Главная / Ҷамъият / Вақти корӣ

Вақти корӣ

Моддаи 66-и Кодекси Меҳнат. Вақти корӣ

  1. Давомнокии вақти корӣ метавонад муътадил, кўтоҳкардашуда ва нопурра бошад.
  2. Ба вақти корӣ инчунин корҳои тайёрӣ – хотимавӣ (гирифтани супориши вазифавӣ (мансабӣ), мавод, асбобу анҷом, шиносоӣ бо техника, ҳуҷҷатҳо, омодагӣ ва рўбучин кардани ҷойи корӣ, супоридани маҳсулоти тайёр ва дигар ҳолатҳо), танаффусҳо, тибқи технологияи ташкили меҳнат пешбинигардида, қоидаҳои меъёрбандӣ ва ҳифзи меҳнат, вақти ҳозир будан ё интизори кор шудан, дар ҷойи кор вақти холигии худро озодона истифода накардани корманд, навбатдорӣ дар рўзҳои иди ғайрикорӣ ва истироҳат ва дигар давраҳое, ки шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дохил мешаванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …