Главная / Илм / Гизогири ва сабзиши майса

Гизогири ва сабзиши майса

Мухлати кишти майса: Хангоми чашидани таъми тухми насабзида (барои мукоиса), сипас дони нешзадаи чав, гандум ё чавдор, шумо ба андак ширин будани тухми нешзада бовари хосил мекунед. Зеро хангоми сабзиши тухм охари эндосперми тухм аз таъсири об ва моддахои махсус ба канд табдил меёбад. Сипас, канд дар шакли махлули оби ба чанин дохил мешавад. Хучайрахои решача, пояча ва мугчаи чанин аз ин махлул гизо гирифта, бошиддат таксим мешаванд ва сабзида ба майса табдил меёбанд.

Дар тухмпаллаи растанихои дупалла (лубиё, нахуд) моддахои гизой захира шудаанд ва бе онхо навиихол дар даврахои аввали сабзишаш нашъунамо карда наметавонад. Агар як тухмпалларо бури- да партоем, дар нихол факат нисфи моддахои гизои боки мемонанд ва нихол аз нокифоягии гизо нихоят суст нашъунамо мекунад.

Дар вакти бурида партофтани эндосперми тухми растанихои якпалла ё дупалла навнихоли онхо аз нашъунамо боз монда нобуд мегардад. Зеро нихол аз истифодаи моддахои гизоии эндосперм махрум мешавад.

Барои кишт одатан тухми калон-калонро интихоб мекунанд. Зеро хар чи кадар тухм калон бошад, дар он микдори моддахои гизои зиёд буда, он ба сабзиши хуби нихолхо мусоидат мекунад.

Дар натичаи таксимшавии боавчу инкишофи хучайрахои чанин сабзиш ва ба майса табдил ёфтани он сурат мегирад. Нисбат ба дигар узвхои чанин аз хама аввал решача пайдо шуда, тез инкишоф меёбад ва дар замин бо зуди мустахкам мешавад. Одатан дар майсаи растанихои якпалла якчанд реша инкишоф меёбад. Нихоли растанихои дупалла як решаи асоси дошта, вай сонитар шоха меронад ва гафс гардида, ба тирреша табдил меёбад.

Чи тавре ки шумо аллакай медонед, барои тухмхои сабзидаистода об, хаво (оксиген) ва гарми хатман зарур аст. Бинобар он бо муайян кардану риоя намудани мухлати кишт мавчудияти ин шароитхои заруриро таъмин кардан мумкин аст. Масалан, бахори барвакт, агарчанде дар замин захираи фаровони оби борону барф мавчуд бошад хам, дар ин вакт хок ба кадри лозими гарм нашудааст. Хол он ки тухми на хар растаниро дар замини сард коридан мумкин аст. Дар бештари холатхо факат тухми растанихои сармотобовар (гандуми бахори, загир, сули, чавдор, мушунг) – ро дар аввали бахор мекоранд. Зеро барои сабзиши ин кабил растанихо харорати нисбатан паст ва намии кифоякунанда даркор аст.

Хангоме ки замин ба кадри кифоя гарм мешавад, тухми растанихои гармидуст ё ба гарми серталабро кишт мекунанд.

Вале хаминро ба назар гирифтан лозим аст, ки тухми растанихои гармидуст, аз кабили чуворимакка, лубиё, бодиринг, каду, харбуза, помидорйро хам дер коштан мумкин нест. Азбаски офтоб руз аз руз гармтар мешавад ва ин боиси боз хушктар гардидани замин мегардад, бинобар он кишти бемахали ин зироатхо метавонад боиси камхосилии онхо гардад. Дар аксари холатхо хамин ки замин 10-15 дарача гарм шавад, харчи кадар тезтар тухми растанихои гармидустро коштан зарур аст. Агар мухлати кишт дер шавад, тухм ба замини хушк афтида, суст месабзад ва боиси кам шудани хосил мегардад.

Аз ин ру, риояи катъии мухлат ва коидахои саривактии кишт барои нашъунамои хуби зироатхо ва афзудани хосили онхо ахами- яти калон дорад.

  1. Хангоми сабзиши тухм чанин моддахои гизоиро аз кучо мегирад?
  2. Нихоли лубиё, ки аз як ё ду тухмпаллааш махрум шудааст, чи тавр нашъунамо мекунад?
  3. Чаро майсаи чавдоре, ки эндоспермашро бурида дур кар- даанд, нобуд мешавад?
  4. Чаро барои кишт тухмхои калон-калонро интихоб мекунанд?
  5. Чаро тухми растанихои гуногунро дар мухлатхои гуногун мекоранд?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …