Главная / Anvar (страница 80)

Anvar

darksider_5@mail.ru

КАУК

kauk

КАУК, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳ. Шуғнон. Дар соҳ. чапи д. Ғунд, 150 км шимолу шарқтар аз ш. Хоруғ ҷойгир аст. Баландиаш аз с. б. 4200 м. Дебиташ 3 – 4 л/сон. Оби чашма ба воситаи якчанд пармачоҳ мебарояд. Ҳарор. обаш аз +71 то +760С. Дар таркиби оби чашма …

Муфассал »

КАФИДАГИИ МАҚЪАД

kafidani-makad

КАФИДАГИИ МАҚЪАД, бемориест, ки бо нуқси луобпардаи мақъад падид омада, бо дард ва хуншорӣ ҷараён мегирад. Сабаби К. м. бо душворӣ қазои ҳоҷат кардан, таваллуди вазнин ва диг. омилҳо мебошанд. Ба пайдоиши К. м. илтиҳоби луобпардаи рӯдаи рост ва мақъад (проктит, криптит, папиллит) ва бавосир мусоидат менамоянд. Ҳангоми К. м. …

Муфассал »

КАФИДАГИИ ПИСТОН

kafidani-piston

КАФИДАГИИ ПИСТОН, як навъ иллати пистон, ки дар рӯзу моҳҳои аввали сина макондан ба вуҷуд меояд. Дар байни омилҳое, ки муҷиби К. п. мешаванд, хусусиятҳои пистонҳо, зуд озурда шудани пӯст, суст будани ангезиши асаби мушакҳои пистон ва риоя накардани қоидаҳои беҳдошт мақоми асосӣ доранд. Ҷойҳои кафидаи пистон метавонанд сершумор ва …

Муфассал »

КАФИДАГИИ ПӯСТ ВА ЛУОБПАРДАҲО

kafidani-pust

КАФИДАГИИ ПӯСТ ВА ЛУОБПАРДАҲО, як навъ иллати пӯст ва луобпардаҳо, ки дар натиҷаи беҳад таранг шудани онҳо (бинобар хушкидан ва гум кардани қобилияти чандирӣ) ё бемориҳои илтиҳобӣ ба вуҷуд меояд. Бисёр вақт дар ҷои чинҳо – гӯшаи лаб, паси гӯш, кафи дасту пойҳо ба мушоҳида мерасад. К. сатҳӣ ва амиқ …

Муфассал »

КАФШЕРАК

kafsherak

КАФШЕРАК, васла (пайванд)-и лифӣ (фиброзӣ) байни узвҳои ҳамшафат. Сабаби асосии К. илтиҳоб мебошад. Бештар дар ҷавфи шикам, перикард, халтаи банд ба мушоҳида мерасад. Баъзан дар ҷавфи шикам баъди амалиёти ҷарроҳӣ ё дар натиҷаи бемориҳои илтиҳобӣ К.-ҳои сершумор ба вуҷуд меоянд. К. ба фаъолияти мӯътадили узв (рӯда, шуш, дил) халал ворид …

Муфассал »

КАХЕКСИЯ

kaheksiya

КАХЕКСИЯ (юн. kachexia – ҳолати бад, бетобӣ), аз ҳад зиёд хароб шудани организм, ки дар натиҷа фаъолияти физиологӣ ва рӯҳии одам низ тағйир меёбад. Сабаби К. ихтилоли амиқи мубодилаи моддаҳо аст. К. бинобар гуруснагии бардавом, омосҳои саратонӣ, бемории ғадудҳои усораи дохилӣ ва майна, заҳролудии музмин (аз марги муш, сурб, симоб, …

Муфассал »

КАҲҲОЛ УБАЙДУЛЛО

nophoto

КАҲҲОЛ УБАЙДУЛЛО (тахал; номи аслиаш Убайдулло ибни Муҳаммад Юсуф; с. тав. ва ваф. номаълум), олими тиб. Дар а. 16 ба сар бурдааст. ӯ дар асоси асарҳои Ибни Сино, Илоқӣ, Абӯбакри Розӣ, Наҷибуддини Самарқандӣ ва Ҷурҷонӣ, инчунин таҷрибаҳои амалии шахсии худ с. 1598 «Шифоу-л-алил» ном асар таълиф намудааст. Як нусхаи дастхати …

Муфассал »

КАҲЧИМ

kahchim

КАҲЧИМ (Allochrusa paniculata), хасғелак, гиёҳест бисёрсола. Дарозии тиррешааш аз 30 то 70 см. Пояаш борики сершох (25 – 100 см қад мекашад), баргаш нештаршакли бехор (дарозиаш 1 – 3 см), гулаш майдаи сафед ё гулобӣ, тухмаш майдаи сиёҳ. Моҳҳои июн – июл гул карда, ғӯзааш моҳҳои август – октябр мепазад. …

Муфассал »

КАҶАКГУЛ

kachakgul

КАҶАКГУЛ (Scutellaria hissarica), кулоҳгули ҳисорӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 50 см қад мекашад. Пояаш борик, қисми болояш сершохча. Баргаш думчадори байзашакл ё сегӯша. Гулаш сурхи баланд. Май – июн гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар минтақаи бешаи дарахтони паҳнбарг, шахсор ва нишебиҳои серсангу шағали қ-кӯҳи Ҳисору дарвоз …

Муфассал »

Арш: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

arsh

Меъроҷиддини Камол менависад: Бинӣ, ки ба сӯи арш дар парвозӣ, Ë дар бари маҳ нишаста дорӣ бозӣ Таъбири чунин хоб бузургӣ бошад, Ҳам сарвати молу ҷоҳу сарфарозӣ.

Муфассал »