Главная / Илм / КАФИДАГИИ ПӯСТ ВА ЛУОБПАРДАҲО

КАФИДАГИИ ПӯСТ ВА ЛУОБПАРДАҲО

kafidani-pustКАФИДАГИИ ПӯСТ ВА ЛУОБПАРДАҲО, як навъ иллати пӯст ва луобпардаҳо, ки дар натиҷаи беҳад таранг шудани онҳо (бинобар хушкидан ва гум кардани қобилияти чандирӣ) ё бемориҳои илтиҳобӣ ба вуҷуд меояд. Бисёр вақт дар ҷои чинҳо – гӯшаи лаб, паси гӯш, кафи дасту пойҳо ба мушоҳида мерасад.
К. сатҳӣ ва амиқ мешавад. К.-и сатҳӣ дар ҳудуди эпидермис (ё эпителий) ба вуҷуд меояд; аз сатҳи он моеъи зардобмонанд хориҷ мешавад. Чунин тарзи кафидагӣ бидуни карахш бастан шифо меёбад (бештар ҳангоми экзема, нейродермит ва диг. бемориҳои пӯст ба мушоҳида мерасад). Кафидагиҳои амиқ тамоми қабатҳои пӯст ё луобпардаҳоро фаро мегиранд. Онҳо хуншор шуда, дард мекунанд, баъди ба ҳам омадан карахш мебанданд (мас., кафидагиҳои кунҷи лаб ҳангоми сифилиси модарзодии навзодон). Кафидагиҳои амиқи пистон, лаб, мақъад ва ғ. мумкин аст хусусияти музмин касб бикунанд (сабаби он одатан сироят ёфтан аз стафилококкҳо, стрептококкҳо ё занбӯруғҳои бемориовар мебошад).
К. бо доруҳои зиддибактериявӣ ва зиддизанбӯруғӣ, ҳамчунин асемин, ируксол, каротолин, солкосерил ва ғ. муолиҷа карда мешавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

zaminlarza

РАВАНДҲОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

Равандҳои дар литосфера ба амал меомада – Заминларза ва сабабҳои пайдоиши онҳо. Ба мо маълум …