Главная / Биология / Давраи дуюми таксимшавии мейози

Давраи дуюми таксимшавии мейози

Ин давра умуман ба таксимшавии митози монанд буда, танхо фаркият дар он аст, ки ин хучайрахо гаплоидианд (1п 2с). Дар анафазаи II сентромерахо (кашишхуракхо), ки хроматидхои хохариро пайваста нигох медоранд, дар як хромосома таксим мешаванд. Аз хамин вакт хроматидхо чун дар митоз хромосомахои мустакили духтариро ташкил карда, ба кутбхои бо хам мукобил равона мегарданд. Бо хотимаи телофазаи дуюм, раванди мейози хам ба охир расида, аз як хучайраи ибтидои (аввала)-и чинси 4 хучайраи гаплоиди бо дастаи хромосомаи 1п 1с пайдо мешавад.

Хамин тавр, мохияти давраи расиш аз он иборат аст, ки дар ду даври таксимшавии мейози микдори хромосомахои хучайрахои чинси ду баробар ва микдори КДН бошад, 4 баробар кам мешавад.

Мазмуни биологии таксимшавии дуюмини мейози дар он аст, ки микдори КДН бо микдори хромосомахо баробар мегардад (1:1). Дар фардхои чинси нарина онхо дар 4 хучайраи гаплоиди, ки дар натичаи мейози пайдо шудаанд, чойгиранд ва дар оянда ба гаметахо табдил меёбанд. Дар фардхои чинси модина дар натичаи нобаробарии мейози факат яке аз ин хучайрахо кобилияти инкишоф дошта, хучайратухмро хосил мекунад. Се хучайраи дигари духтари хеле хурд буда, ба хиссачахои редуксиони табдил меёбанд ва сипас махв мешаванд.

Мохияти биологии пайдо шудани як хучайратухми танхо ва нобуд гаштани се оосити норасида, ки онхоро аз нигохи генетики хиссачаи редуксиони меноманд, дар хучайра имконияти захира шудани моддахои гизоии барои инкишофи чанин лозимро нигох медорад. Вобаста ба микдори зарди дар хучайратухм гаметахои модина ба навъхо таксим мешаванд.

Дар нештаршаклон зарди кам буда, он дар ситоплазма баробар пахн гардидааст. Вале дар хазандагон ва паррандагон зарди бисёр буда, дар як тарафи хучайра чамъ гаштааст. Ин кисмро нашви (гизодиханда) меноманд. Кисми дигар, ки дар он зарди кам аст ва хучайра ядро дорад, кисми анимали (аз лотини animalis – хайвон) меноманд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …