Главная / Биология / Афзоиши нашвии растанихо ба воситаи навда

Афзоиши нашвии растанихо ба воситаи навда

Афзоиши пушидатухмон ё растанихои гулдор бо рохи чинси ва нашви амали мегардад. Афзоиши нашвии растанихои гулдор дар табиат васеъ пахнгар- дида буда, хусусан одамон онро барои афзоиш додани зироатхои кишоварзи ва растанихои ороиши пурмахсул истифода мебаранд. Ба ин максад чунин узвхои нашви — реша, поя ва баргро васеъ ис- тифода мебаранд.

gandumak

Хамин тавр, тавассути узвхои нашви афзун шудани растанихоро афзоиши нашви меноманд. Бисёр растанихои худруй бо афзои- ши тухми, инчунин бо рохи нашви афзоиш меёбанд.

Бисёр усулхои гуногуни афзоиши нашвии растанихои кишта маъ- луманд Щ • Мухимтарини онхо, афзудани растани бо каламча, фаргуч, бо рохи пайванд кардани мугчаву каламча, шинондани лунда, пиёзак ва таксими решапоя мебошад.

Дар растанипарвари бештар усули бо каламча зиёд кардани растани маъмул аст. Каламча чузъи ягон узви нашви мебошад. Сафедор, бед ва дигар растанихо дар мухити сернам ё оби аз навдахои руизаминиашон решахои иловаги пайдо карда, афзун шуда метавонанд. Чунин растанихои хонаги, аз кабили традескансия, гули бегония, садбарг, ёронгул ва хиногул аз каламчаи поя (навда) зиёд мешаванд.

Анчир, ар-ар, сафедор, бед, кот ва баъзе буттаву дарахтони дигарро бо каламчаи поя зиёд мекунанд. Бо ин максад бахори барвакт пеш аз кушода шудани мугчахо каламчахои яксолаи чубшударо, ки 25-30 см дарозй доранд, ба хоки нарму сергизо мешинонанд. Дар каламчахо то тирамох решахои иловаги инкишоф меёбанд. Он гох каламчахоро дар вакти барои шинондан муносиб ба чои доими мекучонанд.

Картошка, ноки заминиро ба туфайли лундахояшон афзо- иш медиханд. Дар холати кам будани лундахои тухми, картошкаро ба туфайли чашмакмугча ва нешхояш афзоиш додан мумкин аст.Бопиёзак бошад, сир, лола, наргис, занбак ва гайрахоро афзоиш медиханд. Якто пиёзаки онхо метавонад якчанд мугчапиёзак (“пиёзакнасл”) хосил кунад.Усули бо фаргуч зиёд кардани растанихо гуногун аст. Усули аз хама осонаш (кулаяш) дар фасли бахор навдаи наврасро ба замин хам мекунанд, то ки кисми мобайнии навда ба замин ра- сад. Сипас, дар кисми поёнии навда, поёнтар аз мугча, пустлохро бурида чои буридаи навдаро ба замин чафс карда, ба болояш хок мепушонанд.

Нуги навдаро ба боло рост карда ба чуби такягох мебанданд. Дар чои буридаи пустлох тирамох ре- шахои иловаги месабзанд. Он гох навдаро аз бутта ё дарахти наврас чудо карда ба чои доими мешинонанд. Кот, бектошй, анчир, анор ва баъзе растанихои дигарро бо усули фаргуч зиёд мекунанд Я.

Баъзе растанихо, масалан, шахтути замини метавонад тавассути пояи хазандааш (танобак), ки тобистон дар растании модари инкишоф меёбад, афзоиш кунад. Аз банди ин гуна танобакхои ба замин пахнгардида решахои иловаги ва навдахои рост месабзанд .

Чунин алафхои бегонаи гузаро (ашадди) — гумой, ачирик, буймодарон ва гайрахо ба туфайли решапояашон афзоиш мекунанд, Решапояи мустахками ин растанихо ба магзи хок даромада, бо суръати тез афзоиш карда, дар киштзор васеъ пахн мешаванд. Хатто баъди якчанд рузи хишова аз чузъхои решапояи дар дохили хок мондаи, масалан, гумой аз сари нав навдахои нав сабзида мебаро- яд. Барои тамоман нест кардани гумой тамоми решапояи онро аз замин канда партофтан лозим аст.

Дар шароити табии афзоиши растанихо борохи пайванд нихоят кам вомехурад. Лекин дар богдори усули пайвандкуниро аз замонхои кадим то инчониб исгифода мебаранд. Чунин дарахтони мевагиро, аз кабили себ, муруд, нок, олу, гелос, олуболу, зардолу, тут ва гайрахоро бо рохи пайванд зиёд мекунанд. Барои ин мугча- чашмак ё каламчаи дарахти пайвандшавандаро ба танаи нихоли хасак (такпайванд) мепайванданд. Нихоли хасак ё такпайвандро ба таври махсус интихоб мекунанд. Вай бояд решахои нагз инкишофёфта дошта, нисбат ба сармо ва хушки тобовар ва ба хоки сер- гизо камэхтиёч бошад. Нихоли хасак аз донак (тухм)-и дарахтони мева сабзонида мешавад. Мугчачашмак ё каламчаи растании киш- таро, ки барои пайванд кардан гирифтаанд пайванддуст (пай- вандшаванда) меноманд. Нихоли хасакеро, ки ба он пайванд мекунанд, такпайванд мегуянд.

Каламчапайванд ва мугчапайвандро дар мавсими ширадав, вакте ки мугчахои пайвандуст холо ба сабзиш шуруъ накардаанд, ме- гузаронанд. Барои каламчапайванд каламчахои пайванддустро ба танаи пайвандак бо усулхои маъмул мепайванданд Я. Барои бо муваффакият анчом ёфтани пайванд бояд камбияи пайвандуст ба камбияи пайвандак нафисона чафс баста шавад.
Барои мугчапайванд навдаи яксолаи дарахти меваро истифода мебаранд . Аввало пахнаки баргхои онро канда, факат думча- ашро боки мемонанд. Пустлохи бехи танаи нихоли хасак (такпай- ванд)-ро бо качкорди тез ба шакли Т чок мекунанд. Баъд пустлохи буридашударо эхтиёткорона аз тана ковок (чудо) карда, аз навдаи навъи пайвандуст мугчаи хеле хуб инкишофёфтаро бо хамрохии буридаи тунуку нафиси чубаш (дарозиаш 2-2,5 см) гирифта, ба зери чоки пустлохи такпайванд дохил мекунанд. Бо лиф чои пайвандро махкам мепечонанд, тавре ки мугча аз лиф берун монад.

Агар пайванд аз руи коида гузаронда шуда бошад, баъди 2-3 хафта пайвандтак бо пайвандуст пайваст мешавад. Бахори соли оянда аз мугчаи пайванди’ навда месабзад. Чун коида, танаи (пояи) нихоли хасакро болотар аз чои пайванд буридан лозим аст. Баъди 2-3 сол нихоли пайвандшуда ба навнихоли навъи интихобшудаи меваи боги табдил меёбад. Онро ба чои дилхох кучат кардан мумкин аст.

  1. Кадом усулхои афзоиши навдахои руизаминиро медонед?
  2. Каламча чист?
  3. Бо усули фаргуч кадом растанихоро афзоиш додан мумкин аст?
  4. Кадом растанихо тавассути решапоя, лунда ва пиёзак зиёд карда мешаванд?
  5. Пайванд чист?
  6. Нихоли хасак бояд чи гуна хусусиятхо дошта бошад?
  7. Каламчапайванд аз мугчапайванд чи фарк дорад?
  8. Афзоиши нашви дар табиат ва хаёти инсон чи ахамият дорад?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори …