Главная / Илм / ҲОКИМИЯТИ СУДӢ: Мафҳумҳои ҳокимияти судӣ ва адолати судӣ.

ҲОКИМИЯТИ СУДӢ: Мафҳумҳои ҳокимияти судӣ ва адолати судӣ.

Принсипҳои адолати судӣ

Чи тавре ки дар мавзўъҳои гузашта қайд намуда будем, ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се шохаи мустақил – қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим мешавад ва ҳар яке аз онҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳо бо тарзу усули муайян вазифаҳои ба худ хосро иҷро менамоянд. Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун навъи мустақили ҳокимияти давлатӣ мувофиқи моддаи 84-и Конститутсия ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат масъул аст.

Таҷрибаи таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки мурофиаи судӣ ягона шакли муқаррар намудани ҳақиқати воқеӣ, беҳтарин роҳи ҳалли ҳар гуна муноқишаҳост.

Мо дар зиндагӣ борҳо шоҳиди он мешавем, ки дар натиҷаи поймол кардани қонунҳо ва содир намудани қонуншиканӣ ашхоси гуногун ба ҷазоҳои ба кирдорашон сазовор кашида мешаванд. Нуқтаи охиринро дар муайян кардани асли кирдор ва ҷазо барои он танҳо суд мегузорад.

Ҳамин тавр, суд на танҳо манфиати шахси алоҳида ё ташкилоту муассиса, балки давлатро низ ҳимоя мекунад, ки дар маҷмўъ онро адолати судӣ мегўянд.

Таъмини адолат ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар худи мақомоти суд аз ҳар гуна фишору дахолати сохторҳои давлатӣ озод буда, судяҳо ҳақиқатро дар асоси далелҳои мавҷуда, холисона, аз рўи виҷдон ва донишу малакаи касбиашон ҷустуҷў ва дарёфт кунанд.

Конститутсия аниқ муқаррар кардааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ин мулоҳиза чунин маънӣ дорад, ки ягон мақомоти дигар ё шахсони алоҳида ҳуқуқи таъмини адолати судиро надоранд.

Хонандагони азиз ба хубӣ дарк кардаанд, ки дар давлати ҳуқуқбунёд ягон мақомот ё ташкилоту муассиса бе асоси қонунӣ, худ аз худ амал карда наметавонад.

Барои ҳамаҷониба равшан кардани вазифаҳо, тарзу усули фаъолият ва ҳалли масъалаҳое, ки дар назди мақомоти судӣ қарор доранд, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6-уми августи соли 2001 қабул шудааст, ки роҳнамои фаъолияти мақомоти суд мебошад.

Ҳам дар Конститутсия, ки боби 8-уми он пурра ба суд бахшида шудааст ва ҳам дар қонуни конститутсионии номбаршуда принсипҳои адолати судӣ муқаррар шудаанд. Принсип гуфта, усулҳои асосии роҳбарикунандаро дар ин ё он навъи фаъолият меноманд. Дар Конститутсия зикр шудааст, ки адолати судиро танҳо мақомоти суд – Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Зери мафҳуми «адолати судӣ» чиро фаҳмидан мумкин аст? Адолати судӣ ба маънои васеаш ҳамин аст, ки судҳо меъёрҳои ҳуқуқиро нисбат ба баҳсҳо ва масъалаҳои дигари ҳуқуқӣ аз рўи парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, хоҷагӣ ва маъмурӣ дар маҷлисҳои судӣ татбиқ менамоянд.

Баробарии шаҳрвандон сарфи назар аз насабу нажод, вазъи иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб ва навъи машғулият дар назди суд яке аз принсипҳои асосии фаъолияти суд ба шумор меравад. Яъне дар истифода аз ҳуқуқи ҳимояи судӣ

ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ низ баробар мебошанд.

Принсипи дигар – мустақилияти пурраи судҳо мебошад. Ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ онҳо танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд.

Ваколат, дахлнопазирӣ, махфӣ будани машварати судҳо ҳангоми баровардани ҳалномаҳо, ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ ба суд ва дигар масъалаҳои фаъолияти судро қонун муайян кардааст.

Принсипи сеюм – ба таври дастаҷамъӣ ва ё танҳо муҳокима шудани парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ аз тарафи судҳо мебошад. Ба таври дастаҷамъӣ ё худ танҳо баррасӣ шудани парвандаҳо аз чигунагии парванда ва ҷинояти содиршуда вобастагӣ дорад.

Масалан, агар парванда – парвандаи граждание бошад, онро як худи судя баррасӣ мекунад, вале агар барои ҷинояти содиршуда қонуни ҷиноятӣ зиёда аз 5 сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кунад, он гоҳ дар баррасии парванда баробар бо судя ду машваратчӣ низ иштирок мекунанд.

Принсипи чорум забони мурофиаи судӣ мебошад. Дар моддаи 88-уми Конститутсия ин масъала ҳал шудааст, яъне дар он гуфта мешавад, ки мурофиаи судӣ ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони

мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

Ошкоро сурат гирифтани баррасии парвандаҳо дар тамоми судҳо принсипи панҷуми адолати судӣ мебошад. Аммо қонун муайян кардааст, ки дар баъзе ҳолатҳо мурофиа метавонад пўшида гузарад, лекин қарор ё ҳукмномаи суд дар ин маврид ошкоро эълон карда мешавад.

Танҳо суд қодир аст, ки баъди мурофиаи судӣ шахсро гунаҳкор ё бегуноҳ эътироф кунад. Дар таҷрибаи судии кишвари мо борҳо ҳодисаҳое шудаанд, ки суд ин ё он шахсро баъд аз ҳаматарафа баррасӣ намудани парвандаи ў бегуноҳ эълон кардааст. Чунин ҳолатҳо аз он сабаб рух медиҳанд, ки мақомоти тафтиши ибтидоӣ ба таври лозима ҳолатҳои парвандаро намесанҷанд ё худ ба шитобкорӣ роҳ медиҳанд.

Принсипи шашум – манъ будани дахолат ба фаъолияти судҳо мебошад. Қонунҳои амалкунанда барои содир намудани беэҳтиромӣ ба суд ҳангоми баргузории маҷлиси судӣ ё ин ки халалдор намудани ҷараёни баррасии парвандаҳо ҷавобгарӣ муқаррар намудааст.

Принсипи ҳафтум ҳамин аст, ки судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ин дахлнопазирӣ на танҳо ба шахсияти судя, балки ба манзил, ҷои кор, нақлиёт, воситаҳои алоқаи дар ихтиёри ў буда, ҳуҷҷатҳо ва ашёи шахсии ў низ тааллуқ дорад.

Парвандаи ҷиноятиро нисбати судя танҳо Прокурори генералӣ метавонад оғоз кунад. Бе ризоияти Маҷлиси миллии ҶТ судяи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва бе ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон судяи Суди ҳарбӣ,

Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, суди шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Суди иқтисодии вилоятҳо, Суди иқтисодии шаҳри Душанберо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтан мумкин нест.

Ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ принсипи дигари адолати судӣ ба ҳисоб меравад. Санадҳои судӣ иборат аз ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинот ва қарорҳои судҳо баъди эътибори қонунӣ пайдо карданашон барои иҷро ҳатмӣ мебошанд.

Ниҳоят, принсипи охирин таъмини амнияти судяҳо мебошад. На фақат судяҳо, балки аъзои оила ва молумулки онҳо низ мувофиқи қонун таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд. Агар судя зарур шуморад, бо ариза дар хусуси муҳофизати шахсӣ ва аъзои оила, инчунин хонаи истиқоматӣ ва молумулкаш муроҷиат мекунад ва ин гуна муҳофизатро мақомоти корҳои дохилӣ ба таври ройгон таъмин мекунанд.

Судя инчунин барои гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳ ҳуқуқ дорад.

  1. Мавқеи судя дар мақомоти судӣ: тарзи интихоб, таъин ва озодкуниву бозхонд Судя шахси мансабдори давлатӣ буда, адолати судиро ба амал мебарорад. Аз ин сабаб Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6-уми августи соли 2001 нисбат ба хоҳишмандони вазифаи судя талаботи муайян гузоштаанд. Ин талаботҳо вобаста ба мақоми суд аз ҳамдигар тафовут доранд.

Дар моддаи 11-и Қонуни конститутсионии номбурда муайян шудааст, ки судяҳои Суди конститутсионӣ аз ҷумлаи ҳуқуқшиносоне интихоб карда мешаванд, ки синнашон аз 30-сола кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз даҳ сол собиқаи кории касбӣ дошта бошанд.

Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бошад, ҳуқуқшиносони ҳамин синну сол интихоб мешаванд, вале бояд ҳадди ақал 5 сол собиқаи касбӣ дошта бошанд. Нисбат ба хоҳишмандони вазифаи судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе чунин талаботҳо пешниҳод шудааст:

доштани касби ҳуқуқшиносӣ, синну соли хоҳишмандони ин вазифа аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошанд. Синну соли онҳое, ки ба вазифаи судяҳои суди шаҳру ноҳия, Суди ҳарбӣ, Суди иқтисодии ВМКБ,

Судҳои иқтисодии вилоятӣ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин мешаванд, бояд аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кори касбӣ дошта бошанд.

Судя бояд шоистаи номи худ бошад, яъне пеш аз ҳама, худаш қонунҳоро бечунучаро риоя кунад, аз ҳар гуна амалҳое, ки боиси паст шудани обрўи ҳокимияти судӣ мегарданд, ҳазар намояд. Қонун ба вазифаи дигар машғул шудан, инчунин вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ё созмонҳои сиёсӣ будани судяро манъ кардааст. Ба фаъолияти соҳибкорӣ, ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ машғул шудани судя мумкин нест. Мўҳлати ваколати судяҳо дар ҳама зинаҳо 10 сол аст.

Тарзи интихоб ва таъини судяҳо ба вазифаашон вобаста ба мақомоти суд аз ҳамдигар фарқ мекунад. Агар раис, муовинони раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди Олии иқтисодиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намояд, пас судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанберо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шўрои адлия таъйин менамояд.

Судяҳо низ мисли дигар мансабдорони давлатӣ аз вазифа озод ё бозхонд шуда метавонанд, инчунин онҳо ҳуқуқи ба истеъфо баромадан доранд. Сабабҳо гуногун шуда метавонанд, масалан, бо сабаби оилавӣ тағйир додани ҷои истиқомат, аз ҳудуди кишвар баромада рафтан, ба кори дигар гузаштан, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд, бинобар вазъи бади саломатӣ ё сабабҳои дигари узрнок на кам аз 4 моҳ паиҳам иҷро карда натавонистани вазифаи судягӣ, бедарак ғоиб шудан ё фавтида эълон намудан, ихтисор шудани шумораи судяҳо, вафоти судя, вайрон кардани қонунгузории меҳнатӣ, тамом шудани мўҳлати ваколат, ошкор шудани номувофиқ будани судя ба вазифаи ишғолкардааш ва ғайра.

Тартиби бозхонд ё аз вазифа озод кардани судяҳо ба монанди ҳамон тартибест, ки онҳоро таъин ва ё интихоб кардаанд. Масалан, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ аз ҷониби Маҷлиси миллии ҶТ бо пешниҳоди Президенти мамлакат, судяҳои сатҳи дигар (Суди ҳарбӣ, Суди

ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе) ба пешниҳоди Шўрои адлия аз тарафи Президенти ҶТ аз вазифа озод карда мешаванд.

Қонун муайян кардааст, ки сарфи назар аз синну сол ҳангоми на кам аз бист соли собиқаи кори умумии ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла на кам аз даҳ соли собиқаи кории судягӣ доштан ҳар судя ҳуқуқи ба истеъфо рафтан дорад, судяи Суди конститутсионӣ бошад, на

камтар аз 20 сол собиқаи умумии ҳуқуқшиносӣ бояд дошта бошад. Барои судяи ба истеъфо баромада номи судя, кафолати дахлнопазирии шахсӣ ва мансубият  ба ҷомеаи судяҳо нигоҳ дошта мешавад ва дар ин бобат ба ў шаҳодатнома дода мешавад.

  1. Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мувофиқи моддаи 84-и Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6-уми августи соли 2001 низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро судҳои

зерин ташкил медиҳад: Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон,

Судҳои иқтисодии вилоятӣ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе.

Ҳоло ба таври мухтасар мақоми баъзе аз ин судҳоро дида мебароем.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Конститутсия ҳангоми номбар кардани судҳо ба Суди конститутсионӣ ҷои аввал дода шудааст. Инчунин яке аз моддаҳои боби 8-ум, ки «Суд» ном дорад, ба тарзи ташкил ва салоҳияти Суди конститутсионӣ

бахшида шудааст. Дар ин модда гуфта мешавад, ки Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке  аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад. Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ ҳуқуқшиносе интихоб карда мешавад, ки синни ў аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Тибқи Конститутсия ба ўҳдаи Суди конститутсионӣ чунин салоҳият вогузор шудааст:

  1. Муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия.
  1. Ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо.
  2. Иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Чунонки аз ин нишондоди Конститутсия ва аз унвони худи суд бармеояд, Суди конститутсионӣ бо мақсади таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи он дар қаламрави ҷумҳурӣ, ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст. Чунонки дар боло зикр намудем, Суди конститутсионӣ аз 7 нафар – раис, муовини раис ва 5 судя иборат аст, ки яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад.

Мўҳлати ваколати судяҳои Суди конститутсионӣ 10 сол аст.

Раис, муовини раис ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи алоҳида интихоб карда мешаванд. Шахсе

интихобшуда ҳисоб мегардад, ки аксарияти овози шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллиро гирифта бошад.

Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти иҷрои вазифаҳои худ мустақил буда, фақат тобеи қонун мебошанд. Ягон хел мудохила ба фаъолияти онҳо, инчунин ба ягон шакле таъсиррасонӣ бо мақсади мамониат кардан ба фаъолияти онҳо мумкин нест.

Мақоми судяи Суди конститутсионӣ бо ваколати вакилӣ, узвияти ҳизби сиёсӣ ва иттиҳодияи ҷамъиятию сиёсӣ, ишғоли вазифаи дигар, фаъолияти соҳибкорӣ, иҷрои кор ва гирифтани музд дар дигар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, машғулият ба фаъо-

лияти хусусӣ, ба истиснои фаъолияти эҷодӣ, илмӣ ва омўзгорӣ номувофиқ мебошад.

Судяи Суди конститутсионӣ ҳуқуқ надорад, ки дар суд ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сифати ҳимоятгар ё намоянда, ғайр аз намояндаи қонунӣ будан иштирок кунад, ягон шахсро барои соҳиб шудан ба ҳуқуқ ё озод гардонидан аз масъулият ҳимоя намояд.

Судяи Суди конститутсиониро бе розигии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан, ҳабс кардан, мавриди чораҳои ҷазои маъмурӣ қарор додан мумкин нест.

Дастгир кардан, маҷбуран овардани вай фақат дар мавриде мумкин аст, ки дар ҷои содир намудани ҷиноят боздошт шудааст ва дар ин бора фавран ба раиси Суди конститутсионӣ ё муовини ў хабар дода шуда бошад. Парвандаи ҷиноӣ доир ба кирдори судяи Суди конститутсионӣ фақат аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад.

Бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин амалӣ мегардад:

– бо сабаби қонеъ гардонидани хоҳиши судя дар бораи истеъфояш; нисбати ў мавҷуд будани ҳукми айбдоркунии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст; дар асоси қарори қувваи қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи ғайри қобили амал, бедарак ғоибшуда ё фавтида донистани он; бо сабаби вафоти судя; машғул шудани судя ба фаъолияте, ки ба вазифаи ў номувофиқ аст; маҳрум шудани судя аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад.

Қарорҳои Суди конститутсиониии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ буда, доир ба онҳо шикоят кардан мумкин нест ва иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи мақомот, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, аҳзоби сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки қарорҳо ба онҳо дахл доранд, ҳатмӣ мебошанд.

Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарор, хулоса ва таъинот иборатанд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чунонки аз унвони суд маълум аст, Суди Олии ҶТ мақоми олии судӣ ба ҳисоб меравад ва назорати судиро аз болои фаъолияти судҳои ҳарбии гарнизонҳо, Суди ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо буда ба амал мебарорад.

Бояд гуфт, ки вазифа ва салоҳияти Сди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле мураккаб ва пурмасъулият мебошад.

Вай дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро ба сифати суди зинаи якум ва дуюм бо тартиби назоратӣ аз рўи ҳолатҳои навошкоргардида баррасӣ менамояд;

ҳуқуқ дорад дар бораи конститутсионӣ будани қону- ни татбиқшуда оид ба парвандаи мушаххас ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат  намояд; таҷрибаи судиро ҷамъбаст менамояд, омори судиро таҳлил менамояд, ба судҳо доир ба масъалаҳои татбиқи қонунҳои амалкунанда, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ ба миён меоянд, тавзеҳоти дастурӣ медиҳад, барои аз тарафи судҳо иҷро намудани ин тавзеҳот назорат мекунад; дар доираи салоҳияташ

масъалаҳоеро, ки аз шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳаллу фасл менамояд; дигар салоҳиятҳоеро, ки қонун пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонад.

Дар муайян кардани ҳайати Суди Олӣ бевосита Президент ва Маҷлиси миллӣ иштирок мекунанд.

Чунончи, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати раис, муовини якум, муовинон, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ интихоб намуда, шумораи судяҳои Суди Олиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Дар Суди Олӣ воҳидҳои зерини сохторӣ – Пленуми Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олӣ ва коллегияи ҳарбӣ таъсис дода мешаванд.

Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи олии судӣ буда, дар ҳайати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ў ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол даъват карда мешавад. Ҷаласаи Пленумро Раиси Суди Олӣ таъйин мекунад.

Тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ, ки дар мавриди баррасии парвандаҳои судӣ пайдо мешаванд, барои судҳо, дигар мақомоту шахсони мансабдор, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд.

Санадҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинот ва қарорҳо мебошанд.

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар давлатҳои пешрафтаи мутамаддини ҷаҳон ҳама гунна баҳсҳо дар мақомоти суд ҳал карда мешаванд. Бо  ривоҷ ёфтани шаклҳои гуногуни моликият ва рушди соҳаи иқтисодӣ дар ин давлатҳо хоҳу нохоҳ зуд-зуд баҳсҳое пайдо мешаванд, ки мазмуни молумулкӣ ва иқтисодӣ доранд, яъне ба муносибатҳои пуливу молӣ, қарз, андоз, соҳибкорӣ ва тиҷорат дахл мекунанд.

Барои сари вақт ҳал намудани чунин баҳсҳо судҳои махсус – судҳои иқтисодӣ таъсис дода мешаванд.

Дар низоми судии ҶТ низ чунин навъи суд амал мекунад ва дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе судҳои иқтисодӣ ба ҳалли муаммоҳои соҳаи иқтисодӣ машғул мебошанд. То қабули Конститутсияи соли 1994 баҳсҳои хоҷагии корхонаву ташкилотҳоро мақоми махсус – суди арбитражӣ ҳал мекард.

Ҳамин тавр, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва пар вандаҳои дигаре, ки аз тарафи судҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, мақоми олии судӣ буда, дар шаклҳои мурофиавие, ки қонун пешбинӣ кардааст, ба фаъолияти онҳо назорат мекунад ва доир ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад.

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раис, муовини якум, муовини раис ва судяҳо иборат аст. Шумораи судяҳои ин судро Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи судии ба тариқи апеллятсионӣ тафтиш намудани қонунӣ ва асоснок будани қарорҳои судҳои иқтисодӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо накардаанд; коллегияи судии ба тариқи кассатсионӣ тафтиш намудани қонунӣ ва асоснок будани қарорҳои судҳои иқтисодӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, амал мекунад.

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи олии судӣ буда, дар ҳайати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинҳои ў ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳимтарини фаъолияти судҳои иқтисодиро ҳал мекунад.

Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пайдоиши судҳои ҳарбӣ ба соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси артиши миллӣ ва мақомоти ҳарбии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Судҳои ҳарбӣ дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ, муассисаю корхона ва ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои сарҳадии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи ҳарбӣ ва дигар қисмҳои алоҳидаи ҳарбӣ адолати судиро ба амал мебароранд.

Дар қисмҳои ҳарбии дигар давлатҳо, ки дар қа- ламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, адолати судӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи созишномаҳои баимзорасидаи байнидавлатӣ ба амал бароварда мешавад.

Судҳои ҳарбӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи принсипи ҳудудӣ дар маҳалли воқеъшавии гарнизонҳо таъсис дода шуда, аз судҳои ҳарбии гарнизонҳо ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд. Фаъолияти судҳои ҳарбӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд ва дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қисмҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ҳарбӣ, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Ба судҳои ҳарбӣ ҳалли чунин парвандаҳо вогузор шудааст:

– парвандаҳо дар бораи тамоми ҷиноятҳое, ки хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин ўҳдадорони ҳарбӣ дар давраи гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ содир намудаанд; парвандаҳо дар бораи тамоми ҷиноятҳое, ки шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо, сержантҳо, старшинаҳо ва аскарони Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни  ҳарбии қўшунҳои сарҳадии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардаанд;

  • – парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳое, ки хизмат-чиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ, воҳидҳо ва қисмҳои милисаи аз рўи даъват ташкилкардашудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмон-чиёни ҳарбӣ содир кардаанд;
  • – парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳо бар зидди тар-тиби муқарраршудаи адои хизмат, ки шахсони ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои ислоҳӣ содир намудаанд;
  • – парвандаҳо дар бораи ҷосусӣ;
  • – парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст.

Ба низоми судҳои ҳарбӣ коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Суди ҳарбии гарнизон дар ҳудуде, ки як ё якчанд гарнизони ҳарбӣ воқеъ гардидааст, ташкил мешавад ва аз раис, муовини раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборат аст. Дар судҳои ҳарбие, ки аз панҷ ва зиёда аз он судяҳо иборат аст, вазифаи муовини раис муқаррар карда мешавад.

Шумораи судяҳоро барои ҳар як суди ҳарбии гарнизон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Саволҳо:

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом мақомоти давлатӣ адолати судиро ба амал мебарорад?
  2. Фаъо-лияти судҳоро ғайр аз Конститутсия боз кадом санади меъёриву ҳуқуқӣ ба танзим медарорад?
  1. Адолати судӣ чист?
  2. Принсипҳои адолати судӣ кадомҳоянд ва чӣ гуна мазмун доранд? 5. Мурофиаи судӣ бо кадом забон сурат мегирад? 6. Мафҳуми дахлнопазирӣ ба кори судяро Шумо чӣ гуна мефаҳмед? 7. Парвандаи ҷиноятиро нисбати судя кӣ оғоз карда метавонад?
  3. Судяҳои кадом мақомоти судӣ бо пешниҳоди Шўрои адлия аз ҷониби Президент таъин ва озод карда мешаванд? 9. Киҳо ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ВМКБ, суди вилоят ва шаҳри Душанбе интихоб ва таъин шуда метавонанд?
  4. Мўҳлати ваколати судяҳо чанд сол аст?
  5. Оё судя ҳуқуқи ба истеъфо баромадан дорад ва он чӣ гуна амалӣ мегардад?
  6. Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.
  7. Суди консти-тутсионӣ дар низоми судӣ чӣ гуна мавқеъ дорад?
  8. Салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.
  9. Мақсади таъсиси судҳои ҳарбӣ чист? 16. Судҳои иқтисодӣ ба ҳалли кадом масъалаҳо машғуланд?

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ВУЛҚОНҲО

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста …