Главная / Ҷамъият / Аъмоли пас аз марг

Аъмоли пас аз марг

Баъд аз берун шудани рӯҳ аз бадан ҳамаи аъзои майит дуруст карда шавад ва чашмонаш бо молидани ангушт баста ва бо пораи латтае аз зери манаҳ бурда бар болои сараҳ гиреҳ зананд, то даҳонаш боз намонад. Ва ҳар ду ангуштони бузурги пойҳояшро ба ҳамдигар бибанданд ва андомҳояшро ба дароз кашида шавад. Ба шикамаш шамшер ё оҳане гузошта шавад, вале бар шикамаш Қуръони Карим гузошта нашавад. Ва чодаре бар болои майит кашида, дар фикри ғуслу кафан карданӣ ӯ шаванд. Ва дар вақти бастани даҳону дигар аъзои майит ин дуоро бихонанд: «Бисмиллоҳи ва ало миллати расулиллоҳ».

marg-islom

Баъд аз мурдан хонае, ки дар он майит бошад, бо мушку дигар хушбӯиҳо хушбӯй карда шавад. Либосҳояш бадал карда шавад. Нохунҳои мурда ва ҳеҷ мӯйи вай гирифта нашавад. Риши мурдаро тарошидан ва ранг кардан гуноҳи сахт аст. Дандонҳои сунъии майит аз даҳони майит берун карда шавад, агар бидуни ҳараҷ[1] берун карда шавад. Ва занони ҳоизаву нуфасо ва дигар ашхосе, ки эҳтиёҷ бар ғусл доранд, дар назди майит нанишинанд.

Убайдуллоҳ ибни Абӯмалика (раз) гӯяд: Яке аз духтарҳои Усмон (раз) дар Макка фавт кард. Мо ҳам омадем, то дар маросими фавташ ширкат кунем. Ибни Умар (раз) ва Ибни Аббос (раз) ҳам ҳузур доштанд ва ман ҳам дар байни эшон нишаста будам. (ё гуфт[2]: Ман дар канори яке аз он ду нишаста будам, баъдан дуввумӣ омад ва дар канори ман нишаст). Абдуллоҳ ибни Умар (раз) ба Амр писари Ҳазрати Усмон (раз) гуфт:

  • Чаро зану бачаҳоро аз гиря манъ намекунӣ? Ба ҳақиқат Пайғамбар (с) фармуд, ки: «Мурда ба хотири гиряи наздиконаш дар азоб хоҳад буд».

Ибни Аббос (раз) гуфт:

  • Умар (раз) ҳам инро ривоят мекард.

Сипас Ибни Аббос (раз) гуфт:

  • Баъд аз маросими ҳаҷ бо Умар (раз) аз Макка ба Мадина муроҷиат кардем. Вақте ки ба Байдоъ[3] расидем, қофилаеро дидем, ки дар сояи дарахти бузурги самура истироҳат мекарданд. Умар (раз) гуфт:
  • Бираву бибин чӣ касоне ҳастанд.

Рафтам, дидам, ки Суҳайб ибни Синон аст, ба Умар (раз) хабар додам. Гуфт:

  • Бирав, ӯро биёвар.

Рафтаму ба ӯ гуфтам:

  • Биё, бо амиралмуъминин ҳамроҳ бош.

Омад ва то Мадина бо ӯ буд. Вақте ба ҷони Умар (раз) суиқасд шуд, Суҳайб гиря мекарду мегуфт: «Эй вой, бародарам. Эй вой, рафиқамро куштанд». Умар (раз) гуфт:

  • Эй Суҳайб, бар ман гиря мекунӣ? Дар ҳоле ки Пайғамбар (с) фармуд: «Мурда ба хотири миқдоре аз гиряи наздиконаш барои ӯ дар азоб мебошад».

Ибни Аббос (раз) гуфт: Вақте Умар (раз) даргузашт, ин мавзуъро барои Оиша (раз) бозгӯ кардам. Оиша (раз) гуфт:

  • Худо Умар (раз)-ро биёмурзад, қасам ба Худо, Расулуллоҳ (с) инро нагуфта, ки: «Инсони муъмин ба хотири гиряи наздиконаш азоб дода мешавад». Аммо Расули Худо (с) фармуд: «Худованд азоби кофирро ба хотири гиряи наздиконаш барои ӯ бештар менамояд».[4]

Ва Оиша (раз) гуфт:

  • Дар ин маврид Қуръон барои шумо кофист, ки мефармояд: «Ҳеҷ нафсе ба гуноҳи нафси дигаре мавриди муохаза ва савол қарор намегирад».

Он гоҳ Ибни Аббос (раз) гуфт:

  • Худост, ки инсонро ба хандаву гиря дармеоварад. (Яъне, хандаву гиря дар ихтиёри инсон нест. Ва ин гуфтаи Ибни Аббос (раз) таъйиди гуфтаи Ҳазрати Оиша (раз) мебошад).

Ибни Абӯмалика гуфт: Валлоҳ, вақте ки Ибни Аббос (раз) гуфт: «Танҳо Худост, ки инсонро ба хандаву гиря дармеоварад». Ибни Умар (раз) дар ҷавобаш чизе нагуфт.[5]

Расули акрам (с) мефармояд: «Худованд аз бандаи муъмини худ замоне, ки азизтарини дӯстони заминашро аз даст медиҳад ва дар баробари он сабру шикебоӣ аз худ нишон диҳад, ба ҳеҷ подошу ҷазое розӣ намешавад, ки ба ӯ бидиҳад, ҷуз ин ки биҳиштро ба ӯ ато фармояд».[6]

Myғирa (раз) гӯяд: Аз Пайғамбар (с) шунидам, ки фармуд: «Касе, ки барояш навҳа ва гиряву зорӣ шавад, ба василаи ин амали хилоф нороҳат мебошад».[7]

Лозими тавзеҳ аст, ба зоҳир дар байни аҳодисе, ки аз Умар (раз) ва Ибни Умар (раз) ривоят шуда, бо аҳодисе, ки аз Ибни Аббос (раз) ва Ҳазрати Оиша (раз) ривоят гардидааст, ихтилофе мавҷуд аст. Ва ҷумҳури уламо барои рафъи ин ихтилоф мегӯянд: Манзур аз ҳадиси Ҳазрати Умар (раз) ва писараш Абдуллоҳ (раз) ин аст, касоне, ки дар ҳоли ҳаёти худ хонаводаашонро ба гиряву зорӣ ва навҳа барои фавти ашхос одат медиҳанд ва онҳоро аз ин аъмол манъ намекунанд ё монанди одати арабони ҷоҳилият ба онон тавсия мекунанд, ки пас аз маргашон хонаводаи онон маросими гиряву навҳаро барояшон барпо созанд, чунин ашхос, вақте ки бимиранд, ба сабаби гиряи наздиконашон, ки худашон дар замони ҳаёт дар он дахолат доштаанд, азоб дода мешаванд.

Ва Қозӣ Иёз дар тавҷеҳи[8] рафъи ин ихтилоф мегӯяд: Манзур аз ҷумлаи «азоб карда мешавад бо гиряи аҳлаш» дар ҳадиси Умар (раз) ва Ибни Умар (раз) ин аст, ки мурда аз гиряи онҳо хушнуд нест, чун медонад ин гиря ба хотири дилбастагии онон ба дунё мебошад. Ва манзур аз ҷумлаи фавқ он нест, ки мурда ба хотири гиряи наздиконаш азоб дода мешавад, то ин эътироз пеш ояд, ки касе ба хотири гуноҳи дигаре азоб дода намешавад.[9]

Эълон карданӣ мурда равост, то ҳаққи вай адо шавад. Дар масҷид эълон карданӣ ҷаноза ҷоиз аст, зеро ки Пайғамбар (с) эълони подшоҳи Наҷҷошӣ ва шуҳадои ҷанги Мавторо ба масҷид карда буд. Ба фироқи мурда андӯҳгин шудани дил, ашк рехтани чашмон ва калимоти дуруст гуфтан ҷоиз аст, вале ҳар чӣ навҳа кашидан ва калимоти ҷоҳилият гуфтан, либос пора кардан ва cap тарошидан раво нест. Аз барои занҳо ба таъзият нишастан манъ аст. Дар вақти ҳозир будани мурда ҳалво пухтан бидъат аст.

Усома ибни Зайд (раз) гӯяд: Духтаре аз духтарҳои Пайғамбар (с) касеро пеши Пайғамбар (с) фиристод, ки яке аз писарҳояш дар ҳоли марг аст, ба назди мо биёяд. Пайғамбар (с) ба фиристодаи духтараш гуфт:

  • Баргард ва ба ӯ салом бирасон ва бигӯ: «Он чи, ки Худо мехоҳад аз мо бигирад, аз они Ӯст, ҳар чӣ дорем мулки Ӯст ва_барои муддати муайянест. Маргу зиндагӣ ҳарду ба амри Ӯст. Пас бояд ба манзури найл[10] ба подошу савоби Парвардгор сабру шикебоӣ нишон диҳад ва ин бурдбориро аз рафтору аъмоли солеҳ ба ҳисоб оварад».

Духтараш муҷаддадан касеро пеши Пайғамбар (с) фиристод ва қасам хурд, ки ҳатман бояд Пайғамбар (с) ба назди ӯ биравад. Пайғамбар (с) баланд шуд ва Саъд ибни Убода ва Муоз ибни Ҷабал ва Убайя ибни Каъб ва Зайд ибни Собит ва чанд нафари дигар бо ӯ ба назди духтараш рафтанд. Бачаро бардоштанд ва ба Пайғамбар (с) доданд дар ҳоле ки нафаси бача ба шиддат музтариб буд ва ба монанди машки об таккон мехӯрд ва садо медод. Ашк аз чашмони Пайғамбар (с) ҷорӣ шуд. Саъд гуфт:

  • Эй Расули Худо (с), ин ашк чист?

Фармуд:

  • Ин раҳматест, ки Худованд онро дар дили бандагонаш қарор додааст. Худованд танҳо бандагони бораҳму меҳрубонашро мавриди меҳру раҳмат қарор медиҳад.[11]

[1] Бидуни ҳараҷ – ба осонӣ.

[2] Ин ҷо шакки ровии ҳадис аст.

[3] Маҳаллест дар байни Маккаву Мадина.

[4] Сураи Анъом, ояти 164. Ва ҳамчунин дар сураҳои Исро, ояти 15, Фотир, ояти 18 ва Зумар, ояти 7 омадааст.

[5] «Ал-лӯълӯу ва-л-марҷон». Ҷилди аввал. Саҳ. 389.

[6] Ин ҳадисро Имом Насоӣ аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос ривоят кардааст. «Мухтору-л-аҳодис». Саҳ. 184.

[7] «Ал-лӯълӯу ва-л-марҷон». Ҷилди аввал. Саҳ. 392.

[8] Тавҷеҳ – матлаберо хуб тавзеҳ додан ва нек баён кардан.

[9] «Ал-лӯълӯу ва-марҷон». Ҷилди аввал. Саҳ. 392.

[10] Найл – расидан.

[11] «Ал-лӯълӯу ва-л-марҷон». Ҷилди аввал. Саҳ. 358.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …