Главная / Илм / КАФИДАГИИ ПИСТОН

КАФИДАГИИ ПИСТОН

kafidani-pistonКАФИДАГИИ ПИСТОН, як навъ иллати пистон, ки дар рӯзу моҳҳои аввали сина макондан ба вуҷуд меояд. Дар байни омилҳое, ки муҷиби К. п. мешаванд, хусусиятҳои пистонҳо, зуд озурда шудани пӯст, суст будани ангезиши асаби мушакҳои пистон ва риоя накардани қоидаҳои беҳдошт мақоми асосӣ доранд. Ҷойҳои кафидаи пистон метавонанд сершумор ва чуқур бошанд, хуншор шаванд. Ҳангоми К. п. дард ба вуҷуд меояд. Он дар вақти сина макондан шиддат ёфта, модар маҷбур мешавад пистонро аз даҳони тифл гирад. Дар сурати бардавом будани ин ҳолат шири сина мегурезад. Бисёр вақт бинобар ба К. п. роҳ ёфтани микробҳо бемории мастит (синадард) рух менамояд. Ҳангоми хурд будани ҷойҳои кафида ба синамаконӣ идома дода, аз давоҳои сӯзонанда – спирт, танин, перманганати калий, маҳлули сабзи бриллиантӣ ва ғ. истифода бурдан лозим аст. Дар сурати хушк будани пистонҳо онҳоро баъди ҳар синамаконӣ шуста, вазелин, ланолин, равғани моҳӣ, марҳами 5%-и метилурасил молидан лозим аст (марҳамро ба болои дока гирифта ба рӯи пистон мегузоранд). Барои муолиҷаи К. п. аз афканишоти ултрабунафш, аэроионотерапия, дарсонвализатсия, эмулсияю марҳамҳои антибиотикӣ истифода мебаранд.
Бо мақсади пешгирии К. п. синаро бо оби гарм ва хунук бе собун шуста, бо ягон матои дурушт оҳиста пок кардан лозим аст. Синабандак бояд аз матои пахтагӣ ё канабӣ бошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …