Главная / Meg S (страница 108)

Meg S

meg-93@inbox.ru

Давомнокии кўтоҳи вақти корӣ барои кормандоне, ки бо корҳои дорои шароити зарарноки меҳнат машғуланд

moddai-69-kodeksi-mehnat

Моддаи 69-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии кўтоҳи вақти корӣ барои кормандоне, ки бо корҳои дорои шароити зарарноки меҳнат машғуланд Давомнокии кўтоҳи вақти корӣ на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта барои кормандоне муқаррар карда мешавад, ки дар раванди меҳнат ба таъсири барои саломатӣ зарарноки омилҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигар …

Муфассал »

Давомнокии кўтоҳкардашудаи вақти корӣ

moddai-68-kodeksi-mehnat

Моддаи 68-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии кўтоҳкардашудаи вақти корӣ Барои гурўҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти уҳдадории меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартҳои шартномаи меҳнатӣ давомнокии кўтоҳкардашудаи вақти корӣ бе кам кардани музди меҳнат …

Муфассал »

Давомнокии муътадили вақти корӣ

moddai-67-kodeksi-mehnat

Моддаи 67-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии муътадили вақти корӣ Давомнокии муътадили вақти корӣ дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст вақти кории давомнокиаш кўтоҳтар бо пардохти музди меҳнати вақти кории муътадил пешбинӣ гардад.

Муфассал »

Вақти корӣ

moddai-66-kodeksi-mehnat

Моддаи 66-и Кодекси Меҳнат. Вақти корӣ Давомнокии вақти корӣ метавонад муътадил, кўтоҳкардашуда ва нопурра бошад. Ба вақти корӣ инчунин корҳои тайёрӣ – хотимавӣ (гирифтани супориши вазифавӣ (мансабӣ), мавод, асбобу анҷом, шиносоӣ бо техника, ҳуҷҷатҳо, омодагӣ ва рўбучин кардани ҷойи корӣ, супоридани маҳсулоти тайёр ва дигар ҳолатҳо), танаффусҳо, тибқи технологияи ташкили …

Муфассал »

Муҳлати амали ҷазои интизомӣ

moddai-65-kodeksi-mehnat

Моддаи 65-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати амали ҷазои интизомӣ Муҳлати амали ҷазои интизомӣ ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи сархати чоруми қисми 1 моддаи 62 Кодекси мазкур аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад. Агар дар давоми ин муҳлат ба корманд ҷазои нави интизомӣ татбиқ нагардад, он гоҳ ў ҷазои интизомӣ надошта ҳисоб …

Муфассал »

Муҳлати татбиқи ҷазои интизомӣ

moddai-64-kodeksi-mehnat

Моддаи 64-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати татбиқи ҷазои интизомӣ Ҷазои интизомӣ ба корманд ҳангоми содир кардани кирдори интизомӣ, на дертар аз як моҳ аз рўзи ошкор шудани он, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 63 Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи …

Муфассал »

Тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он

moddai-63-kodeksi-mehnat

Моддаи 63-и Кодекси Меҳнат. Тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он Ҷазои интизомӣ аз ҷониби корфармо бо роҳи қабули санад татбиқ карда мешавад. Корфармо уҳдадор аст баёноти хаттии кормандро то татбиқ намудани ҷазои интизомӣ талаб намояд. Дар ҳолати рад намудани корманд аз додани баёнот санади дахлдор тартиб дода мешавад. …

Муфассал »

Ҷазои интизомӣ

moddai-62-kodeksi-mehnat

Моддаи 62-и Кодекси Меҳнат. Ҷазои интизомӣ Барои аз ҷониби корманд вайрон кардани интизоми меҳнат, корфармо ҳуқуқ дорад чунин намудҳои ҷазои интизомиро татбиқ намояд: – сарзаниш; – танбеҳ; – танбеҳи қатъӣ; – қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо …

Муфассал »

Ҳавасмандгардонӣ барои меҳнат

moddai-61-kodeksi-mehnat

Моддаи 61-и Кодекси Меҳнат. Ҳавасмандгардонӣ барои меҳнат Корфармо ҳуқуқ дорад намудҳои гуногуни ҳавасмандгардониро барои дастовардҳои меҳнатӣ татбиқ намояд. Намудҳои ҳавасмандгардонии кормандон ва тартиби татбиқи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои корфармо, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд.

Муфассал »

Таъмини интизоми меҳнат

moddai-60-kodeksi-mehnat

Моддаи 60-и Кодекси Меҳнат. Таъмини интизоми меҳнат Интизоми меҳнат аз ҷониби корфармо бо роҳи муҳайё намудани шароитҳои зарурии ташкилӣ ва иқтисодӣ барои меҳнати фардӣ ва коллективӣ, муносибати бошууронаи кормандон ба меҳнат, усулҳои боваркунонӣ, ҳавасмандгардонӣ барои меҳнати содиқона, ҳамчунин татбиқи ҷазои интизомӣ барои вайрон намудани интизоми меҳнат таъмин мегардад.

Муфассал »