Главная / Чамъият / Аъмоли пас аз марг

Аъмоли пас аз марг

Баъд аз берун шудани рух аз бадан хамаи аъзои майит дуруст карда шавад ва чашмонаш бо молидани ангушт баста ва бо пораи латтае аз зери манах бурда бар болои сарах гирех зананд, то дахонаш боз намонад. Ва хар ду ангуштони бузурги пойхояшро ба хамдигар бибанданд ва андомхояшро ба дароз кашида шавад. Ба шикамаш шамшер ё охане гузошта шавад, вале бар шикамаш Куръони Карим гузошта нашавад. Ва чодаре бар болои майит кашида, дар фикри гуслу кафан кардани у шаванд. Ва дар вакти бастани дахону дигар аъзои майит ин дуоро бихонанд: «Бисмиллохи ва ало миллати расулиллох».

marg-islom

Баъд аз мурдан хонае, ки дар он майит бошад, бо мушку дигар хушбуихо хушбуй карда шавад. Либосхояш бадал карда шавад. Нохунхои мурда ва хеч муйи вай гирифта нашавад. Риши мурдаро тарошидан ва ранг кардан гунохи сахт аст. Дандонхои сунъии майит аз дахони майит берун карда шавад, агар бидуни харач[1] берун карда шавад. Ва занони хоизаву нуфасо ва дигар ашхосе, ки эхтиёч бар гусл доранд, дар назди майит нанишинанд.

Убайдуллох ибни Абумалика (раз) гуяд: Яке аз духтархои Усмон (раз) дар Макка фавт кард. Мо хам омадем, то дар маросими фавташ ширкат кунем. Ибни Умар (раз) ва Ибни Аббос (раз) хам хузур доштанд ва ман хам дар байни эшон нишаста будам. (ё гуфт[2]: Ман дар канори яке аз он ду нишаста будам, баъдан дуввуми омад ва дар канори ман нишаст). Абдуллох ибни Умар (раз) ба Амр писари Хазрати Усмон (раз) гуфт:

  • Чаро зану бачахоро аз гиря манъ намекуни? Ба хакикат Пайгамбар (с) фармуд, ки: «Мурда ба хотири гиряи наздиконаш дар азоб хохад буд».

Ибни Аббос (раз) гуфт:

  • Умар (раз) хам инро ривоят мекард.

Сипас Ибни Аббос (раз) гуфт:

  • Баъд аз маросими хач бо Умар (раз) аз Макка ба Мадина мурочиат кардем. Вакте ки ба Байдоъ[3] расидем, кофилаеро дидем, ки дар сояи дарахти бузурги самура истирохат мекарданд. Умар (раз) гуфт:
  • Бираву бибин чи касоне хастанд.

Рафтам, дидам, ки Сухайб ибни Синон аст, ба Умар (раз) хабар додам. Гуфт:

  • Бирав, уро биёвар.

Рафтаму ба у гуфтам:

  • Биё, бо амиралмуъминин хамрох бош.

Омад ва то Мадина бо у буд. Вакте ба чони Умар (раз) суикасд шуд, Сухайб гиря мекарду мегуфт: «Эй вой, бародарам. Эй вой, рафикамро куштанд». Умар (раз) гуфт:

  • Эй Сухайб, бар ман гиря мекуни? Дар холе ки Пайгамбар (с) фармуд: «Мурда ба хотири микдоре аз гиряи наздиконаш барои у дар азоб мебошад».

Ибни Аббос (раз) гуфт: Вакте Умар (раз) даргузашт, ин мавзуъро барои Оиша (раз) бозгу кардам. Оиша (раз) гуфт:

  • Худо Умар (раз)-ро биёмурзад, касам ба Худо, Расулуллох (с) инро нагуфта, ки: «Инсони муъмин ба хотири гиряи наздиконаш азоб дода мешавад». Аммо Расули Худо (с) фармуд: «Худованд азоби кофирро ба хотири гиряи наздиконаш барои у бештар менамояд».[4]

Ва Оиша (раз) гуфт:

  • Дар ин маврид Куръон барои шумо кофист, ки мефармояд: «Хеч нафсе ба гунохи нафси дигаре мавриди муохаза ва савол карор намегирад».

Он гох Ибни Аббос (раз) гуфт:

  • Худост, ки инсонро ба хандаву гиря дармеоварад. (Яъне, хандаву гиря дар ихтиёри инсон нест. Ва ин гуфтаи Ибни Аббос (раз) таъйиди гуфтаи Хазрати Оиша (раз) мебошад).

Ибни Абумалика гуфт: Валлох, вакте ки Ибни Аббос (раз) гуфт: «Танхо Худост, ки инсонро ба хандаву гиря дармеоварад». Ибни Умар (раз) дар чавобаш чизе нагуфт.[5]

Расули акрам (с) мефармояд: «Худованд аз бандаи муъмини худ замоне, ки азизтарини дустони заминашро аз даст медихад ва дар баробари он сабру шикебои аз худ нишон дихад, ба хеч подошу чазое рози намешавад, ки ба у бидихад, чуз ин ки бихиштро ба у ато фармояд».[6]

Myгирa (раз) гуяд: Аз Пайгамбар (с) шунидам, ки фармуд: «Касе, ки барояш навха ва гиряву зори шавад, ба василаи ин амали хилоф норохат мебошад».[7]

Лозими тавзех аст, ба зохир дар байни аходисе, ки аз Умар (раз) ва Ибни Умар (раз) ривоят шуда, бо аходисе, ки аз Ибни Аббос (раз) ва Хазрати Оиша (раз) ривоят гардидааст, ихтилофе мавчуд аст. Ва чумхури уламо барои рафъи ин ихтилоф мегуянд: Манзур аз хадиси Хазрати Умар (раз) ва писараш Абдуллох (раз) ин аст, касоне, ки дар холи хаёти худ хонаводаашонро ба гиряву зори ва навха барои фавти ашхос одат медиханд ва онхоро аз ин аъмол манъ намекунанд ё монанди одати арабони чохилият ба онон тавсия мекунанд, ки пас аз маргашон хонаводаи онон маросими гиряву навхаро барояшон барпо созанд, чунин ашхос, вакте ки бимиранд, ба сабаби гиряи наздиконашон, ки худашон дар замони хаёт дар он дахолат доштаанд, азоб дода мешаванд.

Ва Кози Иёз дар тавчехи[8] рафъи ин ихтилоф мегуяд: Манзур аз чумлаи «азоб карда мешавад бо гиряи ахлаш» дар хадиси Умар (раз) ва Ибни Умар (раз) ин аст, ки мурда аз гиряи онхо хушнуд нест, чун медонад ин гиря ба хотири дилбастагии онон ба дунё мебошад. Ва манзур аз чумлаи фавк он нест, ки мурда ба хотири гиряи наздиконаш азоб дода мешавад, то ин эътироз пеш ояд, ки касе ба хотири гунохи дигаре азоб дода намешавад.[9]

Эълон кардани мурда равост, то хакки вай адо шавад. Дар масчид эълон кардани чаноза чоиз аст, зеро ки Пайгамбар (с) эълони подшохи Наччоши ва шухадои чанги Мавторо ба масчид карда буд. Ба фироки мурда андухгин шудани дил, ашк рехтани чашмон ва калимоти дуруст гуфтан чоиз аст, вале хар чи навха кашидан ва калимоти чохилият гуфтан, либос пора кардан ва cap тарошидан раво нест. Аз барои занхо ба таъзият нишастан манъ аст. Дар вакти хозир будани мурда халво пухтан бидъат аст.

Усома ибни Зайд (раз) гуяд: Духтаре аз духтархои Пайгамбар (с) касеро пеши Пайгамбар (с) фиристод, ки яке аз писархояш дар холи марг аст, ба назди мо биёяд. Пайгамбар (с) ба фиристодаи духтараш гуфт:

  • Баргард ва ба у салом бирасон ва бигу: «Он чи, ки Худо мехохад аз мо бигирад, аз они Уст, хар чи дорем мулки Уст ва_барои муддати муайянест. Маргу зиндаги харду ба амри Уст. Пас бояд ба манзури найл[10] ба подошу савоби Парвардгор сабру шикебои нишон дихад ва ин бурдбориро аз рафтору аъмоли солех ба хисоб оварад».

Духтараш мучаддадан касеро пеши Пайгамбар (с) фиристод ва касам хурд, ки хатман бояд Пайгамбар (с) ба назди у биравад. Пайгамбар (с) баланд шуд ва Саъд ибни Убода ва Муоз ибни Чабал ва Убайя ибни Каъб ва Зайд ибни Собит ва чанд нафари дигар бо у ба назди духтараш рафтанд. Бачаро бардоштанд ва ба Пайгамбар (с) доданд дар холе ки нафаси бача ба шиддат музтариб буд ва ба монанди машки об таккон мехурд ва садо медод. Ашк аз чашмони Пайгамбар (с) чори шуд. Саъд гуфт:

  • Эй Расули Худо (с), ин ашк чист?

Фармуд:

  • Ин рахматест, ки Худованд онро дар дили бандагонаш карор додааст. Худованд танхо бандагони борахму мехрубонашро мавриди мехру рахмат карор медихад.[11]

[1] Бидуни харач – ба осони.

[2] Ин чо шакки ровии хадис аст.

[3] Махаллест дар байни Маккаву Мадина.

[4] Сураи Анъом, ояти 164. Ва хамчунин дар сурахои Исро, ояти 15, Фотир, ояти 18 ва Зумар, ояти 7 омадааст.

[5] «Ал-луълуу ва-л-марчон». Чилди аввал. Сах. 389.

[6] Ин хадисро Имом Насои аз Абдуллох ибни Амр ибни Ос ривоят кардааст. «Мухтору-л-аходис». Сах. 184.

[7] «Ал-луълуу ва-л-марчон». Чилди аввал. Сах. 392.

[8] Тавчех – матлаберо хуб тавзех додан ва нек баён кардан.

[9] «Ал-луълуу ва-марчон». Чилди аввал. Сах. 392.

[10] Найл – расидан.

[11] «Ал-луълуу ва-л-марчон». Чилди аввал. Сах. 358.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …