Главная / Ҷамъият (страница 122)

Ҷамъият

Муваққатан ба кори дигар гузаронидани зани ҳомила ва заноне, ки кўдаки то як солу шашмоҳа доранд

moddai-221-kodeksi-mehnat

Моддаи 221-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан ба кори дигар гузаронидани зани ҳомила ва заноне, ки кўдаки то як солу шашмоҳа доранд Корфармо дар асоси хулосаи тиббӣ уҳдадор аст, зани ҳомиларо бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ба дигар кор гузаронида, таъсири омилҳои истеҳсолии зарарнок ва хавфнокро истисно намояд. То додани кори …

Муфассал »

Маҳдудияти истифодаи ҷамъи баҳисобгирии вақти корӣ барои занони ҳомила

moddai-220-kodeksi-mehnat

Моддаи 220-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудияти истифодаи ҷамъи баҳисобгирии вақти корӣ барои занони ҳомила Истифодаи ҷамъи ҳисоби вақти корӣ барои занони ҳомила иҷозат дода намешавад, агар давомнокии рўзи корӣ (басти корӣ) аз ҳашт соат зиёд бошад.

Муфассал »

Муқаррар кардани вақти нопурраи корӣ барои занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд

moddai-219-kodeksi-mehnat

Моддаи 219-и Кодекси Меҳнат. Муқаррар кардани вақти нопурраи корӣ барои занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд Корфармо уҳдадор аст, дар асоси аризаи зани ҳомила ва дигар шахсони уҳдадориҳои оилавӣ дошта, ки кўдаки то чордаҳсола ё кўдаки маъюбро нигоҳубин мекунанд, инчунин ба корманде, ки нигоҳубини аъзои бемори оиларо мутобиқи …

Муфассал »

Танаффус барои ғизодиҳии кўдак

moddai-218-kodeksi-mehnat

Моддаи 218-и Кодекси Меҳнат. Танаффус барои ғизодиҳии кўдак Ба ғайр аз танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хўрок, танаффусҳои байнибастӣ ва махсус, ба занон, ки кўдаки то яксолу шашмоҳа доранд, падар ё дигар намояндаи қонунии кўдак, ки кўдаки то яксолу шашмоҳаро бе модар тарбия мекунанд, барои ғизо додани кўдак баъди ҳар …

Муфассал »

Хусусияти низоми меҳнат ва истироҳат барои занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

moddai-217-kodeksi-mehnat

Моддаи 217-и Кодекси Меҳнат. Хусусияти низоми меҳнат ва истироҳат барои занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ Корфармо ҳуқуқ надорад занони ҳомиларо ба кори шабона, кор дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, изофакорӣ ҷалб намояд, ба сафари хизматӣ фиристонад, инчунин онҳоро аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд намояд. Корфармо ҳуқуқ …

Муфассал »

Корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ аст

moddai-216-kodeksi-mehnat

Моддаи 216-и Кодекси Меҳнат. Корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ аст Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон манъ аст. Рўйхати корҳоеро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳоеро, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо …

Муфассал »

Маҳдудияти қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

moddai-215-kodeksi-mehnat

Моддаи 215-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудияти қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо зани ҳомила, занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ кўдаки то се сола ё кўдаки маъюб доранд, роҳ дода намешавад, ба истиснои …

Муфассал »

Маҳдудияти ҷавобгарии моддии кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

moddai-214-kodeksi-mehnat

Моддаи 214-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудияти ҷавобгарии моддии кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида Бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бастани шартнома оид ба ҷавобгарии пурраи моддӣ манъ аст.

Муфассал »

Хусусияти реҷаи меҳнат ва истироҳати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

moddai-213-kodeksi-mehnat

Моддаи 213-и Кодекси Меҳнат. Хусусияти реҷаи меҳнат ва истироҳати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида Ҷалб намудани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида ба корҳои шабона, изофакорӣ, ба ҳисобгирии якҷояи вақти корӣ, фиристонидан ба сафари хизматӣ ва иҷрои корҳои вахтавӣ, инчунин бозхондани онҳо аз рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда манъ аст.

Муфассал »

Пардохти музди меҳнат ва меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

moddai-212-kodeksi-mehnat

Моддаи 212-и Кодекси Меҳнат. Пардохти музди меҳнат ва меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида Пардохти музди меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бо назардошти рўзи кории кўтоҳкардашуда ба амал бароварда мешавад. Меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида аз рўи меъёрҳои умумии коркард баробар ба кормандони рўзи …

Муфассал »