Рад кардани тарҷумон
16.04.2018
70 Показы
Моддаи 44-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Рад кардани тарҷумон

- Тарҷумон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар қисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида, ҳамчунин дар ҳолате, ки бесалоҳиятии ӯ ошкор мегардад, дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок карда наметавонад.
- Ҳангоми мавҷуд будани ин асосҳо шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, намояндаи қонунии ӯ, ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида ва намояндагони ӯ нисбат ба тарҷумон раддия арз карда метавонанд.
- Дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии тарҷумон шоҳиде, ки нишондодашро тарҷумон тарҷума кардааст, нисбат ба ӯ раддия арз карда метавонад.
- Қаблан ба сифати тарҷумон иштирок кардани шахс дар парванда барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад.
- Масъалаи рад кардани тарҷумон ҳангоми пешбурди парванда мутаносибан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ё прокурор, дар мурофиаи судӣ аз ҷониби суд ё судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳал карда мешавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-16
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …