Ҷараёни маорифпарварӣ яке аз дастовардҳои таърихии адибони тоҷик дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX ба шумор меравад. Хидмати таърихии Аҳмади Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тавассути эҷодиёти худ ба зуҳуру ташаккули ҷараёни маорифпарварӣ бунёд гузошт. Аҳмади Дониш афкори маорифпарвариро ҳам ба воситаи эҷодиёти худ, ҳам ба воситаи ҳамфикронаш …
Муфассал »Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития»
Дигар аз асарҳои Аҳмади Дониш, ки дар он афкори сиёсиву иҷтимоӣ ва маорифпарварии ӯ хеле дақиқу амиқ баён шудааст, «Рисолаи таърихӣ»-и мутафаккир мебошад. Рисолаи мазкур қисмати аввали асарест, ки Аҳмади Дониш онро тамом карда натавонистааст. Азбаски асар нотамом мондааст, муҳаққиқон вобаста ба мазмуну мундариҷаи он ба ин асар унвонҳои «Таърихча», …
Муфассал »Наводир-ул-вақоеъ: Сохт ва мундариҷа
«Наводир-ул-вақоеъ» дар мероси адабии Аҳмади Дониш мавқеи марказӣ дорад. Ин асар заҳмати 15-сола ва маводи якумраи гирдовардаи муаллиф аст. Нависанда ба таълифи асар соли 1870 оғоз намуда, онро соли 1885 ба итмом расонидааст. Таълифи ин асар муаллифи онро миёни аҳли ҷомеаи онрӯзаи Бухоро ҳамчун адиби тавоно ва мутафаккири забардаст шиносонид. …
Муфассал »АҲМАДИ ДОНИШ
Нависандаи забардаст, шоир ва мутафаккир Аҳмад Махдуми Дониш, ки бо лақаби «Калла» ҳам шӯҳрат дорад, соли 1826 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари Аҳмад Мулло Мирносир ном дошта, аслан аз тумани Шофирком буда, баъдҳо барои таҳсил ба Бухоро омада муқимӣ шудааст. Падару модари Аҳмади Дониш аз аҳли фазл буданд. Аз ин …
Муфассал »САДОНОКҲОИ КУТОҲ (ҲАРАКАТҲО) ДАР ҚОФИЯ
Дар системаи қофияи шеъри форсӣ – тоҷикӣ мафҳумҳои ҳарф, ҳаракат ва ҳиҷо мақоми махсус доранд. Ин қоида ба забоншиносӣ ва шеършиносии мо аз забони арабӣ омадааст. Дар алифбои арабӣ мафҳуми ҳарф ва мафҳуми ҳаракат аз ҳамдигар тафовут доранд. Ҳарфҳо навишта мешаванд ва шакли муайян доранд, аммо ҳаракатҳоро наменависанд, фақат ҳангоми …
Муфассал »Адабиёти Дарборӣ ва хусусиятҳои он
Адабиёти дарборӣ аслан ҷараёни адабиест, ки одатан дар шакли маҳфилҳои адабӣ дар дарбори подшоҳон, ҳокимон ва амирон фароҳам омада, одатан аз сиёсати роиҷи давр ва адеологияи ҳукмрон ҳимоя менамуд. Аз асри XI сар карда ба ин адабиёту эҷодкоронаш маликуш- шуаро роҳбарӣ менамуд. Маликушшуароро бошад бевосита худи амир таъин менамуд. Ин …
Муфассал »Вазъияти илму фарҳанг пас аз омадани Руссҳо
Ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна ба Россия на танҳо дар ҷодаи сиёсату иқтисодиёт тағйирот ворид сохт, инчунин дар соҳаҳои илм, таълим, фарҳанг ва ҷомеъшиносӣ низ ҷунбишҳо ба вуҷуд омад. Россия аз нигоҳи техника, саноат ва ихтироъкорӣ нисбатан пешрафта буд, зеро дар он ҷо капитализм марҳалаҳои баланди инкишофро аз сар мегузаронд. Дар …
Муфассал »Мирзо Ҳабибуллоҳ (Қоонӣ)
Адиби тавоно Мирзо Ҳабибуллоҳ мутахаллис ба Қоонӣ 20-уми октябри соли 1808 дар шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Падари ӯ Мирзо Муҳаммад Алӣ худ шоир буда, бо тахаллуси Гулшан шеър мегуфтааст. Гулшан аслан аз Кирмоншоҳон буда, баътар ба Шероз меояд. Дар овони мактабхонии Коонӣ падараш аз олам гузаштааст. Қоонӣ баъдтар барои …
Муфассал »Барои чи одам ошиқ мешавад – сабаб!
Сабаби ошиқ шудани одам дар он аст, ки Худованд ба ҳар нафар одами дар рӯи дунё мисли дигар махлуқот нафс додааст ва яке аз намуди ин нафс ин ниёз доштан ба шуғли алоқаи ҷинсӣ тавасути узвҳои ҷинсӣ мебошад. Ошиқӣ ин хусусияту хоҳиши баланд барои қонеъ кардани талаботи худ бо роҳи …
Муфассал »МУҲАММАДШАРИФ ГУЛХАНӢ
Адиби зуллисонайн, шоир ва нависанда Муҳаммадшарифи Гулханӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ҳам дар шаклҳои гуногуни назм ва ҳам дар наср мавқеи намоён дорад. Номи адиб Муҳаммадшариф ва тахаллуси адабии ӯ «Гулханӣ» буда, дар ин бора Фазлии Намангонӣ дар «Маҷмӯаи шоирон» мегӯяд: Хушо, Гулханӣ шоири пурфан аст, Чӣ гулхан, ки зеботар …
Муфассал »