависиро аз падараш гирифтааст. У донишхои замони худро дар пеши устодони машхури Хуросон аз худ карда хануз дар хаждахсолагиаш ба касидасарои шугл варзидааст.

Гар шуд аз чаври шумо хонаи муре вайрон,
Хонаи хеш мухол аст, ки обод кунед

Бо сар шудани аввалин харакатхои инкилоби дар Эрон соли 1907 шухрати Бахор низ ибтидо ёфт. Бахор аз соли 1910 ба нашр намудани рузномахои «Навбахор» ва «Тозабахор» шуруъ кард. Бо маколахои оташин ва шеърхои хаячонбахши худ ба мукобили мустамликачиёни хоричи – империалистони англис ва хукумати подшохии Русия, ки дар он давра барои дар байни худ таксим кардани Эрон чангу чидол доштанд, садои эътироз баланд кард. Бахор дар сафи аввали муборизони рохи озоди истода, аввалин натичахои фаъолияти озодихохонро химоя намуд ва чандин бор хабс ва бадарга карда шуд.

Вакте Ризохон бо касди хукмрони Эрон шудан ба майдон омад, Бахор аз чумлаи мукобилони у буд ва дар тамомимуддати хукмронии Ризохон, ки баъд худро шохи Эрон эълон намуд, аз бадхохони он ба шумор мерафт, дар тахтитаъкибу назорати политсия мегашт. Бинобар, ин дар зиндагиаш нашр кардани куллиёти ашъораш ба вай муяссар нагардид. Куллиёти дучилдаи шоир факат пас аз вафоташ,дар соли 1956 нашр гардидааст.

Бахор дар баробари фаъолияти сиёси фаъолияти пурсамари илмии худро низ давом дод. У аввал дар Дорулмуаллимин ва пас аз ташкил карда шудани Донишгохи Техрондар он чо дарси адабиёти форси ва услубшиноси мегуфт.

Асари машхури сечилдаи Бахор «Сабкшиноси ё татаввури (дигаршавии) насри форси» дар сохаи тадкикоти забон ва услуби насри форси – точики асари хеле муфид ва муътабаре буда, барои таърихи адабиёти форсу точик ахамияти бузурги илми дорад.

Тарчумахои Бахор аз забони пахлави («Андарзи Озарбади Мехраспандон», «Рисолаи мотигони шатранч» ва «Ёдгори Зарирон»), иштироки вай дар таълифи сарфу нахви дучилдаи забони форси ва китобхои хониш барои мактабхои миёнаи Эрон, асархои адаби ва таърихии вай дар бораи ахволи Фирдавси, Мони, Мухаммад Чарири Табари, «Таърихи ахзоби сиёсии Эрон» аз ёдгорихои пурарзиши илми мебошанд.

Бахор охирин рузхои умри худро, ки бештар дар бистари бемори мегузаштанд, ба мубориза барои сулх ва осоиш сарф намуд. У аз рузи аввали таъсиси чамъияти тарафдорони сулх дар Эрон дар сари ин харакат меистод. У байракдори сулх шуданро барои худ ифтихори бузурге мешумурд. Бахор дар ин давра яке аз касидахои човидонии худ «Чугзи чанг»-ро навишт. У аз борони тухмат ва игвохое, ки аз тарафи мукобилонаш ба сараш меборид, парвое накарда мегуфт: «Ман амри (кори) сулхро ба хотири сулх на ба хотири он касоне, ки дар бораи он сухбат мекунанд, дуст медорам. Хох хаводорони сулх аз Амрико ва Инглистон бошанду хох аз Шурави ва Чин, фарёди сулххохи асил кобили эхтиром аст».

Бахор яке аз аъзои фаъоли чамъияти алокаи мадании Эрон ва собик Иттиходи Шурави буда, барои мустахкам шудани ин алока хизматхо кардааст. Бахор 21-уми апрели соли 1951 дар Техрон аз дунё гузашт.

АЙ ЗАН

Чавонбахту чахонорои, ай зан,
Чамолу зинати дунёи, ай зан.
Садаф хон асту сохибхона гаввос221,
Ту дар вай гавхари яктои, ай зан.
Ту якто гавхари дар дурчи222 хона,
В-аз он бехтар, ки гавхарзои, ай зан.
Ту дар айни латофат зурманди,
Ту хам гавхар, ту хам дарёи, ай зан.
Чу магз андар сару чун хуш дар магз,
Бачову лоику шоёи, ай зан.
Ту нури дидаи равшандилони,
Азеро223 дархуру224 дарбои225, ай зан.
Табиат худ чу коне пур зи лафз аст,
Ту он алфозро маънои, ай зан.
Таолиллах, ки дар боги накуи,
Чу гул покизаву зебои, ай зан.
Хато гуфтам, зи гул некутари ту,
Ки хам зебову хам донои, ай зан.
Туро хочат ба ороиш набошад,
Ки худ по то ба сар орои, ай зан.
Наъими227 зиндагиро бо ту бинам,
Хамоно нури чашми мои, ай зан.
Муаммои чахон хал кардию боз,
Ту худ асли муаммохои, ай зан.
Набуди зиндаги, гар зан набуди,
Вучуди халкро мабдои228, ай зан.
Бинои некбахтиро ба гети,
Ту хам меъмору хам баннои229, ай зан.
Кавокиб232 чумла тан гушанд, чун ту,
Шабонгах гарми ло-лолои230, ай зан.
Бигалтад ашки анчум чун бари тифл,
Ту чашм аз хоби хуш бикшои, ай зан.
Табиат чазбаи ишк аз ту омухт.
Ки ту худ ишкро мабнои231, ай зан
Табоеъ гох лутфу гох кахранд,
Ту лутф аз фарки сар то пой, ай зан.
Бихишти вокеи чоест, к-аз мехр,
Ту бо фарзандгон он чои, ай зан…
Дарего, гар ту бо ин хушу идрок,
Ба чахл аз ин фузунтар пои, ай зан.
Дарего, к-аз хисоби худ ватанро,
Ба ниматан фалач фармои, ай зан!

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Шоир кадом хислатхои начиби занро васф кардааст?
  2. Байти

«Ту якто гавхари дар дурчи хона В-аз он бехтар, ки гавхарзои, ай зан!» – чи маъни дорад?

  1. Кадом хислатхои номбарнамудаи шоирро шумо дар феълу рафтори модари худ мебинед?
  2. Мазмуни шеърро ба кисмхо чудо намуда накл кунед.
  3. Дар хона ба мазмуни шеър таваччух намуда, дар васфи модари худ иншо нависед.

ЧАШМА ВА САНГ

Чудо шуд яке чашма аз кухсор,
Ба рах гашт ногах ба санге дучор.
Ба нарми чунин гуфт бо санги сахт:
– «Карам карда рохе дех, ай некбахт!»
Гарон санги тирадилу сахтсар,
Задаш силию232 гуфт:
– «Дур, ай писар! Начунбидам аз сели зурозмой,
Кии ту, ки пеши ту чунбам зи чой?!»
Нашуд чашма аз посухи санг сард,
Ба кандан дар истоду ибром233 кард
Басе канду ковиду кушиш намуд,
К-аз он санги хоро рахе баркушуд.
Зи кушиш ба хар чиз хохи расид,
Ба хар чиз хохи, камохи234 расид.
Бирав, коргар бошу уммедвор,
Ки аз яъс чуз марг н-ояд ба кор!
Гарат пойдорист дар корхо,
Шавад сахл пеши ту душворхо.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Шеърро бурро ва ифоданок кироат намоед.
  2. Чаро чашма ба санг бо нарми мурочиат намуд, вале санг бо

дурушти ва нописанди, хатто бо торсаки ба чашма чавоб дод?

  1. Ба санг чи бахо медихед?
  2. Окибати нописанди ва якравии санг чи шуд?
  3. Шоир ба кадом кори начиб даъват кардааст?
  4. Хулосаи шеърро аз байти мактаъ ёбед.

ВАРЗИШ

Тани зинда воло ба варзандагист235,
Ки варзандаги мояи зиндагист.
Ба варзиш гарою сарафроз бош,
Ки фарчоми236 сусти сарафкандагист.
Ба сахти дихад марди озода тан,
Ки поёни танпарвари бандагист.
Диле боядат равшану тан дуруст,
Агар чон-т чуёи фархундагист.
Касе, к-у тавоно шуду тандуруст,
Хирадро ба магзаш фурузандагист.
Хунар чуй, то ком ёбиву ноз.
Ки чуяндаги рохи ёбандагист!
Зи варзиш маёсову кушанда бош,
Ки бунёди гети ба кушандагист.
Дурахшидани ин баланд офтоб,
Зи бисёркушиву гардандагист.
Ниёгон-тро237 варзиш он моя дод,
Ки «Шахнома» з-эшон тобандагист.
Ту низ аз ниёгон биёмуз кор,
Агар дар сарат шури сарзиндагист.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Шеърро ифоданок кироат намоед.
  2. Мазмуни шеърро накл кунед.
  3. Шоир тандурустиро мояи чи донистааст?
  4. Шоир окибати танпарвариро дар чи дидааст?
  5. Панч амали некро номбар кунед, ки шоир ба он даъват намудааст?

ХАМА РАФТАНД

Даъви чи куни, доъиядорон хама рафтанд,
Шав, бори сафар банд, ки ёрон хама рафтанд.
Он гарди шитобанда, ки дар домани Сухроб
Гуяд чи нишини, ки саворон хама рафтанд.
Дог аст дили лолаву нилист бари сарв,
К-аз боги чахон лолаъузорон хама рафтанд.
Гар нодира магдум шавад, хеч ачаб нест,
К-аз шохи хунар нодиракорон хама рафтанд,
Афсус, ки афсонасароён хама рафтанд,
Акдух, ки андухгусорон хама рафтанд.
Фарёд, ки ганчинатирозони маъони
Ганчина ниходанд ба морон, хама рафтанд.
Як мурги гирифтор дар ин гулшани вайрон
Танхо ба кафас монду хазорон хама рафтанд.
Хун бор, бахор, аз мижа дар фуркати ахбоб,
К-аз пеши ту чун абри бахорон хама рафтанд.

АЗ КАФАС ОЗОД КУНЕД

Ман нагуям, ки маро аз кафас озод кунед,
Кафасам бурда ба богеву дилам шод кунед.
Фасли гул мегузарад, хамнафасон, бахри Худо,
Бинишинед ба богеву маро ёд кунед.
Андалебон, гули сури ба чаман кард вуруз,
Бахри шобоши кудумаш хама фарёд кунед.
Ёд аз ин мурги гирифтор кунед, ай мургон,
Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед.
Хар ки дорад зи шумо мурги асире ба кафас,
Бурда дар богу ба ёди манаш озод кунед.
Ошёни мани бечора агар сухт, чи бок?
Фикри вайрон шудани хонаи сайёд кунед.
Шамъ агар кушта шуд аз бод, мадоред ачаб,
Ёди парвонаи хасти шуда бар бод кунед.
Бесутун бар сари рох аст, мабод аз Ширин
Хабаре гуфтаву гамгин дили Фарход кунед.
Чавру бедод кунад умри чавонон кутох,
Ай бузургони Ватан, бахри Худо, дод кунед.
Гар шуд аз чаври шумо хонаи Муре вайрон,
Хонаи хеш мухол аст, ки обод кунед.
Кунчи вайронаи зиндон шуд агар сахни Бахор,
Шукри озодиву он ганчи худод кунед.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Шеърхои «Хама рафтанд» ва «Аз кафас озод кунед» дар
  2. кадом навъи адаби эчод шудаанд?
  3. Газали «Хама рафтанд» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?
  4. Чаро Бахор аз бевафоии умр ва даргузашти бузургон афсус мехурад?
  5. Дар газали «Аз кафас озод кунед» шоир асосан, ба кадомтоифаи мардум марочиат мекунад?
  6. Газали «Аз кафас озод кунед»-ро азёд, мазмуни мухтасари онро накл кунед.

Байти:

Гар шуд аз чаври шумо хонаи муре вайрон,
Хонаи хеш мухол аст, ки обод кунед- ро шарху тав зех дихед.

Бахор дар ин газал кадом хислотхои писандидаро таргиб намудааст?

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамахои колхози Рудаки зимистон ба даштхои Узбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоххои худамон, ба Точи- кистон …