Главная / Илм / ИЛОВА ВА ИХТИСОРКУНИИ БАНДХОИ МЕНЮИ АСОСИ

ИЛОВА ВА ИХТИСОРКУНИИ БАНДХОИ МЕНЮИ АСОСИ

Менюи асосии системаи Windows метавонад аз ду кисм иборат бошад: хатми ва иловаги (ихтиёри). Бандхои кисми хатмии меню доими буда, кисми иловагиаш тагйирёбанда аст. Windows имконият медихад, ки ба кисми иловагии менюи асосии он сатрхои нав илова ва сатрхои дар айни хол аз диди истифодабарандаи МЭХ нолозим, ихтисор (нест) карда шаванд.

Кисми хатмии Менюи асоси аз кисми иловагиаш бо хати уфуки чудо карда шуда, дар поёни хат чойгир шудааст. Хамаи он бандхои меню, ки дар мавзуи гузашта мавриди омузиш карор гирифта буданд, ба кисми хатмии меню дахл доштанд. Барои илова ё ихтисор кардани сатрхои менюи асоси тугмаи Пуск (Огоз)-ро пахш намуда, дар меню сатри Настройка (Танзимкуни)-ро интихоб кардан лозим аст.

Хангоми дар зерменюи пайдошуда интихоб намудани банди Панель задач (Панели масъалахо), дар экран равзанаи дар расми 12 оварда шуда, намудор мегардад. Дар равзанаи робитавии Свойства: Панель задач (Хосиятхои панели масаълахо) тугмаи кабатии Настройка меню (Танзимкунии меню)-ро фаъол гардонидан лозим аст. Дар натича равзанаи навбати намудор мегардад.

menui-windows

Тугмахои Добавить (Иловакуни) ва Удалить (Хоричкуни)-и ин равзана имконият медиханд, ки дар руйхати программахои менюи асоси тагйиротхо ворид карда шаванд. Хангоми пахш кардани тугмаи Добавить (Иловакуни) программаи махсусе ба кор медарояд, ки онро Мастер создания ярлыков (Устои ярликсоз) мегуянд.

Равзанаи хосиятхои Панели масъалхо Расми 13. Равзанаи илова ва хоричкунии бандхои Менюи Расми 14. Равзанаи устои ярликсоз Расми 15. Равзанаи интихоби папка барои чойгиркунии ярлик дар Менюи асоси  Дар сатри командавии (Командная строка) равзанаи устои ярликсоз рохи пурраи файли программавиро нишон дода, тугмаи Enter -ро пахш кардан зарур аст. Дар натича устои ярликсоз барои программаи нишондодашуда ярлик месозад. Бо максади дар яке аз папкахои менюи асоси чойгир кардани ярлики сохташуда, тугмаи Далее (Давомдихи)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз ичрои ин амал, дар экран равзанаи навбати (Расми 15) пайдо мешавад, ки он равзанаи Выбор папки (Интихоби папка) ном дорад

Пас аз интихоби папкаи муайяни менюи асоси, тугмаи Далее-ро такроран пахш бояд кард. Система дар ин маврид мепурсад, ки сатри нави ба меню илова мешудаги, бо кадом ном бояд ба кайд гирифта шавад. Номи сатри нави менюро аз клавиатура дохил карда, баъд тугмаи Готово (Тайёр)-ро пахш намудан лозим аст. Дар натича ба менюи асоси сатри нав илова мегардад.

Хамин тарик, менюи асоси низ як намуд папка буда, номаш Главное меню аст. Барои кушодани ин папка кифоя аст, ки нишондихандаи мушро ба тугмаи Пуск гузошта, тугмаи рости мушро пахш намоем ва дар равзанаи робитавии пайдошуда сатри Открыть (Кушодан)-ро интихоб кунем.

Хангоми пахш кардани тугмаи Удалить (Хоричкуни)-и равзанаи робитавии Хосиятхои панели масъалахо, равзанаи навбатие пайдо мешавад (Расми 17), ки онро равзанаи Удаление ярлыков и папок (Несткунии ярликхо ва папкахо) меноманд. Дар ин равзана низ ба мисли равзанаи интихоби папкахо руйхати папкахои менюи асоси ба экран бароварда мешавад. Барои несткунии ягон банди менюи асоси онро аз руйхати бандхо интихоб намуда, тугмаи Удалить-ро пахш намудан кифоя аст. Бо хамин, раванди несткунии банди менюи асоси ба итмом мерасад. Хангоми аз нав пахш намудани тугмаи Пуск ин банд дигар дар меню пайдо намегардад.

Дар равзанаи робитавии Танзимкунии (Настройка) Менюи асоси (Расми 13) тугмаи Дополнительно (Иловаги)-ро пахш карда, бо бандхои Менюи асоси баъзе амалиёти иловагиро гузаронидан мумкин аст. Дар вакти пахш кардани ин тугма дар экран равзанаи Обзор – Главное меню (Шархи Менюи асоси) пайдо мешавад, ки он дар расми 18 оварда шудааст. Ин равзана ба истифодабарандаи Расми 16. Папкаи менюи асоси Расми 17. Равзанаи несткунии ярликхо ва папкахо МЭХ имконият медихад, ки ба руйхати программахои папкаи менюи асоси, мувофики табъи худ ин ё он тагйиротро дохил намояд. Руйхати мазкур дар кисми рости ин равзана нишон дода шудааст.

Саволхо:

  1. Менюи асосии Windows аз чанд кисм иборат аст? Ин кисмхо чи ном доранд?
  2. Дар кадом кисми менюи асосии Windows бандхои навро илова ва бандхои нолозимро ихтисор кардан мумкин аст?
  3. Равзанаи илова ва хоричкунии бандхои менюи асоси чи ном дорад?
  4. Чи тавр ягон банди навро ба менюи асоси илова кардан мумкин аст?
  5. Оё менюи асосии Windows низ як намуд папка аст?
  6. Тарзи несткунии папкахои менюи асоси чи гуна аст?
  7. Равзанаи Обзор – Главное меню (Шархи менюи асоси) барои ичрои кадом вазифахо хизмат мерасонад?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.  Равзанаи гузаронидани корхои иловаги бо Менюи асоси
  1. Ба менюи асосии Windows дохил шавед ва бори дигар кисмхои онро муоина намоед.
  2. Усулхои иловакуни ва хоричкунии бандхои менюи асосии Windows-ро мухтасар дар дафтаратон нависед.
  3. Ба менюи асоси ду банди нав илова кунед, равзанахои онхоро кушоед ва аз нав пушед ва баъд ин бандхоро аз меню хорич намоед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

slide-0

Воситахои техникии нигахдории информатсия

Бояд кайд намуд, ки информатсияи дар ягон баранда махфузбуда, хатман дар он осори (пай, асар, …