Менюи асосии системаи Windows метавонад аз ду қисм иборат бошад: ҳатмӣ ва иловагӣ (ихтиёрӣ). Бандҳои қисми ҳатмии меню доимӣ буда, қисми иловагиаш тағйирёбанда аст. Windows имконият медиҳад, ки ба қисми иловагии менюи асосии он сатрҳои нав илова ва сатрҳои дар айни ҳол аз диди истифодабарандаи МЭҲ нолозим, ихтисор (нест) карда шаванд.
Қисми ҳатмии Менюи асосӣ аз қисми иловагиаш бо хати уфуқӣ ҷудо карда шуда, дар поёни хат ҷойгир шудааст. Ҳамаи он бандҳои меню, ки дар мавзўи гузашта мавриди омўзиш қарор гирифта буданд, ба қисми ҳатмии меню дахл доштанд. Барои илова ё ихтисор кардани сатрҳои менюи асосӣ тугмаи Пуск (Оғоз)-ро пахш намуда, дар меню сатри Настройка (Танзимкунӣ)-ро интихоб кардан лозим аст.
Ҳангоми дар зерменюи пайдошуда интихоб намудани банди Панель задач (Панели масъалаҳо), дар экран равзанаи дар расми 12 оварда шуда, намудор мегардад. Дар равзанаи робитавии Свойства: Панель задач (Хосиятҳои панели масаълаҳо) тугмаи қабатии Настройка меню (Танзимкунии меню)-ро фаъол гардонидан лозим аст. Дар натиҷа равзанаи навбатӣ намудор мегардад.
Тугмаҳои Добавить (Иловакунӣ) ва Удалить (Хориҷкунӣ)-и ин равзана имконият медиҳанд, ки дар рўйхати программаҳои менюи асосӣ тағйиротҳо ворид карда шаванд. Ҳангоми пахш кардани тугмаи Добавить (Иловакунӣ) программаи махсусе ба кор медарояд, ки онро Мастер создания ярлыков (Устои ярликсоз) мегўянд.
Равзанаи хосиятҳои Панели масъалҳо Расми 13. Равзанаи илова ва хориҷкунии бандҳои Менюи Расми 14. Равзанаи устои ярликсоз Расми 15. Равзанаи интихоби папка барои ҷойгиркунии ярлик дар Менюи асосӣ Дар сатри командавии (Командная строка) равзанаи устои ярликсоз роҳи пурраи файли программавиро нишон дода, тугмаи Enter -ро пахш кардан зарур аст. Дар натиҷа устои ярликсоз барои программаи нишондодашуда ярлик месозад. Бо мақсади дар яке аз папкаҳои менюи асосӣ ҷойгир кардани ярлики сохташуда, тугмаи Далее (Давомдиҳӣ)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз иҷрои ин амал, дар экран равзанаи навбатӣ (Расми 15) пайдо мешавад, ки он равзанаи Выбор папки (Интихоби папка) ном дорад
Пас аз интихоби папкаи муайяни менюи асосӣ, тугмаи Далее-ро такроран пахш бояд кард. Система дар ин маврид мепурсад, ки сатри нави ба меню илова мешудагӣ, бо кадом ном бояд ба қайд гирифта шавад. Номи сатри нави менюро аз клавиатура дохил карда, баъд тугмаи Готово (Тайёр)-ро пахш намудан лозим аст. Дар натиҷа ба менюи асосӣ сатри нав илова мегардад.
Ҳамин тариқ, менюи асосӣ низ як намуд папка буда, номаш Главное меню аст. Барои кушодани ин папка кифоя аст, ки нишондиҳандаи мушро ба тугмаи Пуск гузошта, тугмаи рости мушро пахш намоем ва дар равзанаи робитавии пайдошуда сатри Открыть (Кушодан)-ро интихоб кунем.
Ҳангоми пахш кардани тугмаи Удалить (Хориҷкунӣ)-и равзанаи робитавии Хосиятҳои панели масъалаҳо, равзанаи навбатие пайдо мешавад (Расми 17), ки онро равзанаи Удаление ярлыков и папок (Несткунии ярликҳо ва папкаҳо) меноманд. Дар ин равзана низ ба мисли равзанаи интихоби папкаҳо рўйхати папкаҳои менюи асосӣ ба экран бароварда мешавад. Барои несткунии ягон банди менюи асосӣ онро аз рўйхати бандҳо интихоб намуда, тугмаи Удалить-ро пахш намудан кифоя аст. Бо ҳамин, раванди несткунии банди менюи асосӣ ба итмом мерасад. Ҳангоми аз нав пахш намудани тугмаи Пуск ин банд дигар дар меню пайдо намегардад.
Дар равзанаи робитавии Танзимкунии (Настройка) Менюи асосӣ (Расми 13) тугмаи Дополнительно (Иловагӣ)-ро пахш карда, бо бандҳои Менюи асосӣ баъзе амалиёти иловагиро гузаронидан мумкин аст. Дар вақти пахш кардани ин тугма дар экран равзанаи Обзор – Главное меню (Шарҳи Менюи асосӣ) пайдо мешавад, ки он дар расми 18 оварда шудааст. Ин равзана ба истифодабарандаи Расми 16. Папкаи менюи асосӣ Расми 17. Равзанаи несткунии ярликҳо ва папкаҳо МЭҲ имконият медиҳад, ки ба рўйхати программаҳои папкаи менюи асосӣ, мувофиқи табъи худ ин ё он тағйиротро дохил намояд. Рўйхати мазкур дар қисми рости ин равзана нишон дода шудааст.
Саволҳо:
- Менюи асосии Windows аз чанд қисм иборат аст? Ин қисмҳо чӣ ном доранд?
- Дар кадом қисми менюи асосии Windows бандҳои навро илова ва бандҳои нолозимро ихтисор кардан мумкин аст?
- Равзанаи илова ва хориҷкунии бандҳои менюи асосӣ чӣ ном дорад?
- Чӣ тавр ягон банди навро ба менюи асосӣ илова кардан мумкин аст?
- Оё менюи асосии Windows низ як намуд папка аст?
- Тарзи несткунии папкаҳои менюи асосӣ чӣ гуна аст?
- Равзанаи Обзор – Главное меню (Шарҳи менюи асосӣ) барои иҷрои кадом вазифаҳо хизмат мерасонад?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед. Равзанаи гузаронидани корҳои иловагӣ бо Менюи асосӣ
- Ба менюи асосии Windows дохил шавед ва бори дигар қисмҳои онро муоина намоед.
- Усулҳои иловакунӣ ва хориҷкунии бандҳои менюи асосии Windows-ро мухтасар дар дафтаратон нависед.
- Ба менюи асосӣ ду банди нав илова кунед, равзанаҳои онҳоро кушоед ва аз нав пўшед ва баъд ин бандҳоро аз меню хориҷ намоед.