Моддаи 20-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Холатхое, ки пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро истисно менамоянд
Дар холатхои зерин пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури огоз карда намешавад ё пешбурди парвандахои огозгардида катъ карда мешавад:
– набудани ходисаи хукуквайронкунии маъмури;
– набудани аломатхои таркиби хукуквайронкунии маъмури, аз чумла дар лахзаи содир намудани кирдори (амал ё беамалии) зиддихукуки ба синни ба чавобгарии маъмури кашидан, ки Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, нарасидани шахси вокеи ё номукаллафии шахси вокеие, ки чунин кирдорро содир намудааст;
– дар холати зарурати нихои содир шудани кирдори (амал ё беамалии) шахс;
– кабул шудани санади авф, ки он татбики чазои маъмуриро бартараф менамояд;
– аз эътибор сокит донистани конуне, ки чавобгарии маъмуриро мукаррар намудааст;
– гузаштани мухлати ба чавобгарии маъмури кашидан;
– доир ба хамон як кирдори (амал ё беамалии) зиддихукуки аз чониби шахсе, ки нисбати у пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури анчом дода мешавад, мавчуд будани карори судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) дар бораи таъин намудани чазои маъмури ё карори катъ кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ё карор дар бораи огози парвандаи чинояти;
– фавти шахси вокеи ё шахси мансабдори хукуквайронкунии маъмури содирнамуда;
– бархам хурдани шахси хукуки.