АҲМАДИ ДОНИШ

Нависандаи забардаст, шоир ва мутафаккир Аҳмад Махдуми Дониш, ки бо лақаби «Калла» ҳам шӯҳрат дорад, соли 1826 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари Аҳмад Мулло Мирносир ном дошта, аслан аз тумани Шофирком буда, баъдҳо барои таҳсил ба Бухоро омада муқимӣ шудааст.

Падару модари Аҳмади Дониш аз аҳли фазл буданд. Аз ин рӯ, ӯ саводи ибтидоиро пеши модари бузургвораш баровардааст. Баъдтар Мулло Мирносир писарашро дар овони 12-солагӣ, яъне соли 1838 ба мактаби қоригӣ месупорад.

Соли 1842 Мулло Мирносир писарашро аз он мактаб гирифта, ба мадраса медиҳад. Аҳмади Дониш дар баробари таҳсили мадраса, инчунин нозукиҳои ҳунари хаттотию лавҳакории китобҳоро хеле хуб ёд мегирад. Ӯ барои таъмини зиндагӣ ва кӯмак ба хонаводаашон девонҳои шоиронро бо хати зебои худ хаттотӣ ва бо ҳунари валои хеш лавҳакорӣ менамуд. Аз ин рӯ, ӯ дар ин ҳунарҳо низ ба тезӣ дар Бухорои онрӯза шӯҳрат пайдо мекунад.

Аҳмади Дониш ҳамаи илмҳои ҷории замонаашро аз қабили забони арабӣ, мантиқ, нуҷум, ҳайат, табииёт, риёзиёт, фалсафаи калом, тиб, таърих, адабиёт ва шеършиносиро хеле хуб аз худ менамояд.

Баъдҳо яке аз олимони шарифи дарбор, ки ба Аҳмади Дониш ҳақи устодӣ доштааст, ин марди шариф сармуҳандиси дарбор буда, ба Дониш некӣ намуда, ӯро ба дарбор даъват менамояд. Аҳмади Дониш ба пешаи хаттотӣ ва асосан маслиҳатчии амир оид ба илми нуҷум дар дарбор ба фаъолият мепардозад. Пас аз вафоти устодаш Амир Насруллоҳ соли 1855 Аҳмади Донишро сарвори мактаби муҳандисону меъморони дарбор ба ҷои устодаш таъин мекунад. Ӯ боз ҳам ба амир наздиктар мешавад ва нуфузаш ниҳоят беш мегардад. Ин аст, ки дар ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмию мадании мамлакат амир аз Аҳмади Дониш маслиҳат мепурсад. Яъне Аҳмад ҳамчун яке аз тавонотарин олимон пазируфта мешавад. Бинобар ҳамин ҳам Аҳмад тахаллуси худро «Дониш» интихоб кардааст. Хусусан, амир дар илми нуҷум ягонаи замон будани Аҳмади Донишро ҳис намуда, дар ин ҷода низ танҳо бо маслиҳати ӯ амал мекунад.

Соли 1857 сафорати амир азми Петербург карда буд. Ин сафорат бо сардор элчӣ Муллоҷони Мирохур бояд ба вуқӯъ мепайваст. Ҳадафи сафорат таъзия бар вафоти подшоҳи рус – Николаи I ва табрики ба тахт нишастани Александри I буд. Сафари мазкури сафорат дар шаҳри Петербург се моҳ давом намуда, ҳайати сафорат бояд дар ин муддат ба як қатор корхонаҳои саноатӣ, ёдгориҳои маданиву таърихӣ, китобхонаву музейҳо ва марказҳову доираҳои илмию фаннии пойтахти Россия ошно мешуданд. Чунин ҳам шуд. Аҳмади Дониш ва дигар бузургони қаламрави Бухоро тахмин мекарданд, ки шояд шаҳре, ки дар зебоӣ ба шаҳрҳои Осиёи Миёна рақобат мекарда бошад, нест.

Аҳмади Дониш акнун фаҳмид, ки гумони ӯ ва ҳамақидаҳояш ботил будааст. Сохтори давлатӣ ва усули мамлакатдорӣ, донишу ҷаҳонбинии амиру аморат ва ғайра то чӣ андоза пучу бемаънӣ ва ноӯҳдабароёна буда, фарсахҳо аз пешравии давлатҳои ғарбӣ, ба хусус, аз Россия қафо мондаанд. Аҳмади Дониш қарор дод, ки мушоҳидаҳояшро ба амир хоҳад гуфт ва амир хоҳишҳои Донишро амалӣ хоҳад намуд. Албатта, маълум нест, ки амир маслиҳату машваратҳои Донишро то кадом андоза пазируфта буд. Вале ин ҷиҳат маълум аст, ки амир Насруллоҳ соли 1860 вафот намуд ва ба тахт амир Музаффар ба тахт нишаст. Ин амир бештар ба хушомалгӯён таваҷҷӯҳ дошта, ба олимон чандон эътиборе намедод.

Соли 1866 қӯшунҳои рус ба Тошканд ҳуҷум мекунанд. Амир ба муқобили онҳо мехезад. Аҳмади Дониш ин амали амирро носавоб ҳисобида бошад ҳам, амир ӯро гӯш намекунад. Дар натиҷа Бухоро аз Россия сахт шикаст хурда, ҳам товони ҷанг ва ҳам як қатор заминҳояшро низ аз даст медиҳад.

Соли 1869 амир Музаффар барои изҳори дӯстӣ ва мустаҳкам гардонидани иртиботи ду кишвар сафорати навбатӣ омода месозад. Аҳмади Донишро котиби сафорати мазкур таъин мекунанд. Аҳмади Дониш дар ин сафар Россия ва мамолики Аврупоро боз ҳам амиқтар меомӯзад. Бори дигар яқин сохт, ки амиру аморат хеле аз давлатдорӣ дуранд. Ӯ дар ин бора менависад: «Салотини Бухоро дар боби суфаро (элчиҳо) одамони камтаомул ва бедонишро ихтиёр кунанд, ба гумони он ки асрори давлати мо фош наградад… Ва ҳол он ки ихтиёри ин маслак айни безайбӣ ва беназмии давлат бошад».

Баъди бозгашт амир Музаффар ба Аҳмади Дониш рутбаи илмию ифтихории «Ӯроқ»-ро медиҳад. Зеро Дониш обрӯи Бухороро ҳимоя намуда, бисёр масъалаҳоро бар нафъи Бухоро ҳал карда буд. Аз ин рӯ, амир ӯро ба яке аз мансабҳои баланди давлатӣ таъин карданӣ мешавад. Аҳмади Дониш ба тезӣ розӣ нашуда, то андозае корро ба таъхир меандозад. Зеро Аҳмади Дониш каме пештар ин қасидаро дар васфи амир Музаффар суруда буд, ки ҷое дар он қасида овардааст:

Шунидаам ки ҳакиме, ки подшоҳонро

Ба чанд тоифа бояд кушод роҳи висол:

Нахуст олими доно ба илми дин, зи усул

Фурӯъро бишиносад ба ҷумлаи аҳвол.

Дигар табиби масеҳодаме, ки гоҳи касал,

Барад зи тинати гул сардии насими шимол.

Дигар дабири ҳумоюнхате, ки гоҳи рақам

Ниҳад зи хушқадамӣ бар рухи Уторуд хол.

Дигар, суханвари шоир, адиби болиғфан,

Ки васфи шоҳ кунад дар ҷамеи ҳолу муҳол (л).

Дигар мусаввири Беҳзоддасту Моникилк,

Ки нақшаи фалаку арзро кашад тимсол.

Вуҷуди ҳар як аз ин қавм зеби мамлакат аст,

Ҳузури ҳар як аз ин фирқа мулкрост ҷамол…

Вале амир Музаффар ниҳоят кӯтоҳназарӣ зоҳир намуда, ба сари мамлакат шиканҷаҳои зиёде овард. Зеро Россия ба Бухоро ҷанг эълон кард. Ин дафъа ҳам Бухоро шикаст дид ва амир Музаффар шартномаи сулҳ имзо карду розигӣ ба супоридани товони ҷанг дод.

Пас аз ин амир соли 1869 ба Петербург сафорати нави худро омода месозад. Аҳмади Дониш боз ба ин ҳайат дохил карда мешавад. Ин дафъа Дониш сармушовир таъин мегардад.

Охирҳои соли 1873 ҳайати сафорат фиристода мешавад, ки Дониш дар ин сафар се моҳ дар он ҷо мемонад ва марти соли 1874 ба Бухоро бармегардад. Александри II дар ин сафар ба Аҳмади Дониш таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамояд. Дар ин сафар Дониш андешаҳои худро ба таври ҷудгона дар «Рисола дар назми тамаддун ва «таовун» дохил намудааст. Ӯ баъдтар ин рисолаи худро ба таркиби «Наводир-ул-вақоеъ» ҷойгир кардааст. Таклифҳои Дониш ба амир писанд наафтод ва аз ин рӯ, амир Аҳмади Донишро аз Бухоро дур кард. Баъдтар амир Аҳмади Дониш ба Ғузор ва пас аз чанде ба Наҳрнай мефиристонад.

Соли 1885 дар Бухоро тағйирот ба вуҷуд меояд. Дар ин сол амир Музаффар вафот мекунад ва ба тахт писари ӯ Амир Абдулаҳад соҳиб мешавад. Ин амир худро илмдӯст нишон дода, Аҳмади Донишро аз Наҳрнай ба Бухоро баъват мекунад.

Аҳмади Дониш ба Бухоро омада, танҳо ба фаъолияти илмӣ-эҷодӣ мепардозад. Ӯ тӯли солҳои дароз дар дарбор кӣ будани амирони манғитиро донист ва омӯхт, ки аз онҳо умеди некӣ нест. Се сафари Аҳмади Дониш ба Россия ӯро ба кишвари пешрафтаи аврупоӣ, усули мамлакатдорӣ, низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра шинос намуд. Пеш аз ҳама, Аҳмади Дониш фарҳанги миллӣ, илм ва таърихи миллиро хеле хуб медонист. Аз ин рӯ, ӯ дар назария қиёс намуд, ки ҳукуматдорони Бухоро аз ин падидаҳо умуман хабар надоранд. Онҳо танҳо бо роҳи зӯрӣ, қатл, зиндон мардумро дар чаҳорчӯбаи сиёсат нигоҳ медоранду ҳукумат мекунанд.

Аҳмади Дониш тавассути Россия то андозае ба Аврупои Ғарбӣ низ шиносоӣ пайдо намуд. Зеро ӯ бо шахсиятҳои ҷудогона ошно гардида, як андоза онҳоро омӯхт. Масалан, Аҳмади Дониш соли 1869 ҳанӯз дар шаҳри Тошканд бо П.И.Пошино ном тараққихоҳи рус шинос шуда, бисёр масъалаҳои иҷтимоиро бо ӯ машварат мекунад. Ё худ дар сафари аввалааш бо яке аз шарқшиносони рус В.Григорев дар Оренбург чандин мулоқотҳо барпо намуда буд. Аҳмади Дониш бо намояндагони артиши Россия низ шинос гардида, бо онҳо ҳам сӯҳбат дошт. Аз он ҷумла, бо полковники рус Колзаков (дар сафари сеюм) ва дар бозгашти ҳамин сафар аз Тошканд то Шаҳрисабз бо капитан Стремоухов шинос гардида бо онҳо дар мавзӯъҳои гуногун сӯҳбатҳо меорояд.

Баъди сафарҳо Аҳмади Дониш мулоҳиза ва андешаҳои худро оид ба усули кишвардорӣ дар шакли китоб ба амир пешниҳод менамояд. Дар муқаддимаи он менависад, ки агар амир таклифҳои ӯро қабул накунад, ӯ ба дарбор барои фаъолият дар ягон мансаби давлатӣ нахоҳад омад. Зеро амир боисрору пайваста аз Аҳмади Дониш талаб мекард, ки ягон мансаби давлатиро қабул кунад. Таклифҳои Аҳмади Дониш ва кушодагӯиҳои ӯ амирро акнун хашмгин сохт. Амир дид, ки таклифҳои Аҳмади Дониш мавқеи ҳокимро суст мекунанд.

Амир дигар Донишро на танҳо таклиф накард, балки мехост ӯро аз худ дур нигоҳ дорад. Амир Музаффар боре ба наздикони худ гуфта будааст, ки: «Ман фалониро бо суфарои (элчиёни) давлат ба ҷониби Россия ҳамроҳ кардам, дар охир ба ман насиҳатгар шуд. Ман баъд аз ин ӯро намефиристонам» Аҳмади Дониш пас аз фаҳмидани чунин ҷавобҳои ноадешидаи амир ба назидикони худ гуфтааст, ки: «Ман ҳам ба нӯкарии ин каллахарон толиб нестам».

Аҳмади Дониш соли 1889 аз мадрасаи Мири Араб як ҳуҷра мегирад ва танҳо ба корҳои илмӣ-эҷодӣ машғул мешавад. Яъне он корҳоеро, ки то ин муддат ба итмом нарасонида буд, хотима мебахшад.

Поёни умри ин мутафаккир низ дар Бухоро гузаштааст. Ӯ дар байни моҳҳои март-апрели соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

Мероси адабӣ ва илмии Аҳмади Дониш

Аҳмад Махдуми Дониш нависанда, шоир, мутафаккир, файласуф ва ҷомеъашиноси бузурги тоҷик аст, ки тӯли 71-соли умри хеш аз ӯ осори гаронарзиши адабӣ-бадеӣ ва илмӣ боқӣ мондааст. Осори Дониш гуногунмавзӯъ, серсоҳа ва серпаҳлу буда, доир ба мӯҳтавои осор ва арзиши он худи адиб чунин ишора дорад:

Ҳунар кадом, ки бо ман нагашт рӯй ба рӯй.

Кадом илм, ки бо ман накард, истиқбол?

Асарҳои Аҳмади Дониш

  1. «Манозир-ул-кавокиб» («Манзараи ситораҳо»). Асари мазкур доир ба илми нуҷум-ситорашиносӣ буда, оид ба мавқеъ, мақому ҳолоти ситораҳо, ҷойгиршавии онҳо ва зуҳури бисёр ҳаводису воқеоти марбути ситораҳо ва ғайра баҳс мекунад. Муаллиф ин асари худро ба яке аз дӯстонаш бахшидааст. Санаи таълифи китоб соли 1865 мебошад.
  2. «Рисола фӣ аъмол ил-кӯра» («Рисола доир ба амалиёт бо кӯра»). Аҳмади Дониш дар ин рисола оид ба кашфиёти илмии асри худ, доир ба кайҳон маълумоти нодири илмӣ медиҳад. Хусусан, баъди мулоқоти ӯ бо капитани рус Стреомухов, ки капитан ба Дониш ду глобус: ҳам глобуси замин ва ҳам глобуси саморо тӯҳфа менамояд. Аз ин рӯ, Дониш баъзе ахбори тоза оид ба ҷанбаъҳои ҷуғрофӣ ва астрономӣ медиҳад.
  3. «Таъодули хамсаи мутаҳайира» («Ҳаракати панҷ ситора»). Ҳадафи Аҳмади Дониш ҷойгиршавӣ ва ҳаракати Уторуд, Зӯҳра, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал буда, рисолаи мазкур низ ба илми нуҷум бахшида шудааст. Яъне ҳар яке аз ин ҷирмҳои самовӣ бо хосиятҳои ҷудогонаи худ шарҳ дода мешавад. Аҳмади Дониш ин асарашро соли 1883 дар шаҳри Ғузор таълиф намудааст.
  4. «Меъёр-ут-тадайюн» («Ҳадди диёнат»). Аҳмади Дониш ба масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятиву ҳуқуқӣ аз нигоҳи илми шариат низоми муайян таъин менамояд. Ҳадафи муаллиф амиру аморат ва сохтори роҳбарии ҷомеъаро, ки аҳли диёнат мебошанд, ба адлу адолат ва инсоф даъват мекунад. Дониш ин асарро соли 1894 таълиф намудааст.
  5. Дар мероси илмии Аҳмади Дониш боз як асари таърихии ӯро низ метавон номбар кард, ки мутахассисон онро «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития»- ном ниҳодаанд. Дар ин асар сари қудрат омадани амирони манғития аз Дониёл то Абдулаҳад маълумот дода мешавад. Асар оид ба шахсияти амирон, усули кишвардории онҳо, муносибатҳои дохилӣ-дарборӣ ва хориҷии онҳо, хусусан бо Россия, ҳолати раъият ва ғайра хеле маълумоти пурарзишу судманд медиҳад, ки дар ин бора баъдтар маълумот хоҳем дод.

Мероси адабии Аҳмади Дониш асосан аз анвои гуногуни манзум ва мансур иборат мебошад. Осори манзуми Аҳмади Дониш жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайраро дар бар мегирад. Адиб ин шаклҳои шеъриро дар вақтҳои гуногун эҷод кардааст. Осори манзуми Дониш дар шакли пароканда дастрас шудааст. Ӯ осори манзуми худро дар шакли девон ба таври алоҳида боқӣ нагузоштааст.

Мавзӯъҳо ва мандариҷаи ғоявии ашъори Аҳмади Дониш гуногун буда, дар онҳо васфи инсонҳои соҳибкасбу соҳибмаърифат, ҳунарварону санъаткорони хориҷӣ, дӯстию рафоқат, хислатҳои неки одамӣ, тарғиби маданияти пешқадам, васфи хираду дониш, некиву накӯкорӣ, адлу адолатхоҳӣ, васфи илму фарҳангу ҳунар ва ғайра мебошад. Масалан, дар ин қитъа шоир зоҳирпарастии инсон, ба шакл таваҷҷӯҳ намудани касон, оҷилу шитоб, бесабриро танқид мекунад. Баръакс сабру таҳаммул, ботинбинӣ, рӯ овардан ба сират-маънавиёти инсон, подоши ҳаётро ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ таъкид мекунад, ки инсон пок ба дунё меояд, набояд нопок равад, балки пок бояд зиндагӣ кунад ва пок биравад. Ӯ мегӯяд:

Ба шакли ҳайати инсон зи раҳ марав зинҳор,

Тавон ба сабру таҳаммул шинохт ҷавҳари мард.

Агар на пок бувад, аз бало нахоҳад ҷаст

В-агар дар асл бувад пок, сабр хоҳад кард.

Албатта, мавзӯи ишқ ва исёнҳои қалбии инсонӣ, эҳсосоти нозуки одамӣ ва васфи маҳбубаву назокати гуфтори ошиқ яке аз мавзӯъҳои ҷовидона дар таърихи адабиёт мебошад. Ин яке аз мавзӯъҳои асосии лирикаи Аҳмади Дониш низ ҳаст. Чунончи, дар ин ғазал мегӯяд:

Абрӯи чун ҳилоли ту ҷонро шикор кард,

Мижгони обдори ту дил беқарор кард.

Дасти булӯрранги ту қадри гуҳар шикаст,

Лабҳои чун ақиқи ту ёқут хор кард.

Аз хоки пираҳан чу намуд он тани ҳарир,

Олам пур аз таровати бӯи баҳор кард.

Калпӯши зар, ки маст ба торак ниҳодааст,

Бо қомати чу дурру гуҳар интишор кард.

Ту осмону ман чу замин, чун кунам, валек,

Лутфи дигар ба бӯсаам уммедвор кард.

Ғазали мазкур хеле хуб аст, вале дар ҳар сурат ҳунармандона нест. Зеро Аҳмади Дониш нависандаи забардаст, мутафаккир, файласуфу ҷомеъашинос аст. Ашъори ӯ пеш, аз ҳама, бо ягон сабабе, баҳонае ва ё дар мавридҳои зарурӣ рӯи кор омадааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …