Главная / Маданият ва санъат / САДОНОКҲОИ КУТОҲ (ҲАРАКАТҲО) ДАР ҚОФИЯ

САДОНОКҲОИ КУТОҲ (ҲАРАКАТҲО) ДАР ҚОФИЯ

Дар системаи қофияи шеъри форсӣ – тоҷикӣ мафҳумҳои ҳарф,  ҳаракат ва ҳиҷо мақоми махсус доранд. Ин қоида ба забоншиносӣ ва шеършиносии мо аз забони арабӣ омадааст. Дар алифбои арабӣ мафҳуми ҳарф ва мафҳуми ҳаракат аз ҳамдигар тафовут доранд. Ҳарфҳо навишта мешаванд ва шакли муайян доранд, аммо ҳаракатҳоро наменависанд, фақат ҳангоми хондан талаффуз менамоянд.

Гоҳе ҳаракатҳоро дар мавриди зарурӣ мегузоранд. Ин ҳаракатҳо бо номҳои «забар» ё «фатҳа» (а), «зер» ё «касра» (и) ва «пеш» ё «замма» (у) маъмуланд. Дар забоншиносии имрӯза ҳаракатҳоро (яъне, а, и, у) садонокҳои кӯтоҳ меноманд.

Ҳарфҳо дар якҷоягӣ бо ин ҳаркатҳо, яъне садонокҳои кӯтоҳ ҳиҷоро ба вуҷуд меоранд.

kitob

Ҳарфҳои «алиф», «вов» ва «йо» дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ овози садонокро медиҳанд ва онҳоро барои фарқ кардан аз ҳаракатҳо садоноки дароз мегӯянд, ки «о», «ӯ» («у») ва «ӣ» мебошанд. Ҳамин тариқ, дар илми қофия ҳ а р ф ҳ о (ҳамсадо ва садонокҳои дароз) ва ҳ а – р а к а т ҳ о (садонокҳои кӯтоҳ) иштирок менамоянд.

Мо дар боло доир ба ҳарфҳои қофия маълумот додем ва барои ҳар кадоми онҳо мисолҳо овардем. Ҳоло дар хусуси ҳаракатҳои қофия (садонокҳои кӯтоҳ), ном ва мавқеъи онҳо дар р е ш а и қ о ф и я маълумот медиҳем.

Дар илми қофия садонокҳои кӯтоҳеро, ки дар сохтани решаи қофия иштирок менамоянд, ҳ а р а к а т ҳ о и қ о ф и я меноманд. Аксари донишмандони илми қофия ба ҳар як ҳаракат ном ниҳодаанд. Ҳаракатҳои қофия шаштоянд: р а с, и ш б о ъ, ҳ а з в, т а в ҷ е ҳ, м а ҷ р о, н а ф о з.

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар байте номи ҳаракатҳои қофияро чунин ба назм овардааст:

Расу ишбоъу ҳазву тавҷеҳ аст,
Боз маҷрову баъд аз ӯст нафоз.

Аз ин ҳаракатҳо чортояш дар қ о ф и я и м у қ а й я д меояд (рас, ишбоъ, ҳазв ва тавҷеҳ) ва дутои дигараш (маҷро ва нафоз) ба қ о ф и я и м у т л а қ тааллуқ дорад. Ба таври дигар гӯем, ҳаракатҳои р а с , и ш – б о ъ, ҳ а з в ва т а в ҷ е ҳ пеш аз ҳарфи равӣ, аммо ҳаракатҳои м а ҷ р о ва н а ф о з баъди равӣ меоянд. Насируддини Тӯсӣ аз ҳарфҳои аввали номи ҳаракатҳои қофия ибораи «Роҳати ман»-ро сохтааст, ки барои ба осонӣ дар хотир нигоҳ доштани номи ҳаракатҳо ба хонанда ёрӣ мерасонад, яъне аз р а с ҳарфи «р», аз ишбоъ ҳарфи алиф (яъне, «о»), аз ҳазв ҳарфи «ҳ», аз тавҷеҳ ҳарфи «т», аз маҷро ҳарфи «м» ва аз нафоз ҳарфи «н».

Ҳаракатҳои қофия дар алифбои имрӯза шакли овозӣ ва ҳарфӣ надоранд, аз ин рӯ, аз аввал маъниҳои луғавӣ ва истилоҳии онҳоро шарҳ дода, сипас дар асоси мисолҳои шеърӣ шакл ва мавқеъи онҳоро дар решаи қофия нишон медиҳем.

  1. Рас калимаи арабист, маънои луғавиаш ибтидои чизе; чоҳи куҳна буда, дар илми қофия ҳаракати пеш аз т а ъ с и с ро гуянд. Рас садоноки кутоҳи «а» аст, ки дар решаи қофия пеш аз ҳарфи «о», яъне таъсис дар назар дошта мешуд. Рас фақат ба ҳарфҳои арабӣ тааллуқ дошта, дар навишти имруза ифодаи ҳарфӣ надорад.
  2. Ишбоъ калимаи арабист, маънои луғавиаш сер кардан, пур кардан буда, дар илми қофия ҳаракати ҳамсадоест, ки дар қофия ба вазифаи д а х и л меояд, яъне садонокҳои кутоҳи «а», «и» ва «у», ки дар байни д а х и л ва р а в ӣ ҷой гирифтаанд.

Мисол:

Қофия дар асл як ҳарф асту ҳашт онро табаъ,

Чор пешу чор пас, он нуқта инҳо дойира.

Ҳарфи таъсису дахилу ридфу қайд, он гоҳ равй,

Баъд аз он васлу хурӯҷ асту мазиду нойира.

Дар ин қитъа калимаҳои д о й и р а ва н о й и р а қофия, ҷузви             «-

ойира» решаи қофия буда, садоноки дарози «о» т а ъ с и с, ҳарфи «й» д а х и л, садоноки кутоҳи «и» и ш б о ъ, ҳарфи «р» р а в и и м у т л а қ ва ҳарфи «а» в а с л мебошад.

Дар калимаҳое, ки ба вазифаи қофия омадаанду дар таркибашон ҳаракати ишбоъ доранд, хеле кам аст. Масалан:

Калимаҳои «муборакӣ»-ю «ровакӣ» қофия, ҷузвҳои «-оракӣ» ва «- овакӣ» решаи қофия буда, ҳарфи «о» т а ъ с и с, ҳарфи «р» (дар калимаи «ровакӣ» ҳарфи «в») д а х и л, садоноки кутоҳи «а» и ш б о ъ, ҳарфи «к» р а в ӣ ва ҳарфи «ӣ» васл аст.

  1. Ҳазв калимаи арабист, маънои луғавиаш баробар кардани ду чиз бошад. Дар илми қофия садоноки кутоҳеро (а, и, у) гуянд, ки пеш аз ҳарфи қайд омада бошад. Мисол:

Набандад то сари нофи замин санг,

Намонад дона дар нофи замин танг. (Бозор Собир)

Дар ин байт (вазнаш-Ҳазаҷи мусаммани мақсур) калимаҳои «санг» ва «танг» қофия, ҷузви «-анг» решаи қофия буда, садоноки кутоҳи «а» ҳ а з в, ҳарфи «н» қ а й д, ҳарфи «г» равии муқайяд мебошад.

Аксари муҳаққиқони таърихи адабиёт дар ин ақидаанд, ки такрори ҳазв дар қофияҳои муқайяд (қофияҳое, ки дар он ҳарфи равӣ бо ҳарфи в а с л начаспидааст) ҳатмӣ, вале дар қофияҳои мутлақ (қофияҳое, ки дар онҳо ҳарфи р а в ӣ бо ҳарфи в а с л часпидааст) шарт нест.

Мисол:

Барафканд, ай санам, абри биҳиштй,

Заминро хилъати урдибиҳиштй.

Замин бар сони хунолуда зебо,

Ҳаво бар сони нилолуда муште. (Дақиқӣ)

Дар ин чор мисраъ (вазнаш-Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф) калимаҳои «биҳиштӣ», «урдибиҳиштӣ» ва «муште» қофия, ҷузвҳои «-иштӣ», ва «-уште» решаи қофия буда, ҳарфи «ш» қ а й д, ҳарфи «т» равии мутлақ, ҳарфи «ӣ»-и «биҳиштӣ»-ю «урдибиҳиштӣ» ва «е»-и «муште» в а с л, садоноки кутоҳи «и»-и «-иштӣ»-ю «у»-и «-уште» ҳазв мебошанд. Азбаски қофияи ин абёт қофияи мутлақ аст, яъне баъди ҳарфи р а в ӣ («т») ҳарфи в а с л («ӣ», дар калимаи «муште» «е» омадааст, ҳаракати ҳ а з в такрор нашудааст.

Дар рубоии Ҳабиб Юсуфӣ:

Боз о, ки дил аз омаданат маст шудаст,

Аз шавкати ту зӯру забардаст шудаст.

Дил аз ту чи сарбаланд гаштаст, ки кӯҳ

Дар пеши баландии сараш паст шудаст.

Калимаҳои «маст», «забардаст» ва «паст» қофияи муқайяд, ҷузви «- аст»-и ҳарсе калима р е ш а и қ о ф и я буда, ҳарфи «с» қ а й д, ҳарфи «т» равии муқайяд ва садоноки кӯтоҳи «а», ки пеш аз ҳарфи қайд омадааст, ҳ а з в мебошад. Азбаски қофияи ин байтҳо муқайяд аст, ҳ а з в такрор гардидааст.

Такрори ҳ а з в дар қофия оҳангнокии шеърро зиёд мекунад, барои ҳамин, шоирони тавонои адабиёти гузашта ва имрӯзаи форс-тоҷик дар қофияи мутлақ низ ҳазвро такрор кардаанд.

  1. Тавҷеҳ калимаи арабӣ буда, маънои луғавиаш ба сӯи чизе рӯ овардан, муроҷиат кардан мебошад. Дар илми қофия яке аз ҳаракатҳои қофияи муқайядро гӯянд. Тавҷеҳ садоноки кӯтоҳест (а, и, у), ки дар қофия пеш аз равии муқайяд омада бошад.

Мисол:

Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст,

Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст. (Мирзо Турсунзода)

Дар байт (вазнаш – Рамали мусаммани махбуни мақсур) калимаҳои «Ватан» ва «чаман» қофия буда, ҳарфи «н» равии муқайяд, садоноки кӯтоҳи «а», ки пеш аз равии муқайяд омадааст, тавҷеҳ мебошад.

Муҳаққиқони илми қофия дар ин ақидаанд, ки такрори тавҷеҳ дар қофияҳои муқайяд ҳатмӣ, вале дар қофияҳои мутлақ шарт нест. Мисол: Аз паси тиреза духтар мегирист,

Навниҳоли ғунчаи тар мегирист.

Завқи ноҷури муҳаббат дар дилаш,

Дам ба дам бо сӯзи дигар мегирист. (Гулназар)

Дар ин шеъри Гулназар (вазнаш – Рамали мусаддаси мақсур) калимаҳои «духтар»-у «тар»-у «дигар» қофия, ҷузви «-ар»-и ҳарсе калима решаи қофия буда, ҳарфи «р» равии муқайяд ва садонокӣ кӯтоҳи «а», ки пеш аз равии муқайяд омадааст, тавҷеҳ мебошад. Чи тавре ки мебинед, дар ин се калима ҳаракати тавҷеҳ такрор шудааст.

Мисоли дигар:

Дунё наарзад он ки парешон кунӣ диле,

Зинҳор бад макун, ки накардаст оқиле.

Гар ман сухан дуруст бигӯям, ту нашнавӣ,

Беҷаҳд аз ойина набарад занг сайқале.

Дар абёти боло (вазнаш – Музореъи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф) калимаҳои «диле»-ю «оқиле»-ю «сайқале» қофия буда, ҳарфи «и» (дар қофияи «сайқале» ҳарфи «а»-и дуюм) т а в ҷ е ҳ, ҳарфи «л» р а в и и м у т л а қ, ҳарфи «е» васл мебошад. Чи тавре ки мебинед, дар ин се қофия ҳаракати т а в ҷ е ҳ такрор нашудааст, сабаб он аст, ки т а в ҷ е ҳ бо равии мутлақ омадааст. Азбаски такрори т а в ҷ е ҳ оҳангнокии шеърро зиёд мекунад, аксари шоирони гузашта ва имрӯзаи адабиёти тоҷик дар қофияи мутлақ низ ҳаракати тавҷеҳро такрор кардаанд.

  1. Маҷро калимаи арабист, маънои луғавиаш пӯшида, ҷои равон шудани об буда, ба маънои истилоҳӣ номи яке аз ҳаракатҳои қофияи мутлақ аст. Дар асл маҷро садоноки кӯтоҳи «а» мебошад, ки дар қофияи мутлақ баъди р а в ӣ омада, ҳарфҳоеро, ки ба вазифаи в а с л омадаанд, ба ҳарфи равӣ пайваст менамояд.

Шояд дигар садонокҳои кӯтоҳ, яъне ҳаракатҳои и, у ба вазифаи маҷро оянд, аммо аз мисолҳое, ки то имрӯз дастраси мо шудааст, маълум гардид, ки қариб дар ҳама маврид фақат садоноки «а» ба вазифаи маҷро омадааст. Мисол:

Раъият ба зулми ту чун олиманд,

Зи зулми ту бар якдигар золиманд. (Ҷомӣ)

Дар ин байт (вазнаш – Мутақориби мусаммани мақсур) калимаҳои «олиманд»-у «золиманд» қофия буда, решаи ҳарду қофия «-олиманд» аст, ки ҳарфи «о» т а ъ с и с, ҳарфи «л» д а х и л, садоноки «и» и ш б о ъ, ҳарфи «м» р а в и и м у т л а қ, садоноки кӯтоҳи «а» м а ҷ р о, ҳарфи «н» в а с л ва ҳарфи «д» х у р ӯ ҷ мебошанд. Такрори маҷро дар қофия ҳатмист.

Нафоз калимаи арабист, маънои луғавиаш гузаштани чизе ба чизе, берун шудани тир аз нишона, дар илми қофия номи яке аз ҳаракатҳои қ о ф и я и м у т л а қ ро гӯянд. Нафоз садоноки кӯтоҳест (а, и, у), ки дар қофияи мутлақ баъди васл омада бошад. Мисол:

Гар дил зи ғами ёр напардохтанистеш,

Бо у ҳама вуҷуҳ дарсохтанистеш. (аз «Ал-мӯъҷам)

Дар ин байт (вазнаш – Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи мақсур) калимаҳои «напардохтанистеш» ва «дарсохтанистеш» қофия, ҷузви «-охтанистеш» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад, ҳарфи «х» р и д ф и м у р а к к а б, ҳарфи «т» р а в и и м у т л а қ, садоноки кӯтоҳи «а» м а ҷ р о, ҳарфи «н» в а с л, садоноки кӯтоҳи «и» н а ф о з, ҳарфи «с» х у р ӯ ҷ, ҳарфи «т» м а – з и д, харфҳои «е» ва «ш» н о й и р а мебошанд. Садонокҳои кӯтоҳеро, ки баъди х у р ӯ ҷ ва м а з и д меоянд, низ нафоз меноманд. Мисол:

Ин дил, ки ба зулфи дилбаре бастемаш,

Ҳар чанд гусаст, боз пайвастемаш. (Котиб)

Дар ин байт (вазнаш – Ҳазаҷи мусаммани ахраби мусаммани мақбузи абтар) калимаҳои «бастемаш» ва «пайвастемаш» қофия, ҷузви «- астемаш» решаи қофия буда, садоноки кӯтоҳи «а»-и аввал ҳ а з в , ҳарфи «с» қайд, ҳарфи «т» р а- в и и м у т л а қ, ҳарфи «е» в а с л, ҳамсадои «м» х у р ӯ ҷ, садоноки «а»-и дуюм н а ф о з ва ҳарфи «ш» м а з и д мебошанд. Такрори нафоз дар қофияи мутлақ ҳатмист. Қофияе, ки дар решаи он ҳаракати нафоз омада бошад, хеле кам аст.

Мисолҳо барои ҳаракатҳои қофия:

1.Мисол барои ҳаракатҳои ишбоъ, маҷро ва нафоз:

Ёри маҳру мойиласташ, Ҳарчи хоҳад, ҳосиласташ,

  1. Мисол барои ҳаракати ҳазв:

Гар сӯзи дилам як нафас оҳиста шавад,

Аз дуди дилам роҳи нафас баста шавад. (Камоли Исфаҳонӣ)

  1. Мисол барои ҳаракати тавҷеҳ:

Ҳадисе аз лабаш гуфтам, даҳони ғунча бо ҳам шуд,

Чу номи абрӯяш бурдам, аз ин пушти камон хам шуд.

(Котибии Туршезй)

  1. Мисол барои маҷро:

Агар ба давлат ба Рӯдакӣ намемонам,

Аҷаб макун сухан аз Рӯдакӣ на кам донам. (Абӯзироа)

  1. Мисол барои нафоз:

То кай ба хуни дидаву дил парваремашон,

Аз раҳ бурун раванду ба роҳ оваремашон.

(Ҷомӣ) Савол ва супоришҳо:

  1. Дар илми қофия ҳарф ва ҳаракат аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
  2. Кадом ҳаркатҳо ба қофияи муқайяд тааллуқ доранд?
  3. Мисолҳои шеърӣ оварда, ҳаракатҳои қофияи муқайядро нишон диҳед.
  4. Кадом ҳаракатҳо баъди ҳарфи равӣ меоянд?
  5. Дар хусуси ҳаракатҳои қофияи мутлақ маълумот диҳед.
  6. Дар байти зери Ҷомӣ:

Сабзаҳо навдамида ёр наёмад,

Тоза шуд боғу он нигор наёмад.

Калимаҳои «ёр» ва «нигор» ба кадом навъи қофия дохил мешаванд?

  1. Ҳаракатҳои қофия бо кадом номҳо машҳуранд?
  2. Кадом ҳаракатҳо пеш аз ҳарфи равӣ меоянд?
  3. Маъноҳои луғавию истилоҳии р а с с у и ш б о ъ у ҳ а з в ро гӯед.
  4. Ҳаракате, ки пеш аз ҳарфи қ а й д меояд, чӣ ном дорад?
  5. Кадоме аз ин ҳаракатҳо дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ истифода намешаванд?
  6. Тафовути байни ҳаракатҳои и ш б о ъ у м а ҷ р о ро фаҳмонед.
  7. Ҳаракати дахил чӣ ном дорад?
  8. Умумият ва тафовути ҳаракатҳои ишбо ъ ва м а ҷ р о ро фаҳмонед.
  9. Дар қофияҳои «ғорат» ва «ишорат»-и ин байти Ҳофиз:

Биё, ки турки фалак хони рӯза горат кард,

Ҳилоли ид ба даври қадаҳ ишорат кард.

садоноки кӯтоҳи «а» и ш б о ъ аст ё м а ҷ р о?

  1. Маъниҳои луғавӣ ва истилоҳии ҳ а з в ро гӯед.
  2. Мисоли шеърие оред, ки дар он ҳаракати тавҷеҳ омада бошад.
  3. Нафоз чист?
  4. Ҳаракате, ки баъди ҳарфҳои хурӯҷу мазид меояд, чӣ ном дорад?
  5. Ин байти Ҷомиро азёд кунед ва шарҳ диҳед:

Расу ишбоъу ҳазву тавҷеҳ аст,
Боз маҷрову баъд аз ӯст нафоз.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …