Главная / Ҷамъият / Давомнокии вақти корӣ барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Давомнокии вақти корӣ барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Моддаи 211-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии вақти корӣ барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида давомнокии вақти кўтоҳи корӣ муқаррар карда мешавад:

– барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола – на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта;

– барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола – на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта;

– барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки якҷоя дар давраи соли таҳсил кор ва таҳсил мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола – 2,5 соат дар як рўз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола – 3,5 соат дар як рўз.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …