Моддаи 44-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Рад кардани тарчумон
- Тарчумон хангоми мавчуд будани асосхои дар кисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида, хамчунин дар холате, ки бесалохиятии у ошкор мегардад, дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури иштирок карда наметавонад.
- Хангоми мавчуд будани ин асосхо шахси ба чавобгарии маъмури кашидашаванда, намояндаи конунии у, химоятгар, инчунин чабрдида ва намояндагони у нисбат ба тарчумон раддия арз карда метавонанд.
- Дар холати ошкор гардидани бесалохиятии тарчумон шохиде, ки нишондодашро тарчумон тарчума кардааст, нисбат ба у раддия арз карда метавонад.
- Каблан ба сифати тарчумон иштирок кардани шахс дар парванда барои рад кардани у асос шуда наметавонад.
- Масъалаи рад кардани тарчумон хангоми пешбурди парванда мутаносибан аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) ё прокурор, дар мурофиаи суди аз чониби суд ё судяе, ки парвандаро барраси мекунад, хал карда мешавад.