Главная / Биология / Давраи дуюми тақсимшавии мейозӣ

Давраи дуюми тақсимшавии мейозӣ

Ин давра умуман ба тақсимшавии митозӣ монанд буда, танҳо фарқият дар он аст, ки ин ҳуҷайраҳо гаплоидианд (1п 2с). Дар анафазаи II сентромераҳо (кашишхўракҳо), ки хроматидҳои хоҳариро пайваста нигоҳ медоранд, дар як хромосома тақсим мешаванд. Аз ҳамин вақт хроматидҳо чун дар митоз хромосомаҳои мустақили духтариро ташкил карда, ба қутбҳои бо ҳам муқобил равона мегарданд. Бо хотимаи телофазаи дуюм, раванди мейозӣ ҳам ба охир расида, аз як ҳуҷайраи ибтидоӣ (аввала)-и ҷинсӣ 4 ҳуҷайраи гаплоидӣ бо дастаи хромосомаи 1п 1с пайдо мешавад.

Ҳамин тавр, моҳияти давраи расиш аз он иборат аст, ки дар ду даври тақсимшавии мейозӣ миқдори хромосомаҳои ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ду баробар ва миқдори КДН бошад, 4 баробар кам мешавад.

Мазмуни биологии тақсимшавии дуюмини мейозӣ дар он аст, ки миқдори КДН бо миқдори хромосомаҳо баробар мегардад (1:1). Дар фардҳои ҷинси нарина онҳо дар 4 ҳуҷайраи гаплоидӣ, ки дар натиҷаи мейозӣ пайдо шудаанд, ҷойгиранд ва дар оянда ба гаметаҳо табдил меёбанд. Дар фардҳои ҷинси модина дар натиҷаи нобаробарии мейозӣ фақат яке аз ин ҳуҷайраҳо қобилияти инкишоф дошта, ҳуҷайратухмро ҳосил мекунад. Се ҳуҷайраи дигари духтарӣ хеле хурд буда, ба ҳиссачаҳои редуксионӣ табдил меёбанд ва сипас маҳв мешаванд.

Моҳияти биологии пайдо шудани як ҳуҷайратухми танҳо ва нобуд гаштани се оосити норасида, ки онҳоро аз нигоҳи генетикӣ ҳиссачаи редуксионӣ меноманд, дар ҳуҷайра имконияти захира шудани моддаҳои ғизоии барои инкишофи ҷанин лозимро нигоҳ медорад. Вобаста ба миқдори зардӣ дар ҳуҷайратухм гаметаҳои модина ба навъҳо тақсим мешаванд.

Дар нештаршаклон зардӣ кам буда, он дар ситоплазма баробар паҳн гардидааст. Вале дар хазандагон ва паррандагон зардӣ бисёр буда, дар як тарафи ҳуҷайра ҷамъ гаштааст. Ин қисмро нашвӣ (ғизодиҳанда) меноманд. Қисми дигар, ки дар он зардӣ кам аст ва ҳуҷайра ядро дорад, қисми анималӣ (аз лотинӣ animalis – ҳайвон) меноманд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …