Главная / Ҷамъият / Давомнокии кўтоҳкардашудаи вақти корӣ

Давомнокии кўтоҳкардашудаи вақти корӣ

Моддаи 68-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии кўтоҳкардашудаи вақти корӣ

  1. Барои гурўҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти уҳдадории меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартҳои шартномаи меҳнатӣ давомнокии кўтоҳкардашудаи вақти корӣ бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.
  2. Давомнокии вақти кории кўтоҳкардашуда ба шахсони зерин муқаррар карда мешавад:

– кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд;

– занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд;

– кормандони маъюб;

– кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ зарарнок машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …