Главная / Ҷамъият / Барои чи одам ошиқ мешавад – сабаб!

Барои чи одам ошиқ мешавад – сабаб!

Сабаби ошиқ шудани одам дар он аст, ки Худованд ба ҳар нафар одами дар рӯи дунё мисли дигар махлуқот нафс додааст ва яке аз намуди ин нафс ин ниёз доштан ба шуғли алоқаи ҷинсӣ тавасути узвҳои ҷинсӣ мебошад.

Ошиқӣ ин хусусияту хоҳиши баланд барои қонеъ кардани талаботи худ бо роҳи интихоби объекти мувофиқӯ писанд мебошад. Яъне одам одатан ба он нафаре ошиқ мешавад, ки табиат, бадан ва узвҳои он ба ӯ маъқул шавад.

odam-oshiq

Сабаби маъқул шудан дар як чанд унсурҳо метавонад таҷассум гардад:

  1. Ҳусни тозаву зебо;
  2. Буйи хуш
  3. Қомату бадани расо;
  4. Тарзи гаштан
  5. Овозу сухангӯӣ – маҳин, бо ноз, бурро ва ғайра
  6. Тарзи либоспушӣ
  7. Дониш
  8. Ҳунармандӣ
  9. Рафтор
  10. Чусту чолокӣ

Одатан одамон ба нафари дигар барои ҳусни зебо ошиқ мешаванд вале дигар сабабҳо (Ба ғайр аз дӯстӣ) чандон таъсиррасон нестанд.

Ошиқи ҳолати шайдо ва маст будан ба касест, ки ҳолати бениҳоят вазнин мебошад ва агар маъшуқ ба у хиёнату дуруғгӯӣ дар муҳаббати худ амал намояд пас дар ниҳояти кор то ба куштори якдигар метавонад оварда расонад.

Аз ҳама намуди беҳтарини ошиқӣ агар он дар заминаи дӯстӣ пайдо шуда бошад хеле мустаҳакам, хуб ва дурудароз мешавад, чунки ошиқон якдигарро дар ҳаёти худ эҳтиром менамоянд ва хуб якдигарро дарк менамоянд.

Ошиқ шудани одам ин маҳқул будани дигар одам дар сатҳи ниҳоят баланд аст. Бе ошиқ шудан ҳам зиндагии оиладорӣ пайдо кардан мумкин аст. Ошиқӣ ин мастии ҷинси мард ва зан аст ва дар ҳолатҳои ҷудогона метавонад ду ҷинси якхела ҳам ба якдигар муҳаббати ошиқӣ намоянд вале аз нигоҳҳӣ фарҳангӣ аксари ҷамъияти ин пазируфта намешавад ва аз нигоҳи дини Ислом низ иҷозат дода нашудааст.

Ошиқии зану мард хуб аст ва дар ин ҳолат бунёду зиндагӣ кардани оила хеле хуш аст вале доимо зери хавф, тааҷуб ва рашк қарор дорад. Дар зиндагии оиладорӣ мушкилиҳо зиёд мешаванд ва дар ҳолати вазнинӣ бо сабабҳои хоҷагидории оилави баҳсу муноқишаҳо зиёд мешаванд ва дар натиҷа ҷанҷолҳо пайдо шуда оҳиста оҳиста сатҳи ошиқиро паст мекунанд.

Агар мард ба ҳусни зебои зан дил баста ошиқ шуда бошаду бо мурури замон занаш ҳуснашро аз даст диҳад пас муҳаббати мард кам шуда ба дигар зан метавонад биравад. Барои ҳамин ҳам ошиқӣ ҳолати ҷовидонӣ нест ва танҳо турнаҳои ошиқию оиладории ҷовидонаро доранду вале одамон не.

 

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …