Главная / Маданият ва санъат / Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития» 

Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития» 

Дигар аз асарҳои Аҳмади Дониш, ки дар он афкори сиёсиву иҷтимоӣ ва маорифпарварии ӯ хеле дақиқу амиқ баён шудааст, «Рисолаи таърихӣ»-и мутафаккир мебошад. Рисолаи мазкур қисмати аввали асарест, ки Аҳмади Дониш онро тамом карда натавонистааст. Азбаски асар нотамом мондааст, муҳаққиқон вобаста ба мазмуну мундариҷаи он ба ин асар унвонҳои «Таърихча», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития», «Тарҷумаи ҳоли амирони санғития» мондаанд. Маълум аст, ки рисола дар овони пиронсолии олим таълиф шудааст, зеро танҳо наздиктарин эҷодкорон аз таълифи он хабарор шудаанд. Ин асар тақрибан пас аз даҳ соли таълифи «Наводир-ул- вақоеъ» эҷод шудааст. Аз ин рӯ, Аҳмади Дониш тӯли даҳ сол тавонистааст сохтори сиёсии Бухоро, амиру аморат, сиёсатмадорону усули кишвардории онҳоро боз ҳам чуқуртар омӯзад.

mangiti

Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» оид ба аморати Бухоро ва тартиботи сиёсиву иҷтимоии он ва иқтисодиёти кишвар, бо ислоҳот ва бартараф намудани як қатор нуқсонҳо беҳбудии онро чашмдор буд. Ӯ дар давоми даҳ соли омӯзиши минбаъда хеле фикру ақидаи худро оид ба ин масъала тағйир дод. Ана ҳамин ҷанбаъ рисолаи «Таърихча»-ро рӯи ҳастӣ овард.

Сохту таркиби асар

Аслан Аҳмади Дониш рисолаи «Таърихча»-ро ба фаслу бобҳо ҷудо накардааст. Ин рисола тақрибан аз нигоҳи сохтор чунин аст: муқаддима, қисмати асосии асар, ки дар навбати худ аз ду бахш иборат мебошад. Баъд аз ин хотимаи рисола пеш меояд, ки муаллиф андешаҳои худро натиҷагирӣ мекунад.

Мазмуни мухтасари рисола

Дар қисмати муқаддимавии рисолаи «Таърихча» андешаҳои Аҳмади Дониш ҳамчун олими ситорашинос ва ҳам донандаи фалсафаи инкишоф баромад мекунад.

Муқаддимаи рисола ва бобҳои минбаъдаву хулоса ҳам унвонгузории махсус нашудаанд.

Мутафаккир Аҳмади Дониш дар қисмати муқаддимаи рисола таъкид менамояд, ки: «Сабаби ободии ҷаҳон ҳаёт, об ва адл бувад ва боиси харобии маргу беобӣ ва зулм бошад, ки воситаи он аз олами улвӣ шаш кавкабанд. Вуҷудиёт аз натоиҷи табъи Офтоб ва Зӯҳраву Муштарӣ ва адамиёт аз таъсироти Миррих ва Зуҳалу Қамар ва Аторуд муовини ҳар кадом аст».

Ба назари Аҳмади Дониш, дунё ва ҷамъияти инсонӣ пайваста дар ҷараёну рушд ва таназзулу харобишавӣ қарор дорад. Ӯ ин фалсафаи инкишофро дар заминаи сайри сайёраҳо қазоват менамояд.

Ӯ чунин мешуморад, ки агар 4 ва ё 100 сол давраи рушд бошад, ҳатман боз таназзул пеш меояд. Барои раҳоӣ аз ин дар ҳар як давраи муайян аз шоҳон ё аз донишмандон як ё якчанд гурӯҳ ба миён меоянд, ки онҳоро муҷаддиди (навкунандаи) алф (ҳазор) ё миа (сад) мегӯянд. Темур Ҳусайн Бойқароро, Абдуллоҳхон ва Субҳонқулихонро нишон медиҳад. Махсусан, Аҳмади Дониш нисбат ба амир Шоҳмуроди манғитӣ назари мусбат дорад. Зеро баробари сари қудрат омадани ин амир дар Бухоро навкарди соҳаҳо оғоз шудааст. Аҳмади Дониш ба Шоҳмурод баҳои баланд медиҳад.

Дар рисола нахуст воқеаи сиёсӣ тасвири ҳукумати Дониёл ва фаъолияти сиёсии ӯст, ки «Харобии назми аморат дар замони амир Дониёл ва тарзи салтанати амир Шоҳмурод» унвонгузорӣ шудааст. Назари Аҳмади Дониш ба ин амир ва усули мамлакатдории ӯ манфӣ мебошад. Аҳмади Дониш амир Шоҳмуродро нуқтаи баланд дониста, таназзулро аз аҳди амир Музаффар меҳисобад. Муаллиф менависад: «Аз ҷумлаи тадбирҳое, ки амир Музаффар дар назми ҳукумат ниҳод, барои ҷалби дилҳо ва ҷамъияти халқ яке он буд, ки ҳамаи нуқуд, дираму динорро ба нияти ғазо ва аскардорӣ аз миёни халқ бардошт ва дар хазина ниҳод, то агар касеро ба дираму динор эҳтиёҷ афтад, бояд, ки сари иродат ба давлатхона ниҳад ва хидмати амир кунад ва зар бибарад. Дигар аксар заминҳои фуқароро барои чаҳорбоғи султонӣ баргузида бихарад ва ҳар ҷо, ки боғе медиҳанд, барои подшоҳ мехариданд, то агар касеро иштиҳои ангуру анҷир, сар дар ин дарбор ниҳад»…» Инчунин боз мегӯянд:

«-Назми дигаре, ки амир Музаффар дар боби вилоятдорӣ ниҳод, рақси бачагон ва қавлу ғазали масхарабозон ва дорбозии эшон буд, ки дар тамоми солу фасул ин шева дар ҳамаи қаламрав ҷорӣ буд ва шабу рӯз овози нойу дуҳул аз ҳама ҷо баланд буд, то халқ гумон кунад, ки ҳама ҷо орамидааст.»

Назари Аҳмади Дониш ба амир Абдулаҳад низ хеле бад аст. Ин амир ягон беҳбудӣ барои кишвар накард,-« мегӯяд муаллиф.

Дар хотимаи рисола бошад, Аҳмади Дониш оид ба заволёбии аморати Бухоро сухан ронда -«Осмон бар сари инҳо фуруд ояд!» – мегӯяд. Ин аз як тараф, аз рӯи муоинаи ситораҳо бошад, аз тарафи дигар, Дониш хобҳои дидаи дӯстонашро низ чунин таъбир мекунад, ки натиҷаи аз осмон рехтани ситораҳо, танҳо монанди шер, пора – пора гардидани ӯ аз аз дасти даррандагони дигар ва ғайри ба ин гувоҳ мебошад.

Бояд гуфт, ки асари Аҳмади Бониш, ҳамчунон ки аз унвони он пайдост, яъне «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғиятия» таърихӣ-адабӣ буда, дар афкори адабии тоҷик мақоми арзанда дорад. Аз сабаби он ки таърихи асри муаллиф аст, ҷанбаи бисёр қавии публитсистӣ низ гирифтааст. Вале он на публитсистика, балки асари таърихист, ки аз ҷониби адиби нависанда ва шоир рӯи кор омадааст. Дар рисолаи мазкур Аҳмади Дониш давлатдорони кишварашро бо усули пешгирифтаи давлатдориашон тасвир менамояд. Мушоҳидаҳои худро ошкору пинҳонӣ баён мекунад. Таваҷҷӯҳ танҳо ба амир Шоҳмурод дорад. Амирони дигари манғитро хеле сахт накӯҳиш мекунад.

Дар муқобили амир Шоҳмурод ҳамон амирони дигари ин сулола меистанд. Масалан, амир Музаффар ва сари қудрат омадани ӯро сабаби бадбахтӣ барои ҷомеъа медонад. Зеро ӯ дар фикри беҳдошти кори мардум нест. Ӯ қудратро воситаи беҳтарини хушгузаронии умр меҳисобад. Аз ин рӯ, ҳолати кишварро басо табоҳ намуда, халқу мамлакатро ба вартаи ҳалокат расонида буд. Аз ҷумла, системаи тамоман вайрон ва бенизоми идораи давлат ва ҳокимияти амир, ахлоқи разилаи аъёну ашроф ва дигар табақаи ҳукмрон, бехирадӣ ва бетадбирӣ, кӯтоҳназарӣ ва беандешагии нахуствазири Бухоро, ахлоқи паст ва хислатҳои манфии худи амир кишварро ба гирдоби ҳалокатбор андохта буд.

Умуман, хизмати таърихии Аҳмади Дониш дар он аст, ки ӯ мероси адабӣ-илмӣ ва таърихии миллиро басо амиқу дақиқ омӯхта, ҳамчун таълимдиҳандаи мадраса ва фарди аз таърихи ислом огоҳ рӯ ба эҷод овардааст. Хусусан, таъсири «Бадоеъ-ул-вақоеъ» аз осори мансури бадеӣ дар эҷодиёти Аҳмади Дониш хеле фаровон ҳис карда мешавад.

Аз тарафи дигар, се сафари ӯ ба Россия – ба олами Ғарб, шиносоии мутафаккир ба симоҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, илмӣ, фарҳангӣ, адабӣ, инқилобӣ ва дигарон роҳи зеҳнии ӯро ба тафаккури нав муҳокимарониву натиҷагирии дигар равшан намуд. Ин аст, ки тозакориҳои мутафаккир низ дар ҳамин замина зуҳур кардааст. Ҳамин инқилоби фикрӣ, ҷунбиши зеҳнӣ, ғановати ақлонӣ ӯро водор намудааст, ки тарҳафкани ҷараёни нави мафкуравӣ дар таърихи адабиёту фарҳанг эътироф гардад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …