Главная / Гуногун / Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан:

«Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту».

Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз моҳи шарифи рамазон ният кардам.

Нияти дигари рӯза гирифтан:

«Навайту ан асума савма шаҳра рамазона мина-л-фаҷри ила-л-мағриби холисан лиллоҳи таоло».

Тарҷума: Ният кардам рӯзаи моҳи шарифи рамазонро аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб, фақат аз барои Худои таоло.

Нияти рӯза кушодан:

«Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқика афтарту».

Тарҷума: Парвардгоро, аз барои Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту таваккал кардам ва ба ризқи додаӣ Ту ифтор кардам.

Рӯза доштам ба номат,

Кушодам ба фармонат.

 

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …