Хабарҳои охирин

Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчии гражданӣ

moddai-269-kodeksi-mehnat

Моддаи 269-и Кодекси Меҳнат. Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчии гражданӣ Хизматчии гражданӣ метавонад ба ташкилоти дахлдори таҳсилотӣ бо мақсади такмили дониш, малакаю маҳорат, гирифтани касб ва ихтисос равон карда шавад. Таҳсил, азнавтайёркунӣ ва таҷрибаомўзии хизматчии гражданӣ бо назардошти таҷрибаи илмӣ дар ҳолати бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот (кор) аз ҳисоби воситаҳои …

Муфассал »

Пешравӣ дар хизмати гражданӣ

moddai-268-kodeksi-mehnat

Моддаи 268-и Кодекси Меҳнат. Пешравӣ дар хизмати гражданӣ Пешравии хизматии хизматчии гражданӣ бо роҳи ба вазифаи баландтар ё ба мақомоти болоӣ гузаронидан таъмин карда мешавад. Ҳуқуқи афзалиятнокро дар пешравии хизматӣ хизматчии граждание дорад, ки дараҷаи баланди тахассусӣ ва таҷрибаи корӣ дошта, доимо ба такмили дараҷаи тахассусӣ ва маҳорати касбии худ …

Муфассал »

Аттестатсияи хизматчии гражданӣ

moddai-267-kodeksi-mehnat

Моддаи 267-и Кодекси Меҳнат. Аттестатсияи хизматчии гражданӣ Бо мақсади муайян кардани дараҷаи тайёрии касбӣ, сифатҳои кории хизматчии гражданӣ аттестатсия гузаронида мешавад. Тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчии гражданиро мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи дахлдори фаъолият муайян мекунад.

Муфассал »

Гузаронидани хизматчии гражданӣ ба кор ба дигар мақомоти давлатӣ

moddai-266-kodeksi-mehnat

Моддаи 266-и Кодекси Меҳнат. Гузаронидани хизматчии гражданӣ ба кор ба дигар мақомоти давлатӣ Хизматчии гражданӣ дар асоси аризаи хаттиаш бо мувофиқаи байни роҳбарони ташкилотҳои дахлдор мумкин аст ба дигар мақомоти давлатӣ гузаронида шавад.

Муфассал »

Маҳдудият дар хизмати гражданӣ

moddai-265-kodeksi-mehnat

Моддаи 265-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудият дар хизмати гражданӣ Хизматчии гражданӣ ҳуқуқ надорад: – воситаҳои таъминоти моддию техникӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ, дигар молу мулки давлатӣ ва иттилооти хизматиро бо мақсади ғайрихизматӣ истифода намояд; – дар амале, ки барои фаъолияти муътадили хизмати гражданӣ ва иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ монеъ мешавад, иштирок намояд; – …

Муфассал »